Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо гузашти 4 рӯз аз фоҷеа ёриҳои башардӯстонаи расида миёни мардуми офатдида ҳанӯзам тақсим нашудааст. Ҷасадҳои ҷонварони хонагӣ дар кӯчаҳо хобидаанд ва кӯчаҳоро бӯ фаро гирифтааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Кӯлоб Мӯъмин Аҳмадӣ мегӯяд, танҳо ёрие, ки ба мардум расидааст, хаймаҳое мебошанд, ки созмонҳои байнулмилалӣ ба аҳолӣ тақсим кардаанд. Ва аммо маводи ғизоии расида, ки боя тавассути ҳукумат миёни мардум тақсим шавад, ҳанӯзам ба марудм нарасидааст. Шаҳрдори Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев гуфтааст, мақомот пас аз анҷом додани рӯйхати зарардидаҳо ба тақсими ёриҳои башардӯстона оғоз хоҳанд кард.

Феълан танҳо мардуми деҳоти атроф ба афроди бехонумон ёрӣ дода истодаанд. Чою нон ва ғизо оварда тақсим мекунанд.
Бегоҳи дирӯз, 9-уми май, як сели дигар ба Кӯлоб омад, вале ин навбат шиддаташ камтар буд. Бо вуҷуд сели нав сангҳои тоза дар соҳил гузоштаро низ гирифта бурд. Феълан, ҳаво дар Кӯлоб соф ва офтобӣ аст.

Дар мавриди қурбониёни сели даҳшатбори шаби 6-ум ба 7-ум ҳанӯзам иттилоъи дақиқ нест. Ҳамид Абдуллоев, раиси шаҳри Кӯлоб, теъдоди кушташудагонро то дирӯз 9 нафар ва гумшудагонро 38 тан хонда буд. Раиси шаҳри Кӯлоб таъкид кард, ки ин омори охирин нест ва мақомот шумори дақиқи қурбониёни селро меомӯзанд.

Кумитаи ҳолоти изтирорӣ шумори қурбониёнро 24 нафар меномад. Сокинони шаҳри Кӯлоб мегӯянд, шумори кушташудагон аз ин рақам ба маротиб бештар аст ва мардум наздикони худро бо муҷарради дарёфтан бурда мегӯронад.

Сафаралӣ Раҷабмадов, мудири шӯъбаи тандурустии шаҳр мегӯяд, дар пайи ин обхезӣ беш аз 100 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд ва захмҳои 85 нафари инҳо ҷиддӣ буда, дар маризхонаҳо бистарӣ мебошанд.

Ба гуфтаи Ҳамид Абдуллоев, сел танҳо дар шаҳри Кӯлоб ва ҷамоатҳои он беш аз 1500 хонаро хароб кардааст. Ҳамчунин 12 пул бар асари сел вайрон шудааст. Обхезӣ 2,5 ҳазор гектар заминро комилан шустааст. Дар пайи ин ҳодиса заводи консервбарории шаҳри Кӯлоб зери об мондааст.

Ба маълумоти Кумитаи изтирорӣ, даҳ мактаб, 7 муассисаи тиббӣ, 27 пул, 187 километр роҳи мошингард, 128 километр саддҳои соҳилӣ ва ҳамчунин каналҳо, хатҳои барқгузар, қариб 300 бино ва бештар аз 600 замини наздиҳавлигӣ хароб шудааст.

Офат дар Мӯъминобод як нафар ва дар Шӯробод шаш нафарро куштааст. Дар ноҳияҳои Мӯъминободу Восеъ ва Шӯрободӯ Ғончӣ низ даҳҳо манзили зист хароб шудааст.

То ба ҳанӯз ҷасади ҷонварони хонагӣ аз маҳаллаҳо барчида нашудааст ва хабарнигори Озодӣ дар Кӯлоб мегӯяд, маҳаллаҳои офатзадаро бӯ фаро гирифтааст. Сокинон мегӯянд, аз паҳн шудани амрози сироятӣ хавф доранд. Кумитаи ҳолоти изтирорӣ мегӯяд, дар пайи офат беш аз ҳазор ҷонвари хонагӣ нобуд шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG