Пайвандҳои дастрасӣ

Президент дари раисонро ба шаҳрвандон боз кард?


Бинои ҳукумати вилояти Хатлон

Бинои ҳукумати вилояти Хатлон

Мушкили «табъи хираи раис»


Саъбагул Худойбердиева, сарвари хоҷагии деҳқонии мавсум ба «Ташаббускор»-и ноҳияи Хуросон, мегўяд, наздик ба ду моҳ аст, ки талошҳояш барои дидору гуфтугў бо раиси ноҳия бенатиҷа анҷом меёбанд. Ӯ мехоҳад танҳо бо масъалаи корӣ ба дидори раиси ҳукумат бирасад, аммо тобеъонаш раисро дар як фазои дастнорас қарор додаанд.

«Ба назди худи раис, муовини якумаш се моҳ шуд, ки омада меравам. Пеши раис иҷоза намедиҳанд, то дароям. Ҳар боре, ки меоям ба қабулаш, мегўянд, ки «мумкин нест, насроении раис имрўз нест, ягон вақти дигар биё…» Наход сарвари хоҷагӣ шуда, дар як сол як маротиба ҳам ба қабули раиси ноҳия даромадан мумкин набошад?! Ман соли саввум аст, ки сарвари хоҷагӣ ҳастам, лекин ягон бор бо раиси ҳукумат мулоқот надоштам, чунки атрофиёнаш намегузоранд… Ҳатто барои гирифтани як имзо ва мўҳр ҳам овораву сарсон ҳастам…»

Ҳамин гуна, мисли ў даҳҳо ва шояд садҳо корафтодаи дигар аст, ки дар сурати ба мулоқоти раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ нарасидан, ба ҳукумати Тоҷикистон ва ё худи раисҷумҳур муроҷеъ мешаванд.

Раҷабалӣ Раҷабов, сокини ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон, мегўяд, сарфи назар аз муроҷиатҳои батакрораш ба мақомоти расмии ноҳия, ҳеҷ мақоме ба мушкилоти хонаводаи ниёзмандаш расидагӣ накардааст.

«Хоҳиш мекунам, сабт кунед, нависед, ки ман ба бисёр корхонаҳо муроҷиат кардам, бисёр идораҳо, намемонанд, баҳона мекунанд, ки раис нест, ё ки ҳасту хоб аст, андактар биё, ё вай имрўз қабул карда наметавонад, аризаатро навишта пешниҳод кун… Рост мегўяд сарвари давлат, бояд ҳукуматдорон мардума қабул кунанд, лекин дар асл ҳеҷ кас фикри одамони корафтодаро намекунад…»

Президент ба раисон: «Беэътиноӣ мекунед...»


Президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ аз руасои шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо тақозо кард, ки минбаъд ҳар рўзи шанбе дарҳои утоқи кории худро боз карда, ба арзу дархости сокинони маҳаллӣ гўш бидиҳанд. Раисҷумҳур дар
Ҳукумати ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон
паёми солонааш аз ҷумла гуфт, баррасии ҳаматарафа ва холисонаи муроҷиати шаҳрвандон ва барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо, бояд омили муайянкунандаи арзёбии фаъолияти мақомоти давлатӣ бошад.

Ба иддаои президент «шумораи муроҷиатҳои шаҳрвандон ба мақомоти болоӣ сол то сол меафзояд ва яке аз сабабҳои он аз тарафи роҳбарони мақомоти давлатӣ дуруст ба роҳ монда нашудани қабули шаҳрвандон ва беэътиноӣ нисбат ба арзу шикоёти онҳо мебошад».

Раҳматулло Сафаров, собиқ раиси ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон, мегўяд, афзоиши арзу шикоятҳои мардум ва муроҷиати онҳо ба мақомоти болоии ҳокимияти давлатӣ як сабаби аслии содир шудани амри нави раисиҷумҳур будааст:

«Арзу шикоятҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба худи Президенти кишвар зиёд шудааст, мардум ба сомонаи раисиҷумҳур муроҷиат мекунанд, аз ин рў, чунин супориш дода шудааст, то бо мардуми маҳаллӣ ҳукуматҳои маҳаллӣ робитаи зич дошта, дар ҳалли мушкилоташон мусоидат кунанд. Агар кори ҳукуматҳои маҳаллӣ дуруст ба роҳ монда шавад, шаҳрвандон то ба ҳукумати вилояту ҷумҳурӣ ва президент камтар муроҷиат мекунанд…»

Ибрат аз сабақи қирғизӣ?


Коршиносони маҳаллӣ мегўянд, дастури нави раисҷумҳур ба гунае ба ҳаводиси ахири Қирғизистон рабт дорад. Сайраҳмон Назриев, таҳлилгари тоҷик мегўяд, нооромиҳо ва эътирозҳои мардум аз фосилагириҳои ҳукуматдорони қирғиз, ки бо сарнагунии ҳукумат ва истеъфои иҷбории президент анҷом ёфт, як андоза мақомоти кишварҳои ҳамсояро нигарон кард:

«Таҳаввулоти Қирғизистон бисёре аз ҳукуматҳои кишварҳои ҳамсояро ҳушёр намуд. Ҳар қадар ҳукумат худро аз мардум канор бигирад, ҳамон қадар шумори шаҳрвандони норизо хоҳад афзуд. Дигар кишварҳои минтақа ҳам ҳамакнун дарк карданд, ки бояд бо мардум наздиктар шуда, аслан дар хизмати халқ қарор бигиранд, чун маоши онҳо ва ҳама кору пайкорашон бо маблағҳои андози ҳамин мардум таъмин мешавад…»

Маҳмадшариф Абдулхайров, корманди масъули риштаи иттилоотию таҳлилии ҳукумати вилояти Хатлон, дар робита ба дастури нави президент раиси вилоят ҳамроҳ бо муовинонаш тасмим гирифтааст, шанбеи оянда аввалин рўзи дарҳои бози ҳукуматро доир кунад.


Борони суолҳои андозсупорандагон


Ин ҳама дар ҳолест, ки сокинони ин ноҳияҳо мегўянд, ба руасои шаҳру навоҳии худ саволҳои зиёде доранд, ки дар аввалин рўзи қабули онҳо хоҳанд дод.

Раҳмонҷон Розиқов, раиси шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Хатлон: «Ҳамин хонаи маданият, боғи фароғати фарҳангӣ ва дигар мавзеъҳое, ки шаҳрвандони солманду иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ метавонанд тафреҳ дошта бошанд, дубора барқарор шаванд. Заминҳоро ҳама фурўхтанд, таъминоти иҷтимоӣ, вазъи экологӣ дар шаҳр беҳбудӣ мехоҳад, бояд ҳукумат сари ин мушкилот андеша кунад…»

Садбарг Қамбарова, сокини шаҳри Қўрғонтеппа: «Мушкилоти дастрасӣ ба ҳукумат ва роҳбарон, рости гап, то ин замон буд. Шаҳрвандон бо ариза муроҷиат мекунанд ба ҳукумат, лекин роҳбарон мегуфтанд, ки «вақт нест, бояд маҷлис равам, пагоҳ биё, ё пеши ягон масъули дигар равед». Шояд акнун муносибати мансабдорон тағийр ёбад, беҳтар шавад…»

Абдусамад Бобоҷонов, раиси ҷамъияти маъюбони шаҳри Қўрғонтеппа: «Мо бояд аз камбудиҳои рўзгор ва кори шаҳрдорӣ кушоду равшан гап занем. Аз пешравиҳо ҳеҷ вақт сархушу сарбаланд нашавем. Бигузор аз ин пешравиҳо фарзандони мо аҳра бардоранд. Кори ҳукумат бояд беҳтар ба роҳ монда шавад…»

Ҳукуматҳои бисёре аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон тасмим доранд, рўзи шанбеи оянда ба аввалин саволу дархости шаҳрвандон посух бигўянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG