Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беш аз ҳазор нафар донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоии мактабҳои шаҳри Кӯлоб имрӯз шанбе ба кӯмаки офатзадагон ва барои рафъи оқибатҳои сел дар ин шаҳр сафарбар шуданд. Дар айни ҳол осебдидагон аз камбуди об шикоят доранд.

Хонандагон ва донишҷӯён дар ҷамъоварии масолеҳи сохтмонии боқимондаи манзилҳои тахрибгашта ва тоза намудани маҳалли сохтмони ин манзилҳо ба осебдигагон кӯмак мекунанд.

Дар айни ҳол, хабарнигори радиои Озодӣ дар Кӯлоб мегӯяд, осебдидагон аз нарасидани оби ошомиданӣ шиокят доранд. Ва дар ҳоле, ки хаймаҳои осебдидагон дар варзишгоҳи Кӯлоб аз 300 то 700 адад афзудааст, одитарин шароити одии зист, аз қабили оби ошомиданӣ, ҳоҷатхона ва ҷои пухту пази ғизо мавҷуд нест.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки имрӯз аз субҳ дар ҳамаи минтақаҳои шаҳри Кӯлоб дастрасӣ ба оби ошомиданӣ мушкил будааст.

Эътирози дубораи осебдидагони Кӯлоб


Соати 16-и бегоҳии имрўз, 14-уми май, беш аз 60 тан аз сокинони маҳаллаи Нонбои Поён назди истгоҳи мусофиркашонӣ (автовокзал) бо нишони эътироз гирдиҳам омаданд.

Ба гуфтаи эътирозгарон, онҳо се рўз боз Муродалӣ Алимардон, сардори ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Кўлобро ҷустуҷў мекунанд, аммо ў ба зарардидагон сўҳбат намекунад.Нурулло Қодиров, як эътирозгар, мегўяд, аз рўзи сар задании офати табиӣ Алимардон бо онҳо вонахўрдааст.

Талаби эътирозгарон

Аҳмади Иброҳим, рўзноманигор ва як тан аз зарардидагон, мегўяд, аслан масъулони маҳаллӣ ба ҷои кўмак омада, миёни мардум иғво меандозанд. Ба гуфтаи ӯ, чанд рўз пеш Озодӣ Ҳасанов, сармеъмори шаҳр, гуфтааст, зарардидагонро ба берун аз шаҳр кўчонида, дар ҷои хонаҳои онҳо хонаҳои баландошёна ва дӯконҳои савдо месозанд.

Каримов Холаҳмад, сокини дигари ин маҳалла, мегўяд, нахуст, масъулин гуфтанд, ки онҳоеро аз ин маҳал мекўчонанд, ки то 30 метр дур аз соҳил зиндагӣ мекунанд, аммо ҳоло тасмим гирифтаанд, то тамоми ин маҳалларо ба берун аз шаҳр кўч бидиҳанд.

Ҳамид Абдуллоев аз эътирозгарон гурехт


Ҳамид Абдуллоев, раиси шаҳри Кўлоб, ба назди эътирозгарон ҳозир шуд, аммо суолоти зиёди онҳоро бепосух гузошта, аз ин маҳал бадар рафт.

Аммо сокинон ҳушдор доданд, ки дар сурати ҳозир нашуданиАлимардон ва дигар масъулин ба наздашон онҳо фардо назди ҳукумат бо теъдоди бештар боз ба эътироз даст хоҳанд зад.

Алимардон - «бачаи хуб»

Ба гуфтаи эътирозгарон, онҳо борҳо ба дафтари кории ситод, воқеъ дар бинои ҳукумати Кўлоб, ҳозир шудаанд, вале ба шикояти онҳо дар мавриди Алимардон танҳо шунидаанд, ки Алимардон «бачаи хуб» аст, ва аз ӯ набояд шиква кард.

Аз замони ба вуқўъ пайвастани офати табиӣ ин бори дуввум аст, ки мардум даст ба эътироз мезананд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG