Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милиса беҳтар ё омӯзгор?


Ба назар мерасад, таваҷҷӯҳи ҷавононро имрӯзҳо пешаи милисагӣ ба худ зиёд ҷалб мекунад. Чаро?

Назари ҷавонон

Абдуқодир Хӯҷамов аз пешаҳои дигар омӯзгорро мисол меорад ва мегӯяд, бубинед, омӯзгорони зиёде солҳои ахир тарки пеша карда, ва ба ҳиҷрат рафтаанд. Магар ҷавоне бо дидани ин ҳол омӯзгор будан мехоҳад?

Ӯ мегӯяд, дарёфти кор дар сохторҳои давлатӣ низ коре осон нест ва шумори дипломҳое, ки дар даруни сандуқҳо бекор хобанд, кам нестанд. Аз ин рӯ, мегӯяд Абдуқодир, ҷавоне, ки панҷ сол ҳуқуқшиносӣ хондану дар додситонӣ ё додгоҳ кор ёфта наметавонад, тарҷеҳ медиҳад, то ду сол омӯзишгоҳи афсарӣ бихонад ва пулис бишавад.

Ҳамсоли Абдуқодир, Носир Каримов, аз ваколатҳои доштаи пулис дар ҷомеа ёдовар мешавад, ки барои ҷавонон ҷолиб ҳастанд. Носир бар ин аст, ки дар ҷомеаи фасодзада имкони ба даст овардани маблағ тавассути қудрат ҷавононро ба худ ҷалб мекнуад.

Вале Диловар ном ҷавони дигар мегӯяд, ҳатто барои ҳамон ду сол таҳсил кардану, сипас пулис шудан низ боз ҷавонҳои “тағодор” имкон доранд. Диловар мегӯяд, барои ӯ барин ҷавонҳое, ки восита надоранд, дохил шудан ба ин гуна курсҳо орзуи имконнопазир аст.

Садоқат ба Ватан ва ё ба умеди пора?

Аммо ин ҳам дар ҳолест, ки аксар кормандони ҷавони мақомоти ҳифзи тартибот аз шароити душвори кор ва камбуди ҳавасмандӣ нигаронӣ мекунанд.

Як милисаи ҷавон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, дар ин гуна сохторҳо ҳам кор барои онҳое бештар мусоид аст, ки рутбаҳои баланд доранд. Вай мегӯяд, кадрҳои ҷавон хеле кам ҳавасманд мешаванд ва аксарият ба далели мушкили пайдо кардани кори дигар аз ноилоҷӣ дар ҳамин шароит идомаи кору фаъолият мекунанд.

Камии эътимоди мардум ба милисаҳо

Коршиносон ба ин назаранд, ки дар муқоиса ба солҳои пеш ҳоло таваҷҷӯҳи мардум ба истифода аз ёрии кормандони ҳифзи тартибот коҳиш ёфтааст.

Ба бовари онҳо, солҳои пеш мардум дар иҷрои вазифа ва ё ба эътидол овардани мизони тартибот ба милисаҳо ёрӣ мерасониданд, вале ҳоло муносиботи сард ва вуҷуди ришват эътимод ба милисаҳоро аз мардум дур кардааст.

Раҳматҷон Мамадҷонов, собиқ корманди милиса, ки таҷрибаи 25-солаи кор дар ин соҳаро дорад, мегӯяд, солҳои пеш милисаҳо дар иҷрои вазифаҳои худ содиқ буданд. Вале, ба гуфтаи вай, ба дигар шудани вазъ дар кишвар, умдатарин рисолати милисаҳо ҳам миёни мардум аҳаммияти худро гум кардааст.

Оқои Мамадҷонов мегӯяд, бо ин ҳама шумори ҷавоне ҳам кам нестанд, ки мехоҳанд дар ин сохтор бо иҷрои вазифаҳои соф ба халқу ватан содиқ монанд, вале танҳо рафъи мушкилоти феълии ин соҳа, ба хусус ришваситонӣ, метавонад ба амалишавии ин хостаҳои ҷавонон мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG