Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии «Вахш» пеш аз сафар ба Мянмар


Даври шашуми Лигаи Олии Тоҷикистон бо бозии "Истиқлол" ва "Вахш" дар варзишгоҳи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе оғоз шуд.

Дар қисми аввали ин дидор бештар меҳмонон, бозигарони қаҳрамони феълии Тоҷикистон фаъол буданд ва чанд нафас қабл аз ҳуштаки довар барои истироҳат, дар вақти иловагии қисми аввал Рустам Усмонов ҳисоби ин бозиро боз намуд.

Дар қисми дуввум ҳамлаҳои мизбонон ва талоши онҳо барои баробар кардани ҳисоб бештар шуд. Як дақиқа қабл аз анҷоми вақти асосӣ ба Фарҳод Тоҳиров муяссар гардид, то дастаашро аз нахустин бохт дар сабқати қаҳрамонии имсола наҷот диҳад. Як бар як.

Дар замони иловагӣ қаҳрамон шонси пирӯз шудан дар ин бозиро дошт, вале зарбаи капитани "Вахш" ва беҳтарин бозигари Тоҷикистон дар соли 2009 Нӯъмон Ҳакимов аз масофаи хеле наздик хато рафт.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 8-уми май

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Регар»ТадАЗ

5

4

1

0

17-1

13

2.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

6

4

1

1

7-3

13

3.

«Истиқлол» (Душанбе)

5

3

2

0

11-4

11

4.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

5

1

3

1

5-8

6

5.

«Энергетик» (Душанбе)

5

1

2

2

6-5

5

6.

«Хайр» (Ваҳдат)

4

1

1

2

6-6

4

7.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

4

1

1

2

4-5

4

8.

ССКА«Помир» (Душанбе)

5

0

2

3

1-11

2

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

5

0

1

4

1-15

1


Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон, дар сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дар Мянмар ширкат хоҳад кард.

Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш», ба радиои Озодӣ гуфт: «субҳи 4-уми май бо мошин ба пойтахти Узбакистон - шаҳри Тошканд меравем. Сипас ба воситаи тайёра ба Тайланд ва аз он ҷо ба Мянмар парвоз мекунем. Дастаи мо дар сабқати гурӯҳи «В», ки дар пойтахти Мянмар – шаҳри Янгон доир мешавад, 10-уми май бо дастаи «Ринаун»-и Шри-Ланка, 12-уми май бо тими «Озмоишгоҳи Хон»-и Покистон ва 14-уми май бо дастаи «Нагакорп»-и Камбоҷа қувваозмоӣ хоҳад кард. Вазифаи аслии мо ба даст овардани роҳхат ба даври ниҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё мебошад».

Дар сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дастаҳои қаҳрамони футболи 11 кишвари қора ширкат меварзанд. Дастаҳо бар асоси қуръакашӣ ба се гурӯҳ тақсим шудаанд.

Ба гурӯҳи «А» «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон, «Абахан»-и Бангладеш, «Йоеди»-и Тайван ва қаҳрамони Непал дохиланд. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 12-ум то 16-уми май дар пойтахти Бангладеш – шаҳри Дакка барпо мегарданд.

Ба гурӯҳи «С» се даста - «Яданарбон»-и Мянмар, МТТУ-и Туркманистон ва «Друкстарс»-и Бутан шомиланд. Бозиҳои ин гурӯҳ дар Мянмар аз 9-ум то 13-уми май баргузор мешаванд.

Ғолибони ҳарсе гурӯҳ ва беҳтарин дастаи ҷойҳои дуввум ба даври ниманиҳоӣ роҳхат мегиранд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё моҳи сентябри соли равон баргузор хоҳад шуд.

Вахш 1-0 Энергетик
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00
XS
SM
MD
LG