Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо шамшеру калтаку доира ба ҷашни Ваҳдат


Дар маҳалли Сипонҷи ноҳияи Рушон 50 нафар бо шамшерҳои чубин ба машқ пардохтанд. Онҳо на варзишгарон, балки санъаткоронанд, ки ба ҷашни Рӯзи ваҳдат омодагӣ мебинанд.

Ба гуфтаи роҳбари идораи фарҳанги шаҳри Хоруғ Маҳингул Додихудоева, бо ин рақси мардонаи мардумӣ шамшер на чун силоҳ, балки чун воситаи санъату зебоӣ ба бинандагон муаррифӣ мешавад.

Вай гуфт, рақси шамшер , ба вижа дар лаҳзаҳои бо ҳаракатҳои тез аз ғилоф кашидану ба даҳон ва чашм наздик овардану ба ғилоф задани он аз иҷрокунанда маҳорату малакаи махсус талаб мекунад.

Дар ҳамин ҳол дар ноҳияи Ишкошим 50 нафар калтакдорон ҷамъ омадаанд. Аммо онҳо на нақши «калтакдорони сурх»-и даврони шӯравиро бозӣ мекунанд, балки дар Рӯзи ваҳдат калтакҳоро ба чархиш дароварда, рақс мекунанд.

Калтак дар кӯҳистон ба сифати олоти чупонӣ ва ҳамсафари мусофирон барои муҳофизат аз таҳоҷуми даррандагон истифода мешуд. Рақс бо калтак дар Бадахшон дар мардум маҳбубияти хоса дорад ва ҳангоми маъракаҳои хурсандӣ иҷро мешавад.

Ба гуфтаи санъаткор Саидбек Қудратов, рақси калтакро асосан дунафарӣ, чаҳорнафарӣ ва гурӯҳӣ иҷро мекунанд. Дар он ҳаракати пову дасту чеҳра бо садои ба ҳам хурдани чӯбҳо ҷур мешавад ва манзараи ҷаззобро ба вуҷуд меорад.

50 нафар санъаткорони ноҳияи Роштқалъа бо аспҳои чубин вориди майдони ҷашни Ваҳдат хоҳанд шуд. Яке аз рақоссон Мутриб Шоискандаров мегӯяд, ин рақс нишонаҳои варзиш ва бозиро дар либоси санъат ба тамошобин пешкаш мекунад ва иҷрои он аз ҳунарманд чобукӣ, серҳаракатӣ ва чеҳрабозиро талаб мекунад.

Аммо бонувони даф ба каф дар рӯзҳои баргузории ҷашн аз ҳама бештар аз худ дарак медиҳанд. Ба гуфтаи Маҳингул Додихудоева, доира рамзи офтоб буда, аз нурҳои он қувват мегирад ва садои даф чун рамзи пирӯзӣ, хушбахтӣ ва шодиву нишот дар ҷашни Ваҳдат танинандоз хоҳад шуд.

Ба иттилои идораи фарҳанги Бадахшон, дар барномаи фарҳангии таҷлили Рӯзи ваҳдат наздик 4 ҳазор санъаткорон, ба шумули донишҷӯёну мактаббачагон ҷалб мешаванд. Ҷашни Рӯзи ваҳдат қарор аст 27-уми июн дар Хоруғ баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG