Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкатҳо ва афроди содиркунандаи пӯсти чорвои калону хурд аз Тоҷикистон мегӯянд, бештар аз як моҳ аст, ки натавонистаанд моли худро ба хориҷ интиқол диҳанд.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфтааст, “ин ширкатҳо бидуни иҷозаи Вазорати энержӣ ва саноат ҳаққи содироти пӯстро нахоҳанд дошт.”

Барои корхонаҳои худӣ, вале...


Гулчеҳра Сангинова, масъули раёсати саноати сабуки Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба “Озодӣ” гуфт, барои ин ки корхонаҳои коркарди пӯст дар кишвар фаъол ва бо маводи хом таъмин бошанд, содироти ин навъи маҳсулот ба кишварҳои хориҷӣ мамнӯъ шудааст. Хонум Сангинова гуфт, ва аммо содироти пашм озод аст.

Дар ҳоле ки масъулони ширкатҳои содиркунандаи пӯсти чорво дар Тоҷикистон мегӯянд, ки дар як моҳ ҳудудан то 120 ҳазор пӯсти ҳайвони калону хурдро ҷамъоварӣ мекунанд, корхонаҳои дохилӣ дар ин муддат танҳо тавони коркарди аз 10 то 12 ҳазор пӯсти чорвои кӯчакро доштаанду халос.

Маҳмудҷон Самиев, масъули ширкати “Интерфюр” - ширкати дохилӣ барои коркарди пӯсти чорво, мегӯяд, онҳо натанҳо иқтидори коркарди пӯсти бештарро надоранд, балки барои ранг задани ин пӯстҳо ба ворид кардани маводди кимиёвӣ аз хориҷ эҳтиёҷ доранд, ки бо пардохти маблағи ҳангуфте тамом мешавад.

Се ширкат, се доллар...

Бар изофаи ин, Карим Раҷабов, масъули ширкати “Саманд Трейд”, ки солҳо ба ҷамъоварӣ ва фурӯши пӯсти ҳайвонот машғул будааст, мегӯяд, ки агар онҳо як пӯсти говро ба ширкатҳои хориҷӣ ба қиммати аз 7 то 10 доллар фурӯшанд, корхонаҳои Тоҷикистон онро тақрибан ба 3 доллар харидорӣ мекунанд, ки фоидаеро дар пай надоштааст.

Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон се ширкати коркарди пӯст мавҷуд будааст, ки як қисми онҳо фаъол буда, қисми дигарашон муддатҳост кор накарда, занг хӯрдаанд. Бо ин ҳол, аз корхонаҳое ба номи “Кӯҳандӯз”, “Интерфюр” ва фабрикае дар ноҳияи Данғара ном бурда мешавад, ки ба коркарди пусти чорво машгуланд.

Карим Раҷабов, масъули ширкати “Саманд трейд”, мегӯяд, ҳоло сӣ нафар аз кормандони ширкати онҳо бе ҷойи кор монда, сарнавишти маҳсулоте, ки онҳо бо маблағи худ харидорӣ кардаанд, номаълум боқӣ мондааст. Ҷаноби Раҷабов мегӯяд, бархе аз кормандони онҳо маҳсулоти худро ба ширкати коркарди пӯст дар Тоҷикистон – ширкати “Кӯҳандӯз” супоридаанд, вале се моҳ боз натавонистаанд, ки маблағи худро бигиранд.

Набуди фанновариҳо

Ҷаноби Раҷабов, бар илова, мегӯяд, 70 дарсади маҳсулоташон навъи севуму чорум аст ва ҳангоми коркард дар дохил ин 70 дарсад партофта мешавад.

Файзалӣ Розиқов, яке аз содиркунадагони пӯст аз Тоҷикистон, низ тасмими мақомот барои коркарди пӯст дар дохили кишварро ба манфиат намедонад. Зеро, мегӯяд ӯ, дар Тоҷикистон корхонаҳои истеҳсоли чарм фаъол нестанд ва корхонаҳои коркарди пӯст бошад, фақат бо тоза кардани пашми он иктифо варзида, пӯстро боз ба хориҷ мефиристанд.

Ҷаноби Розиқов мегӯяд, корхонаҳои маҳаллӣ фанновариҳои лозимаро надоранд ва ин дар ҳоле ки дар хориҷа як пӯсти говро аз ду то се қабат мебуранд.

Кӣ бизнеси Покистон, Туркия ва Чинро мегирад?

То ин вақт пӯсти чорвои майдаву калони Тоҷикистонро ширкатҳо ва афроди алоҳида аксаран ба кишварҳои Туркия ва Чин мефиристодаанд. Гуфта мешавад, пеш аз бӯҳрони молиявӣ Покистон яке аз харидорони аслии пӯсти Тоҷикистон ба ҳисоб мерафтааст.

Вале ҳоло тасмими вазорати саноат ва энержӣ суолеро дар зеҳнҳо пайдо кардааст, ки ин дафъа кӣ мехоҳад ин бахши тиҷорати сердаромадро аз худ кунад?

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG