Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили кирми решахӯр дар Ҳамадонӣ


Наздики 500 ҳектор замин дар ноҳияи Ҳамадонӣ бинобар осеб дидан аз кирми решахӯр нокишта боқӣ мондааст.

Алихон Холиқов, муовини аввали раиси ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, ин заминҳоро, ки дар наздикии кӯҳи намаки Хоҷамӯъмин мавқеият доранд, соҳибонашон имсол истифода накарданд.

Зеро ба гуфтаи ӯ, ду соли ахир кирми номаълуме, ки танҳо решаи гандуму зағер ва дигар навъи зироатро истеъмол мекунад, мазореи киштаро ба нестӣ расонида буд. Ҷаноби Холиқов мегӯяд, идораи кишоварзии ноҳия талош кард, то бо ин навъи кирм мубориза барад, аммо ҳисоби пешакӣ нишон дод, ки қиммати заҳрдорӯ аз ҳосили ба даст оварда дар ин заминҳо бештар аст.

Дар бастагӣ ба ин мушкил ӯ афзуд: “Аз заҳр истифода бурдан имконнопазир аст, зеро ин ба арзиши аслии маҳсулот мувофиқат намекунад. Ба ҳамин хотир кирми решаро нест карда наметавонем ”.

Дар ҳамин ҳол Насриддин Гадоев, як сокини ин ноҳия мегӯяд, дар ҳоле, ки эшон аз истифодаи он заминҳо даст кашидаанд, ҳукумати маҳаллӣ барояшон аз дигар мавзеъ замин ҷудо накард.

Оқои Гадоев гуфт: “Ҳарчанд, муроҷиат кардем бароямон замин дода нашуд ва имсол дар ҳеҷ куҷо гандум накиштем. Намедонем имсол бо кадом роҳ зиндагӣ гузаронем”.

Орзӯ Ҳамидов, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, камбуди заҳрдорӯ мушкили танҳо як ноҳия нест. Ба гуфтаи ӯ, бо сабаби дастрас накардани заҳрдорӯ, ҳашароти гуногун ба мазореи кишту боғот дар минтақаи Кӯлоб ҳар сол зиёни ҷиддӣ мерасонад.

Вай мегӯяд: “Ҳам дар соҳаи пахтакорӣ ва ҳам боғпарварӣ аз сабаби нарасидани заҳрдорӯ талафот зиёд аст. Бо як ҳисобе ба гуфтаи боғкорон аз ҳамин ҳисоб онҳо 70 фисади меваҷоташонро аз даст медиҳанд. Кирм мезанад, мепусад”.

Алихон Холиқов, муовини аввали раиси ноҳияи Ҳамадонӣ аз боло будани қиммати заҳрдорӯ ва дастрас набудани он барои деҳқон шиква дорад. Ба гуфтаи ӯ, қарзҳои ҳангуфти хоҷагиҳои пахтакор маҳз аз ҳисоби харидории заҳрдорӯ мебошад.

Ӯ афзуд: “Ноҳияи мо агар давоми се чор соли ахир 20 миллион долар дар соҳаи зироаткорӣ қарздор шуда бошад, аз ҳамин тақрибан соле наздики 1 миллион долараш ба харидории заҳрдорӯ сарф шудааст”.

Аммо ба гуфтаи масъулин пас аз санҷиш эҳтимол дар заминҳои бекорхобидаи аз кирми решахур зарардид, барои санҷиш дигар навъи зироат корида шавад.

Ноҳияи Ҳамадонӣ, яке аз навоҳии пахтакори вилояти Хатлон аст. Дар ин ноҳия соле то 13 ҳазор ҳектор замин пахта, гандум ва дигар навъи зироат кишта мешавад.
XS
SM
MD
LG