Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телевизион ва радиои Қирғизистон мардумӣ шуд


Ҳукумати муваққати Қирғизистон бо нашри як қарори нав Кумитаи давлатии телевизион ва радиои ин кишварро ба Телевизиони ҷамъиятии Қирғизистон табдил дод, ки аз тарафи Шӯрои мустақили нашаротӣ идора хоҳад шуд.

Ноиби раиси ҳукумати муваққат Омурбек Текебоев гуфт, ин тасмим барои он гирифта шудааст, то нишон диҳад, ки фаъолиятҳои ҳукумат шаффоф хоҳанд буд.

Ба ихтиёри ҷомеа додани шабакаҳои давлатии телевизион ва радио яке аз ваъдаҳои аввалини Ҳукумати муваққати Қирғизистон баъд аз барканории президенти ин кишвар Қурмонбек Боқиев ба таърихи 7-уми апрел буд.

Дар гузашта низ сарони оппозисюни Қирғизистон борҳо аз Боқиев талаб карда буданд, радио ва телевизионро аз зери назорати шадиди давлат хориҷ кунад. Дар иваз бо дастури ҳукумати вақти Қирғизистон барнома ва намоишҳои интиқодӣ дар ин шабакаҳо мамнӯъ ва кормандони озодандеш аз он ронда шуданд.

Ҳукумати муваққати Қирғизистон умедвор аст, ки Шӯрои мустақили нашаротӣ озодии баёнро дар шабакаҳои радио ва телевизиони ҷамъиятӣ таъмин хоҳад кард. Ноиби раиси ҳукумати муваққат Омурбек Текебоев гуфт, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва журналистони мустақил ба узвияти Шӯрои мустақили нозирони телевизион ва радиои ҷамъиятӣ баргузида мешаванд.

Раиси дафтари Радиои Озодӣ дар Бишкек Қубод Оторбоев иҷрокунандаи вазифаи раиси Телевизиони ҷамъиятии Қирғизистон таъин шуд. Вай мегӯяд, дар иҷрои ин вазифа аз усули озодии баён, иттилои дақиқу бомувозанат ва ҳифзи манофеи ҷомеа кор хоҳад хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG