Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони иттиҳоми "терроризм" ба бомбгузори Ню-Йорк


Мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шаҳрванди покистониасли ин кишвар Файсал Шаҳзодро ба талош барои инфиҷори силоҳи куштори дастаҷамъӣ ва амали террористӣ муттаҳам карданд.

Эрик Ҳолдер, додситони кулли ИМА, гуфт, Файсал Шаҳзод дар бозпурсӣ оид ба талошаш ҷиҳати инфиҷори мошини бомбдор дар яке аз пуриздиҳомтарин ноҳияҳои Ню-Йорк рӯзи якуми май маълумоти муфид додааст. Зимни нишасти муштарак бо намояндагони Вазорати амнияти миллӣ, Оҷонси федералии кашф ва пулиси Ню-Йорк, Ҳолдер гуфт, Файсал Шаҳзод нақшашро эътироф кард.

Файсал Шаҳзод, дар Покистон таваллуд шудааст ва дар моҳи апрели соли гузашта, расо як сол қабл, шаҳрвандии Иёлоти Муттаҳидаро дарёфт кардааст. Ӯ дар иёлати Коннектикут, сад километр дуртар аз Ню-Йорк ба сар мебурд. Мақомот мегӯянд, Файсал ронандаи мошини фарсудаи “Ниссан пасфайндер” буд, ки аз дохили он бушкаҳои бензин, гази пропан, маводи оташзо ва абзори ҳаракатоварандаи бомбро пайдо карданд.

Манзиле, ки Файсал шаҳзод дар Коннектикут дар он ба сар мебурд.
Як фурӯшандае баъди мушоҳидаи дуд аз оинаи ақиби мошин аз ин “Ниссан”-и шубҳаангез ба пулис хабар дод. Дар чанд дақиқа гурӯҳи вижа даъват шуд ва майдону атрофи он аз ҳазорон нафар озод карда шуд.

Мақомот баъд аз бозпурсии соҳиби қаблии мошин, ки се ҳафта пеш вайро ба Шаҳзод фурӯхта буд, номи муттаҳамро фаҳмиданд. Шоми саввуми май Шаҳзодро дар фурудгоҳи байналмилалии Ҷон Кеннедии Ню-Йорк боздошт карданд. Кормандони гумрук ва марзбонон ҳавопаймоеро, ки мебоист ба Дубай парвоз мекард, боздошта, Шаҳзод ва боз ду мусофири дигарро фароварданд.

Мақомот гуфтанд, Шаҳзодро ҳамагӣ як соат қабл аз парвозаш ба рӯйхати нафароне, ки барояшон ворид шудан ба ҳавопаймо манъ аст, шомил кардаанд. Вазири амнияти миллӣ Ҷаннет Наполитано саволеро, ки чӣ тавр ин шахс тавонист вориди ҳавопаймо шавад, бе посух гузошт.

Ин хона дар вилояти Пахтунхваи Покистон ба оилаи Файсал Шаҳзод тааллуқ доштааст.
Эҳтимол меравад, дар робита ба ин бобмгузорӣ дар Покистон низ чанд нафари дигар боздошт шудааст, ки гуфта мешавад, бо Шаҳзод иртибот доштанд. Яке аз ин нафарон - Муҳаммад Райҳон соли гузашта дар Покистон бо Шаҳзод чанд вақт ҳамроҳ будааст. Шаҳзод соли гузашта чаҳор моҳро аз апрел то август дар Покистон сипарӣ кардааст.

Рӯзномаи Ню-Йорк Таймс навиштааст, Райҳонро дар яке аз масҷидҳои шаҳри Карочӣ боздошт кардаанд. Гуфта мешавад, ин масҷид ба гурӯҳи ҷангиёни Ҷайши Муҳаммад тааллуқ доштааст. Муовини раиси Оҷонси федеролии кашф (FBI) Ҷон Пистол гуфт, мақомоти Амрико дар робита ба ин парванда бо хадамоти истихбороти хориҷӣ ҳамкорӣ хоҳад кард. Вазири умури дохилии Покистон Раҳмон Малик ба хабарнигорон гуфт, кишвараш ба рафти таҳқиқ мусоидат хоҳад намуд.
XS
SM
MD
LG