Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макони парвариши мутахассисони соҳаи варзиш


Меъёри дарсазхудкунӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов 98,5 дар садро ташкил медиҳад, ки ин беҳтарин нишондиҳандаи донишкада дар се моҳи соли ҷорӣ аст.

Ин нукта дар гузориши Шодӣ Сафаров, раиси ин донишкада, дар як нишасти матбуотӣ, ки 28-уми апрел баргузор гардид, таъкид шуд.

Оқои Сафаров афзуд, дар айни ҳол дар шӯъбаҳои рӯзонаю ғоибонаи ин донишкада, ки макони парвариши мутахассисони соҳаи варзиш маҳсуб мешавад, беш аз 2700 нафар дар чаҳор факулта таҳсил мекунанд. Он чиз боиси хушнудист, ки теъдоди духтарони донишҷӯ дар донишкада пайваста мефзояд ва феълан шумораи онҳо ба беш аз 120 нафар мерасад. Ба донишҷӯён 134 нафар омӯзгорон, ки унвонҳои баланди варзишию тахассусӣ доранд, дарс мегӯянд.

Ҳудуди 50 нафар донишҷӯён ба ҳайатҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дохиланд. Бархе аз онҳо, мисли Шералӣ Достиев (бокс), Зоирҷон Пиров (кикбоксинг), гуштигирон Акмолиддин Каримов, Мурод Тӯйчиев, Муҳаммад Абдураҳмонов ва Айниддин Қурбонов, Мақсадуллоҳ Ҷабборов (ушу), Фарҳод Қуралов, Надима Мирзоева (варзиши сабук) ва дигарон дар мусобиқоти ҷумҳуриявию байнулмилалӣ натиҷаҳои баланд ба даст овардаанд.

Шодӣ Сафаров ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ моҳи май дар донишкада Маркази фарҳангу фароғатӣ ба истифода дода хоҳад шуд.

Вале дар баробари пешравиҳо, дар ин нишаст таъкид шуд, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба иншооти замонавии варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG