Пайвандҳои дастрасӣ

Як фоҷеа дар як деҳаи ноҳияи Ашт чанд муддат мардуми ин мавзеъро дар ҳоли шок қарор дод – сокини ҷамоати Пунук баъди раҳоӣ аз маҳбас дар ҳоли мастӣ модари худро ба қатл расонд.

Мақомоти тафтишотӣ собит намуданд, ки 27-уми декабри соли гузашта Исмоил Собиров модари пирашро ваҳшиёна латукӯб кардааст ва Барфӣ Собирова бар асари зарбаҳои мудҳиш ҷон додааст. Исмоил Собиров чаҳор сол пеш бо иттиҳоми фурӯши маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шуда буд ва модарашро дар он айбдор мекард, ки дар додгоҳ алайҳи ӯ баёнот дода буд.

Исмоил Собиров аз рӯи банди 104-уми кодекси ҷиноии кишвар ба 25 соли маҳбаси низомаш шадид маҳкум шуд.

“Духтаронро ҳама ҷанг асту ҷидол бо модар”

Ба иттилоъи мақомоти умури дохилаи Тоҷикистон, ин ягона ҳодисаи хушунат алайҳи волидайн дар кишвар нест ва солҳои ахир теъдоди
Дар ҳама давру айём суннатҳое буданд, ки риоя мешуданд – арҷгузорӣ ба волидайн ва гӯш кардан ба ҳарфу насиҳати бузургсолон.
зиёде маҳз бо ҷурми латукӯби падарону модарони худ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Коршиносони тоҷик мегӯянд, ба назар мерасад, ки солҳои ахир дар ҷомеа баъзе арзишҳо дар ҳоли тағйир хурдан қарор доранд ва аз ҷумла, муносибати фарзандон нисбат ба волидайн бештар сард мешавад. Аслан, ба гуфтаи коршинос Раъно Бобоҷонова, муносибати миёни волидайну фарзанд аз қадим аз мушкилоти доғи ҷомеа буд ва Ҳофизи бузургвор “ҷангу ҷидоли духтарон бо модар” ва “бадхоҳии писарон ба падар”-ро шӯри рӯзи маҳшар номида буд. Ва аммо дар ҳама давру айём суннатҳое буданд, ки риоя мешуданд – арҷгузорӣ ба волидайн ва гӯш кардан ба ҳарфу насиҳати бузургсолон.

Аз нигоҳи коршинос Саймуддин Дӯстов, тағийри арзишҳо, аз ҷумла, хушунат алайҳи волидайн аз як сӯ - паёмадҳои фақру нодории мардум аст ва аз сӯи дигар, ин раванд таъсири фарҳанги беруна ва ё таҳоҷуми фарҳангӣ ба Тоҷикистон мебошад. Ба гуфтаи коршинос, “бо дастрасии бештари мардум ба манбаъҳои иттилоотӣ ва ба вижа баъд аз муҳоҷирати бесобиқа ба Русия таъсири фарҳанги бегона ба ҷомеаи мо зиёд аст ва аз сӯи дигар мо ба як бахши таркибии муҳити иттилооти Русия табдил шудаем”.

Падар чӣ гуна, писар намуна

Гуфта мешавад, расонаҳо ва шабакаҳои телевизионии Русия қариб ҳар рӯз аз латукӯбу куштори волидайн аз сӯи фарзандон гузоришҳо
Баъд аз муҳоҷирати бесобиқа ба Русия таъсири фарҳанги бегона ба ҷомеаи мо зиёд аст
пахш мекунанд. Ва аммо Раъно Бобоҷонова бо ақидаи паёмади таъсири фарҳанги бегона будани муносибати сарди фарзандон ба волидайн розӣ нест ва мегӯяд, сабаби инро бояд дар худи хонавода бояд ҷуст. Ба гуфтаи ӯ, “чаро дар бораи таъсири дигар фарҳангҳо ҳарф занем, дар ҳоле, ки фарзанд асосан аз падараш меомӯзад ва агар падар нисбати модараш муносибати бад дорад, ӯ ҳам алайҳи модараш носипосӣ хоҳад кард”.

Марям Давлатова, хабарнигор ва коршиноси тоҷик, ҳам мегӯяд, ки хушунат алайҳи волидайн – яке аз паёмадҳои фазои носолими хонавода аст ва фарзандон аз аъмоли падарони худ сабақ мегиранд. Ӯ мегӯяд, эҳтироми самимиву воқеӣ нисбати модар, ки аз суннатҳои қадимаи мардуми шарқ, аз ҷумла тоҷикон, маҳсуб мешавад, айни ҳол тақрибан рӯ ба нестӣ овардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе хонаводаҳо модарро гӯё болонишин мекунанд ва аммо ба ҳарфи ӯ, ба машварати ӯ аслан гӯш намедиҳанд.

Сар медиҳанду, намедиҳанд писарро сар

Аз сӯи дигар, меафзояд Марям Давлатова, бархе модарон эҳтиромро чун итоати комили фарзандон қабул мекунанд ва намегузоранд, ки фарзандони баркамолу соҳиби хонаву дарашон аз хатти кашидаашон берун пой ниҳанд.

Раъно Бобоҷонова ин ҳамаро “тағйири арзишҳои маънавӣ" мехонад ва мегӯяд, “дар ҷомеае, ки ҳама чизро пул ҳал мекунад ва ченаки ахлоқу муносибат пул шудааст, беэҳтиромӣ нисбати волидайн як чизи маъмулист”.

Дар ҳамин ҳол, ҳамсӯҳбатҳои мо мегӯянд, сардшавии муносибати фарзандон бо модарон дар ҳоле афзоиш меёбад, ки худи модарон чун
Фарзанд асосан аз падараш меомӯзад ва агар падар нисбати модараш муносибати бад дорад, ӯ ҳам алайҳи модараш носипосӣ хоҳад кард.
пештара ба таҳдиди, ба истилоҳи мардум “сари фарзанд рафтан” мувоҷеҳанд. Ба иттилоъи расмӣ, дар Тоҷикистон, аз ҳар 100 ҳазор мавриди таваллуд 33 ҳодисаи ҳалокати модарон ба қайд гирифта мешавад. Вазорати беҳдошт мегӯяд, ин нишондод солҳои ахир беҳтар шудааст, барои намуна, соли 1990 аз сад ҳазор занҳои ҳосила 98 нафар ба ҳалокат мерасиданд. Ба гуфтаи коршинос Марям Давлатова, ҳарчанд мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон мавзӯъи ҳалокати модаронро таҳти назорати шадид қарор доранд, ҳалокати модарон ҳанӯз ҳам бар асари асосан дар манзил таваллуд кардан ба қайд гирифта мешавад.

Бан Ки Мун: «Дасти дуои модар...»

Зимнан, Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ, ҳам ахиран дар як гузориш ба муносибати Рӯзи ҷаҳони модар навиштааст, ки дар бархе аз кишварҳои олам аз ҳашт зан якеаш ҳангоми таваллуд дунёро тарк мегӯяд. Ӯ мушкилоти замони ҳомиладориро яке аз сабабҳои аслии ҳалокати духтарони аз 15 то 19-сола хондааст.

Бан Ки Мун айёми кудакияшро ёд оварда гуфтааст, ки “занҳо қабл аз таваллуд ба кафшҳои худ менигаристанд ва аз худ суол мекарданд, ки дубора ба пӯшидани ин кафшҳо муваффақ хоҳанд шуд ё на”. Дар ИМА, ба навиштаи Бан Ки Мун, сад сол пеш хатари тарки дунё ҳангоми таваллуд назар ба имрӯз сад баробар бештар буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG