Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи миёни Интернет ва ҷавонони рустоии Суғд


Бо тағйири вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон, ҳамоно ҷавонони рустоии Суғд аз имконот ва ҳуқуқе, ки ҷавонони шаҳрнишин доранд бархурдор нестанд.

Ин дар ҳолест, ки беш аз 80 дарсади ҷавонон дар деҳот ба сар мебаранд ва ба таъкиди коршиносон бахши аъзами ин теъдод аз имкониятҳои замони худ бархурдор нестанд.

Сайфуллоҳ Эргашев, корманди иттиҳодияи ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» дар Хуҷанд мегӯяд, мактабҳои дурдасти вилоят бо компутер ва дигар лавозимоти хониш муҷаҳҳаз нестанд ва аксаран ҷавонони рустоӣ дар омӯзиш аз камбуди фанноварии муосир азият мекашанд.

Оқои Сайфуллоҳ мегӯяд, ин ҳам дар ҳолест, ки ҳар шахс ҳуқуқи доштани зиндагии сазовор, ҳуқуқи баробари таҳсил ва дастрасӣ ба маълумотро дорад.

Вале камтаваҷҷуҳӣ ва заъфи кори мақомот ва масъулин наврасони русторо аз ин ҳама имконот маҳрум кардааст.

Сайфулло Эргашев мегӯяд: «Пӯшида нест, ки то ҳанӯз дар навоҳии дурдасти кишвар театрҳо фаъолият намекунанд, дастрасии ҷавонон ба дастовардҳои замони муосир аз ҷумла компутер ва интернет ба мушоҳида намерасанд. Ҳатто дар худи ноҳияҳо марказҳои интернетӣ амал намекунанд. Дар бисёр мактабҳо то кунун компутерҳо намерасанд, ва шумори ҷавононе, ки дар ин гуна мактабҳо таълим меги ранд, алакай аз имкониятҳо маҳрум мегарданд».

Фатҳулло Исҳоқови 15 сола мегӯяд, борҳо шунидааст, ки ҷавонон дар шаҳр аз имкониятҳои хуби техникӣ бархурдоранд ва бо дастрасӣ ба фанновариҳои муосир зиндагӣ ва ҷаҳонбинии худро таъғир медиҳанд.

Оянда миллат фақат аз ҷавонони шаҳрист?

Аммо мегуяд, ӯ набуди марказҳои вижаи таълимӣ, мушкили дастрасӣ ба Интернет ва камбуди марказҳои фарҳангу фароғатӣ дар деҳот аз умдатарин масъалаҳоест, ки масъулини ниҳодҳои давлатӣ дар маҳалҳо ба он эътибори ҷиддӣ намедиҳанд.

Фатҳулло Исҳоқов: «Агар ҳадаф аз барномарезии мақомот баланд бардоштани сатҳу маърифати ҷавонон дар кишвар аст, пас бояд масъулин ба деҳот ҳам таваҷӯҳ кунанд. Таъсиси марказҳои пайваст бо шабакаи ҷаҳонии Интернет ва инчунин марказҳои фарҳангӣ метавонад як дараҷа донишу ҷаҳонбинӣ ва малакаи ҷавононро боло барад. Ояндаи давлат марбут ба кули ҷавонони кишвар аст, на ба ҷавонони шаҳрӣ ва модеме, ки чунин бошад, пас масъулиниро зарур аст нисбат ба ҷавонон, нисбат ба ҳуқуқи ҷавонон ва нисбат ба шароити онҳо дар деҳот бояд андеша кунанд».

Фатҳулло, ки худ дар ноҳияи Масчоҳ ба сар мебарад гуфт, бисёр мехоҳад чун ҳамсолони шаҳриаш дар марказҳои интернетӣ аз ҷаҳон бархурдор шавад, аммо аз як тараф мушкили роҳ ва аз ҷониби дигар вазъи душворӣ иқтисодӣ монеаи аслӣ ин тасмими ӯ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, муаллифони барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мегуянд, агар дар гузашта зери мафҳуми нақзи ҳуқуқи кӯдакон танҳо ҳолатҳои латукӯб шинохта мешуд.

Вале солҳои охир ин масъала бештар характери бештари иҷтимоӣ касб карда, шумори ҷавонони аз таълим дур мондаро ва коснеро низ ки ба Интернет дастрасӣ надоранд дар бар мегард.
XS
SM
MD
LG