Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чилдухтарон: Аз асотир то воқеият


“Чиҳил ҷавондухтари тиркашу шамшерзан барои ҳифзи номуси худу диёр ҷасурона муқобили лашкари ғосиб мубориза мебаранд. Аз куштаи ин лашкар пушта месозанд ва то вопасин нафас, замоне, ки муқовиматро дар қиболи лашкари муру малахмонанд аз даст медиҳанд, ба худ иҷозаи таслим шудан намедиҳанд. Бо шамшери шикаста ва халтаҳои холӣ аз тир ба кӯҳистони ақибнишинӣ мекунанд. Наздик аст, ки онҳоро зинда асир бигиранд. Аммо ин ҷавондухтарони покдомани ғаюр ба сӯи Худованд дасти дуо мебардоранд, то онҳоро ба санг мубаддал гардонад ва ба дасти таҷовузгарон наафтанд. Дуои онҳо мустаҷоб мегардад ва чил духтар дар ҷамъ ба кӯҳи сангин бадал мегарданд. Лашкари ғосиб аз ин ба даҳшат афтода, фавран ин мавзеъро тарк мекунад. Муборизаи ҷавондухтарон замоне ба вуқӯъ меояд, ки дар паи як шабехун тамоми марду зани ин мавзеъ кушта мешавад.”…………

Ин ривоятест, атрофи кӯҳи зебоманзари Чилдухтарон, дар ноҳияи Мӯъминобод, ҷануби Тоҷикистон, ки ба назар, гӯиё дар он мавзеъ аз санги сурхтоб бар фарози кӯҳ пайкараҳо барсохтаанд. Аслан, воқеият ва дар кадом давру замон ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодисаро касе намедонад. Яке инро ба замони ҳуҷуми мақдуниҳо, дигаре ба замони турку аъробу муғул ё русҳо марбут медонад.

Мавзеъи муқаддас

Сокинони зиёди ин мавзеъ бар ин боваранд, ки то ҳанӯз рӯҳи 40 духтари покдоман бо хости Худо ба онҳо кӯмак мекунад. Ашурбӣ Миралиева, сокини ин деҳа, мегӯяд, ривоятҳои зиёде дар мавриди шабонгаҳ ба асли хеш баргаштани ин духтарони диловар низ мавҷуд аст. Аксар низ бар ин боваранд, ки замоне духтарон шавҳар намеёбанд ва ё шавҳар доранду кӯдак намеёбанд, дар ин мавзеъ даст ба дуо мебардоранд ва ҳатман дуояшон мустаҷоб мегардад. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, ривояти қаҳрамонии чилдухтар ҳамеша боиси ифтихори онҳо будааст.

Асотир, вале беҳтар аз ҳақиқат

Зафар Мирзоён, донишманди тоҷик, аз зумраи он нафаронест, ки ба воқеияти ин ривоят шак дорад. Аммо, ӯ мегӯяд, ин асотир беҳтар аз як ҳақиқат аст, ки ниёкони мо барои рӯҳбаландии мардуми худ эҷод кардааст.

Зафар Мирзоён мегӯяд, дар гузашта ниёкони донишвар чунин ривоятҳоро ҳамчун як идеологияи вижа миёни мардум талқин мекарданд: Яъне, ҷадди шумо барои ин сарзамин ҷоннисориҳо кардааст ва шумо низ бояд аз онҳо пайравӣ кунед. Зафар Мирзоён мегӯяд, чунин достонҳо, ки дар кӯҳистон зиёд эҷод шудааст, мисли Сангтӯдаҳои Ховалинг, ки гӯиё аз шумори куштаи лашкари муғул шаҳодат медиҳад, ба мардум таъсири вижаи худро ҳамеша гузоштааст. Донишманд мегӯяд, ин мардум лашкари арабро шикаст дод, ки бар шикасти он аввалин шеъри тоҷикӣ “аз Хуталон омадия” эҷод шуд. Ватанро ба рус ҳам бо хубӣ надод ва болшевиконро низ бо тиру шамшер пешвоз гирифта буд.

Осорхонаи табиӣ

Умар Давлатов, мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Мӯъминобод, мегӯяд, бо чунин табиати зебову дилкаш Чилдухтарон ба феҳрасти осорхонаи табии Тоҷикистон шомил аст. Ба гуфтаи ӯ, як нуктаи дигар дар ин аст, ки ривояти Чилдухтарон ба ҷуз номи қавми ғосиб дигар тағийр наёфтааст, дар ҳоле ки дигаре аз чунин ривоятҳо ба шаклҳои гуногун ривоят мешаванд. Аз сӯи дигар, вай мегӯяд, воқеан табиати Чилдухтарон як осори нодири табиӣ дар Тоҷикистон аст.

Ин мавзеъ бо чунин табиат таваҷҷӯҳи даҳҳо сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Бад ин хотир, Сафаралӣ Зокиров, раиси ноҳияи Мӯъминобод, мегӯяд, борҳо аз ҳукумати марказӣ дархост кардааст, то Чилдухтаронро мавзеъи туристӣ эълон кунад. Аммо, ӯ мегӯяд, мушкили роҳ ба ин ҷамоат монеъи амалӣ гаштани ин хоҳиш гаштааст. Раиси ноҳия мегӯяд, муддати 70 соли замони Шӯравӣ ва 18 соли истиқлол ин ҷамоат на роҳ дорад, на купрук. Барои роҳ маблағи зиёд лозим аст, ки ба он қудрати ҳукумати ноҳия намерасад.

Чилдухтарон дар 80-километрии шаҳри Кӯлоб воқеъ аст. Баландии он аз сатҳи баҳр ба 2 ҳазор метр мерасад. Кӯҳи сангини Чилдухтарон миёни ду рӯдхонаи кӯчак бар фарози кӯҳ хеле ҷолиб аст.
XS
SM
MD
LG