Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Русия изҳороти Онишенкоро рад кард


Сафорати Русия дар Душанбе изҳор дошт, ки дар пайи бурузи бемории полиомелит, ё худ фалаҷи кӯдак, дар роҳи хуруҷи атфоли атбоъи Русия аз Тоҷикистон ягон маҳдудият эҷод нашудааст.

Қаблан, раиси идораи Роспотребнадзор Геннадий Онишенко иддао карда буд, ки мақомоти Душанбе тарки ин кишвар кардани атфоли хурдсоли Русияро манъ кардаанд.

Дар пайи он изҳорот Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон низ ин иддаои Онишенкоро рад карда буд.

Роспотребнадзор қаблан ба ҳамин далели шуйюъи полиомелит сафари атфоли то 5-сола аз Тоҷикистон ба Русия ва ҳамин тавр, вориди чормағзу меваи хушк аз Тоҷикистонро манъ карда буд. Онишенко аз он шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, даъват карда буд, ки аз ин кишвар берун бираванд.

Дар ин миён Қазоқистону Узбакистон эълон кардаанд, ки тадобири ҷилавгирӣ аз буруз ва густариши бемории полиомелитро тақвият додаанд.

Мақомоти тиббии Қазоқистон аз ҷумла назорати мардумеро, ки аз кишварҳои аз нигоҳи бурузи полиомелит осебпазира меоянд, шадидтар карда, амр додаанд, ки атфоли то 15-сола аз Тоҷикистон ва онҳоеро, ки ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигари манбаъи полиомелит сафар доранд, эм кунанд.

Сардухтури беҳдоштии Узбакистон Бахтиёр Ниёзматов гуфтааст, ки дар ин кишвар аз соли 1996 ба ин сӯ ягон мавриди полимелит сабт нашудааст ва аммо дар пайи бурузи ин беморӣ дар кишварҳои минтақа онҳо аз 17 май ҳамроҳ бо Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва ЮНИСЕФ маъракаи саросарии эмкунии 3 миллион кӯдаки то 5-соларо шурӯъ мекунанд.

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, расман 52 нафари гирифтори полиомелитро сабтином кардааст ва бештар аз дусад нафари дигар гумонбар ба ин маризӣ будаанд. Аз ин маризӣ, ба гуфтаи Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, танҳо як нафар ҷони худро аз даст додааст.
XS
SM
MD
LG