Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи аввал ва бузурги "Вахш"


Дастаи футболи "Вахш", қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозии нахустинаш дар сабқати интихобии Ҷоми раиси АФК дар шаҳри Янгони Мянмар ба дарвозаи рақибаш аз Шри-Ланка шаш голи бепосух зад.

Қисми аввали бозии "Вахш" бо дастаи "Ренаун Спортс Клаб"-и Шри-Ланка бидуни гол анҷом ёфт. Бозигарони Шри-Ланка дар ҳимояи дарвозаи худ қобил буда, ҳамаи ҳамлаҳои футболбозони тоҷикро бармегардониданд.

Вале дар оғози қисми аввал Рустам Усмонов, ки дар оғоз ширкаташ дар бозӣ ба сабаби шаҳрвандии Қазоқистонро пазируфтанаш зери шубҳа буд, ҳисобро боз кард. Як дақиқа нагузашта Алексей Неъматов голи дуввумро зад. Бозяк дақиқаи дигар дар байн гузашт ва Нӯъмон Ҳакимов, капитани "Вахш", ҳисобро 3:0 кард.

То анҷоми бозӣ Аҳтам Ҳамроқулов як голи дигар ва Рустам Усмонов ду голи дигар зада, ҳисобро 6:0 карданд. Бо ғалабаи нахустин "Вахш" дар садри ҷадвали гурӯҳаш қарор гирифт ва пасфардо, 12-уми май, бо қаҳрамони Покистон, дастаи "Озмоишгоҳи Хон" бозӣ хоҳад кард.

Покистониҳо дар бозии нахустинашон бар "Нагакорп" аз Камбоҷа бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд.

Тафсилоти бештарро хабарнигори Радиои Озодӣ, раиси Анҷумани рӯзноманигорони соҳаи варзиш Нарзуллоҳи Латиф, ки дар Мянмар мебошад, хабар дод:


XS
SM
MD
LG