Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посбони мулкӣ, ҷойгузини полиси Қирғизистон?


“Патриот”, дастаи худмуҳофизатии сокинони Қирғизистон ҳифозати бинои парлумон, ҳукумати марказӣ, шаҳрдорӣ, бонкҳо, бозори марказӣ, марказҳои тиҷоратӣ ва истгоҳҳои асосии автобусҳоро дарсаросари кишвар таҳти ҳимояти худ қарор додааст.

АЗ СОҲИБКОРӢ ТО САРДОРИ МИЛИСАИ ХУДМУҲОФИЗАТӢ

Ҳамагӣ ду моҳ қабл Дониёр Тербешалиев, соҳиби як ширкати хусусӣ дар маркази шаҳри Бишкек буд. Ӯ ҳатто тасаввур карда наметавонист, ки таҳаввулоти ахир рӯзу рӯзгорашро куллан таъғир медиҳад.

Тербешалиев имрӯз раҳбари гурӯҳи “Патриот” аст, гурӯҳе, ки ба он сокинони махаллӣ шомиланд ва аз шурӯъи бесуботиҳои Қирғизистон дар аввалҳои моҳи апрел амнияти биноҳои давлатӣ, ширкатҳо ва манозили зистро таъмин мекунад.

Сокинони маҳаллӣ аз нокомии полис барои таъмини амният дилсард шуда, барои дифоъи худ ва моликияташон дастаи ҳифозатӣ ташкил додаанд.

Тербешалиев мегӯяд, ки онҳо дар аввал танҳо манзилҳои худро дифоъ мекарданд ва аммо ҳоло биноҳои парлумон, ҳукумати марказӣ, шаҳрдорӣ, бонкҳо, бозори марказӣ, марказҳои тиҷоратӣ ва истгоҳҳои асосии автобусҳо низ тахти химояти онхост.

Гуруҳи “Патриот” дар истиқрори субот дар деҳаи Маевка вокеъ дар канори Бишкек дар рӯзи 19 апрел нақши фаъол бозид. Он замон имкон дошт, ки ошубҳои Маёвка ба хушунатҳои қавмӣ бипечад.

Тербешалиев мегуяд: “Мо ҳамроҳ бо вазорати умури дохилӣ кор мекунем. Мо ба онҳо ёрӣ медиҳем. Дар воқеъ, посбонони мулкӣ ёварони полис мебошанд. Гурӯҳамон аз зану мард, ҷавонону пиронсолон иборат аст. Ҳамаи онҳо худро патриот, яъне ватанпараст меноманд. Онҳо бо хости худ омада ба мо ҳароҳ шуданд ва дар таъмини амният ва дифоъ аз субот ширкат мекунанд”

ПОСБОНОНИ МУЛКӢ АЗ КАНД ТО ӮШ

Посбонони мулкӣ дар минтақаҳои мухталиф фаъолият доранд, аз Тоқмоқ ва Кант дар шимол, то ба Ҷалолободу Ӯш дар ҷануби кишвар.

Ҷанарбек Оқоев, хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар шаҳри Ӯш мегӯяд, ки дар қиёс бо кормандони полис мардум ба гурӯҳи “патриот” эътиқод доранд. Вай меафзояд, ки ҳузури онҳо барои мардум бисёр муҳим аст, зеро ин гурӯҳ ба ҳеҷ кас иҷозат намедиҳад аз вазъи ноором сӯистифода бурда ба хонаҳои мардум ҳамла оварад ва сокинонро озор диҳад.

Ӯ гуфт, ки зимни эътирозҳои ҳафтаи гузашта дар ҷануби кишвар кормандони полис дахолат накарда ҳаводисро аз дур тамошо мекарданд. Дар натиҷаи ин беназмиҳо ду нафар кушта шуданд ва тарафдорони раисиҷумҳури барканоршуда Боқиев ба муддати кӯтоҳ биноҳои ҳукуматй дар шаҳрҳои Ҷалолобод, Ӯш ва Боткандро зери идораи худ дароварданд.

Мардум кормандони полисро дар он муттаҳам намуданд, ки онҳо манфиатҳои пешвоёни сиёсиро ҳимоят мекунанд, аммо ба ҳоли сокинон ва амнияти онҳо беэътиноӣ зоҳир мекунанд.

Ҳукумати муваққатӣ ваъда дод, ки дар сохторҳои полис ислоҳот анҷом медиҳад ва муқобили фасод дар сафи кормандони он мубориза хоҳад кард.

"ПОСБОНИ МУЛКӢ - ЭЪТИРОЗИ МАРДУМ АЛАЙҲИ ПОЛИС"

Эмил Каптагаев, сардори дафтари ҳукумати муваққат гуфт, ки посбонҳои мулкӣ аз ҷониби давлат сармоягузорӣ намешаванд, аммо ҳукумат онҳоро ҷонибдорӣ намуда, аҳамияташонро эътироф мекунад:

“Ин як навъ вокуниши мардум алайҳи полис ва дигар нерӯҳои интизомӣ баъд аз ҳодисаҳои 7 апрел аст. Бидуни шубҳа чунин посбонон заруранд.”

Посбонони мулкӣ мегӯянд, ки онҳо аз ҷониби мардуми одӣ ва ширкатҳои хусусӣ сармоягузорӣ мешаванд. Тербешалиев таъкид намуд, ки онҳо ба сиёсат дахолат ва дар муборизаҳои сиёсӣ аз ягон неру ҷонибдорӣ намекунанд. Аммо дар Қирғизистон на ҳама аз таьсиси чунин нерӯи ғайрирасмии амниятӣ хушнуданд.

Динора Ошурохунова, ҳомии ҳуқуқи башар мегуяд, баъзеҳо шикоят мекунанд, ки ба сафи посбонони мулкӣ баъзе афроди ҷиноятпеша шомил шудаанд.

Мақсад Ҷолдосбеков, узви гурӯхи посбонҳои мулкии Бишкек мегӯяд, онхо замоне пароканда хоханд шуд, ки ҳукумат тавони таъмини амнияти мардумро дошта бошад.

XS
SM
MD
LG