Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Қазоқистон бо ворид кардани тағйирот ба ду қонуни конститутсионӣ мақоми раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоевро ҳамчун “пешвои миллат” эълон дошта, масунияти умрбоди ӯ ва аҳли хонаводааш аз ҳар навъ таъқибу боздошт ва муҳокимаро дигарбора таъйид кард.

Ин дар ҳолест ки Назарбоев дар 10 соли қабл низ ба ҳайси раисиҷумҳури нахустини Қазоқистон алакай чунин имтиёзҳоро соҳиб шуда буд.

Пас далели бозгашти дигарбора ба ин масъала дар Қазоқистон ва он ҳам ҳамагӣ як моҳ баъд аз ошӯбҳои Қирғизистон, ки мунҷар ба суқути раиси он ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиев шуд, чӣ буд ва оё Қазоқистон дар роҳи эҷоди раёсати умрбоди оқои Назарбоев боз як қадами дигар мегузорад ё чӣ?

ТӮҲФА БА ЗОДРӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ?

Таъйиди дигарбораи мақоми “пешвои миллат” ва масунияти модомулумр барои Нурсултон Назарбоев дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳамагӣ 20 рӯз қабл аз замони нишастани ӯ ба курсии раёсатҷумҳурии Қирғизистон 20 сол пур шуд ва дар моҳи июли соли ҷорӣ оқои Назарбоев ба синни 70 хоҳад расид.

Мухолифини қазоқ тасмими вакилонро ҳатто шӯхиомез тӯҳфаи парлумон ба зодрӯзи президент мехонанд. Вале Ҳамзабек Жолшибеков, вакили парлумони Қазоқистон аз ҳизби ҳокими Нур-Отан мегӯяд, ончӣ парлумон пазируфт, сирф мунъакискунандаи хостҳои мардум аст: “Фикр намекунем, ки ин чизи наве бошад. Мо фақат назари мардумро ба эътибор гирифтем, ки маҳз Назарбоевро мубтакир ва меъмори тағйироте мешиносанд, ки кишварро ба шукуфоӣ расонд. Бо шарофати президент Назарбоев мо ба мақоми раиси давраии САҲА расидем ва соли оянда раёсати Созмони Конфаронси кишварҳои исломиро бар дӯш хоҳем гирифт ва ҳам аз шарофати ӯст, ки Қазоқистон ба як кишвари маъруф ва мӯътабар дар саросари олам табдил ёфтааст.”

Аммо суоли дигар ин аст, ки пешвои миллат эълон шудани Нурсултон Назарбоев ташаббуси кӣ буд? Аз вакилони порлумон?

ИБТИКОР АЗ БОЛО БУД

Ҳарду маҷлиси парлумони Қазоқистон иборат аз танҳо намояндагони ҳизби ҳокими Нур-Отан аст ва Серикболсин Абдилдин, раҳбари феълан бознишастаи ҳизби коммунисти Қазоқистон мегӯяд, ироаи мақоми пешвоӣ ба Нурсултон Назарбоев ибтикори худи ин парлумони, ба бовари ӯ, “кисагӣ” - набуд, балки яқинан аз сутуҳи хеле баландтари давлат ва шояд аз сӯи худи президент бархостааст: "Дар Қазоқистон тамоми умур дар дасти як нафар аст ва парлумон ҳам моли ӯст. Аз ин рӯ, баъид аст, ки вакилон бидуни дастури раисиҷумҳур даст ба чунин ибтикор зананд. Ғолибан, ё худи Назарбоев ваё касе аз маъмурияти ӯ ба аъзои парлумон ишора кардааст, ки ӯро пешвои миллат эълон карданд.”

МАҚОМИ ПЕШВОӢ ЧӢ ДОРАД?

Бар асоси тағйироти ворида, ки бояд аз сӯи худи Нурсултон Назарбоев ҳам тасвиб шавад, ӯ ба унвони раисиҷумҳури нахустин ҳатто баъди рафтанаш аз мақом ҳамроҳ бо аъзои хонаводааш ҳаққи масуният аз ҳар навъ таъқибу муҳокимаро хоҳад дошт. Моликияти марбут ба ӯву пайвандонаш низ таҳти чунин ҳимоят қарор гирифта, касе ҳаққи ҳатто бозпурсӣ ва таҳқиқи амалкардҳои ӯ дар давраи раҳбариашро нахоҳад дошт. Ҳар навъ амали сӯъиқасд ба ҷони Назарбоев низ ҳамсанги амали терроризм шинохта шуда, то 20 соли зиндон муҷозот хоҳад шуд. Таҳқир ба шахс ва ҳатто ба тасвири Назарбоев ҳам аз 10 рӯзи корҳои иҷборӣ то 3 соли зиндон муҷозот хоҳад дошт.

Ба эътиқоди Серикболсин Абдилдин, эъмоли батакрори замонатҳое, ки Назарбоев ҳамчун раисиҷумҳури нахустин алакай дошт, ҳокист, ки ӯ нигарони ояндаи худу фарзандонаш ҳаст. Дастикам ду духтари ӯ - Динора ва Дориға - дар майдони тиҷорати Қазоқистон ҳузури хеле густурда дошта, назорати риштаҳои пурдаромадеро дар даст доранд. Чанде аз наберагони ӯ ҳам инак вориди ин майдон шуда, бо вуҷуди синни хеле ҷавони худ алакай ба муваффақиятҳои боварнакардание даст ёфтаанд.

ИН ХОНАВОДА БУД, КИ ЗАМОНАТ МЕХОСТ…

Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик нақши аҳли хонавода ва гурӯҳҳои соҳибкории наздик ба Назарбоевро дар тасмими ахири парлумон асосӣ шинохта, мегӯяд, рӯйдодҳои ахири Қирғизистон, ба хусус таҳти таъқиб қарор гирифтани раҳбари фироркардаи он кишвар Қурмонбек Боқиев ва аҳли хонаводаву ҳалқаҳои наздик ба ӯ ин равандро суръат дод: “Ин ташаббуси худи хонаводаи ӯ буд ва он афроде ки дар пиромуни ин хонавода ҷамъ шудаанд, яъне он соҳибкоронусиёсатмадороне, ки бо ин оила вобастаанд. Албатта, вазъияти Назарбоев аз Боқиев фарқи калон дорад, вале ҳам Назарбоев ва ҳам наздикону фарзандонаш мефаҳманд, ки ӯ абадӣ нест ва дер ё зуд аз мақом хоҳад рафт. Ва инҳо ҳам, ки монанди оилаи Боқиев ё оилаи Аскар Оқоев бисёр соҳаҳои иқтисодиро зери назорат доранд, ба хотири таъмини амнияти худ дар оянда аз паси ин иқдом шуданд.”

Аммо Андрей Грозин, таҳлилгари пажӯҳишгоҳи кишварҳои муштаракулманофеъ дар Маскав бидуни кадом изҳори тааҷҷуб мегӯяд, Қазоқистон низ ҳамвора аз масире гом мебардорад, ки ҳамсояҳояш дар Осиёи Марказӣ қадам мезананд: “Ин дар гузашта буд, ки Қазоқистон аз як кишвари Осиёи Марказӣ дида, бештар шабеҳи кишварҳои аврупоии шӯравии собиқ таъриф мешуд. Ҳоло ин фарқи Қазоқистон аз ҳамсояҳои ҷанубиаш аз байн рафта ва ин кишвар, ба таъбири маъруф, ба асли худ бармегардад. Инҷо бештар таъсири омилҳои хусусист. Раисиҷумҳур пир шудааст ва эҳсос мекунад, ки чанбари қудрат метавонад аз дасташ биуфтад. Ва ғолибан ҳамин омили хусусӣ ва садоқати нухбагони маҳаллӣ ба раҳбари давлат аст, ки раванди таҳаввулот дар Қазоқистон чунин рангу самт бигирад.”

Таҳлилгарон ба касби масунияти бештар аз таъқиби эҳтимолӣ манфиатдор будани худи Назарбоевро низ сарфи назар намекунанд. Аз ҷумла ба далели чандин дафъа дар робита ба ҷанҷолҳои пурсарусадои марбут ба фасод ва ҳатто қатли мухолифинаш дар забонҳо омадани исми худи ӯ.

ЧАРО НАЗАРБОЕВ ИН ҚАДАР МАСУНИЯТ МЕХОҲАД?

Чанд сол пеш дар Амрико як тоҷири амрикоиро ба таҳвили даҳҳо миллион доллар аз суратҳисобҳои давлатии Қазоқистон ба бонкҳои Швейтсария айбдор карданд. Ин ҷанҷол дар матбуот ҳамчун “Қазоқгейт” ном баровард ва Остона дар соли 2003 маҷбур шуд, воқеъияти таҳвили ин маболиғро иқрор кунад, вале гуфт, ин пул дар сандуқи вижае ҷамъ мешуд, ки Назарбоев барои рӯзҳои мушкили кишвараш хазина кардааст.

Роҳат Алиев, домоди собиқи Назарбоев низ дар пайи фирораш аз Қазоқистон падарарӯси собиқи худро ба чандин мавриди фасод ва ҳам қатли Олтинбек Сарсинбоев, як чеҳраи шинохтаи мухолифин айбдор кард.

Албатта, то имрӯз ҳам касе дар Қазоқистон ба дунболи таҳқиқи ин иттиҳомот набуд, вале бо тағйири ду қонуни марбут ба мақоми президент, аз ин ба баъд Назарбоев барои ягон амалкардаш набояд таъқиб шавад. Ҳатто баъди рафтанаш аз мақоми раҳбарӣ.

НАЗАРБОЕВ ОЁ МЕРАВАД?

Эътои мақоми пешвои миллат ва замонатҳои фаровоне, ки аксар марбут ба даврони баъд аз раҳбарии Назарбоев мешавад, ҳадсу гумонҳоеро низ доман зад, ки шояд Нурсултон Назарбоев заминаи рафтанаш аз қудратро ҳамвор кунад. Хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки синни ӯ инак ба 70 наздик мешавад.

Ба назари бархе таҳлилгарон, имкон дорад, ки Назарбоев ҳамчун “пешвои миллат” аз паси саҳна ба идораи умур ҳамчунон идома диҳад, вале расман ба курсии раёсатҷумҳурӣ, ки орӣ аз салоҳияти зиёд ва бештар намоишӣ хоҳад шуд, ягон вориси беғарази худро бинишонад. Тақрибан монанди Владимир Путин, ки ҳарчанд баъди адои ду давраи раёсаташ расман гӯё аз мақоми аввал ба курсии қаблан беаҳамияти сарвазирӣ рафт, вале амалан нафари аввал дар Русия, ба бовари ағлаб, ҳамоно ӯст, на вориси расмиаш Дмитрий Медведев.

Ва инки тибқи тағйироти ахир сухани ниҳоӣ дар таъйини сиёсатҳои дохиливу хориҷии Қазоқистон баъди рафтанаш аз мақом низ бо Назарбоев хоҳад монд, ба чунин ҳадсу гумонҳо эҳтимоли бештар воқеъият медиҳад.

Аммо Серикболсин Абдилдин, раҳбари собиқи ҳизби коммунисти Қазоқистон бар ин бовар аст, ки Назарбоев ҳатто бо касби чунин замонатҳо ҳам аз мақом нахоҳад рафт: “Бархе таҳлилгарону сиёсатмадорон чунин рӯъёро дар сар мепарваранд. Дар соли 2000-ум ҳам, вақте қонун дар бораи раисиҷумҳури нахустин тасвиб шуд, аксарият умед доштанд, ки ӯ канор хоҳад рафт ва ба ҷойи ӯ нафарони дигар хоҳанд омад. Ва ҳоло ҳам гумон аст, ки ӯ то поёни умраш мақоми раҳбариро ба ягон каси дигар бовар карда, супурад.”

Ҳолиё як суоли матраҳ ин аст, ки оё раҳбарони дигари Осиёи Марказӣ низ ба ин ибтикори Нурсултон Назарбоев ҷиҳати тақвияти мақом ва таъмини масунияти худу аҳли хонаводаҳои худ пайравӣ хоҳанд кард?

БОЗ КАДОМ РАҲБАРЕ ДАР ФИКРИ ПЕШВОИСТ?

Қарори маълум, як иттиҳоми аслии зидди аҳли хонаводаи Қурмонбек Боқиев, ки далели таъқиби ҷиноии онҳо аз ҷониби мақомоти ҳукумати нави Қирғизистон шудааст, марбут ба ҳузури беш аз ҳадди наздикони президенти собиқ дар умури иқтисодиву тиҷоратии кишвар аст.

Айни ҳолро нафақат дар Қирғизистону Қазоқистон, балки дар Узбакистону Тоҷикистон низ метавон мушоҳида кард. Дар Узбакистон пурдаромадтарин соҳоти тиҷорат дар дасти Гулнора, духтари раисиҷумҳур Ислом Каримов мунсаҷим шудаву дар Тоҷикистон сӯҳбат аз ҳузури густардаи фарзандону домодҳои сершумор ва дигар пайвандони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бас намешавад.

Аммо ба назари коршиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов, доираҳои ҳоким дар Душанбе ҳадди ақал дар марҳалаи кунунӣ нисбат ба ояндаи худ чунон нигарон нестанд, ки раҳбарони Қазоқистон ва вазъият дар Тоҷикистон, ба бовари ӯ, барои анҷоми чунин иқдоме ҳанӯз, ба истилоҳ, “пухта нарасидааст”: “Вазъияти Тоҷикистон аз кишварҳои дигар фарқ мекунад. Дар Тоҷикистон ҷомиаи шаҳрвандӣ нисбат ба Қазоқистону Қирғизистон хеле сусттар аст. Ва ҳукумат ҳам дар ҳоли ҳозир дар бораи ояндаи худ ва ояндаи нуфузи худ зиёд ташвиш надорад. Ба ҳар сурат, дар ҳоли ҳозир. Ба ин далел, ин масъала то ҳол матраҳ нашудааст. Лекин дар оянда кӣ медонад?”

Ба ин тартиб, суоли мазкур ҳамчунон матраҳ ва интизори посух мемонад, ки чӣ хоҳад шуд ва навбати пешво шудани кист?

“ДАВОМДИҲАНДАИ РОҲИ СОМОНӢ”

Андрей Грозин аз Пажӯҳишгоҳи кишварҳои муштаракулманофеъ дар Маскав низ аз Қазоқистон намунаи ибрат ҷустани раҳбарони дигари минтақаро баъид медонад. Аз як сӯ, ба далели рашке, ки барои мисол, Ислом Каримов ба Нурсултон Назарбоев дорад.

Аз сӯи дигар, мегӯяд оқои Грозин, раҳбарони дигари Осиёи Марказӣ алакай дар амри густариши домана ва вусъати қудрати худ ба қуллаҳои хеле баландтар аз футуҳоти Назарбоев даст ёфтаанд: “Вазъи кунунии Қирғизистон бақои низомҳои худкомаро дар Осиёи Марказӣ зери суол бурд. Ин, албатта, як чолиш аст, вале доираҳои ҳоким ба он ҳар кадом ба шеваи хоси худ посух хоҳанд ҷуст. Баъид нест, ки дар Узбакистон мақоми Ислом Каримовро болотар бардоранд, ҳарчанд ман намедонам, ки мақоми ӯро боз то куҷои дигар метавон боло бурд. Дар Тоҷикистон низ агар президент эҳсос кунад, ки назорати вазъро аз даст медиҳад, имкон дорад, ки аз нав ёди рӯзҳои сиёҳи ҷанги шаҳрвандиро доман зананд ва ба Эмомалӣ Раҳмон мақоми, барои мисол, “давомдиҳандаи роҳи Исмоили Сомонӣ”-ро эъто кунанд. Вале ин фақат дар сурати бад шудани вазъи худи ин кишвар ва сониян, дар Қирғизистону тамоми минтақа метавонад рух бидиҳад.”

ҲАМА ЧИЗ ДАР ДАСТИ ХУДОСТ

Вале Амонтой Дандигулов, сардабири фарзияи қазоқии рӯзномаи русии “Новая газета” фикр намекунад, ки умри қонунҳои ҷадиди тасвибшуда дар парлумони Қазоқистон зиёд бошад. Ба бовари ӯ, ба муҷарради рафтани Назарбоев аз курсии раҳбарӣ мақоми пешвоӣ ва замонатҳои ӯву аҳли хонаводааш ҳама моли таърих хоҳад шуд: “Умри ин санад дуруст то рӯзест, ки Оллоҳ ба Назарбоев фурсати умр диҳад. Касе дар ин дунё абадӣ нест. Дар Қирғизистон тайи 5 соли раҳбари Боқиев 5 дафъа Қонуни асосиро тағйир дода, ҳар бор ба салоҳиятҳои ӯ афзуданд. Акнун Боқиев куҷо шуду Қонуни асосиаш куҷост? Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки умри мақоми “пешвои миллат” низ дуруст то ҳамон рӯзест, ки раисиҷумҳури баъдӣ сари кор биояд.”

НАЗАРБОЕВ ВА СЯОПИН

Дар ҳар сурат, дидаҳо акнун ба сӯи Остона дӯхта шудаанд, ки оё худи Нурсултон Назарбоев бо тасвиби ин ду қонун мақоми “пешвои миллат” ва ҳамин тавр, ҳаққи масунияти модомулмри худ ва аҳли хонаводаашро хоҳад пазируфт? Ва оё ӯ ин иродаро хоҳад дошт, ки баъди беш аз ду даҳсолаи раҳбарӣ ба ин кишвари саршор аз нафту газ ва маодини Осиёи Марказӣ монанди раҳбари пешини Чин Ден Сяопин канор биравад ва ба умури кишвараш аз он ба баъд аз як гӯша назорат барад?

Ба назари маҳофил, Назарбоевро ду интихоб аст, ки ё бо ҳифзи мақом ба силсилаи хонҳои сершумори шарқӣ бипайвандад ваё дар таърих ҳамчун нахустин раҳбари Осиёи Марказӣ бимонад, ки бо ихтиёри худ аз мақом меравад. Интихоб акнун бо худи ӯст, ки дар ботини худ аз ин ду ғариза кадомеро хоҳад кушт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG