Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири молия: "Аз таблиғоти камтаъсир худдорӣ шуд"


Аз ҳисоби маблағҳои мардумӣ то имрӯз ба маблағи 76 миллион сомонӣ барои ду агрегати нерӯгоҳи Роғун таҷҳизот харидорӣ шудааст. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, гуфт, 814 миллион сомонии дигар, ки аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ба даст омадааст, дар хазинаи Вазорати молия ва бонкҳои тиҷоратии кишвар маҳфузанд.

Вазири молияи Тоҷикистон дар сӯҳбате, ки субҳи имрӯз, 26-уми апрел, бо хабарнигорон дошт, анҷоми маъракаи таблиғотии Роғунро рад кард ва гуфт, «танҳо аз он гунаи таблиғот, ки таъсири кам доштааст, худдорӣ шудааст». Аммо ҷаноби вазир мушаххас накард, ки кадом гунаи таблиғотро дар назар дошт.

Сафаралӣ Наҷмиддинов аз фурӯши саҳмияҳои Роғун арқом овард ва ин арқом ҳокӣ аз кунд шудани суръати фурӯши ин саҳмияҳо мебошанд. Агар танҳо дар моҳи январ ба маблағи 710 миллион сомонӣ мардум саҳмия харида бошад, дар моҳҳои феврал-апрел мардум ба маблағи 180 миллион сомонӣ саҳмия харидаанд.

Вазири молияи Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки феълан саҳмияҳои Сангтӯда-1 ҷамъоварӣ ва санҷиш шуда истодаанд ва то ҳол ба маблағи қариб як миллион доллар саҳмияҳои Сангтӯда-1 аз санҷиш гузаштаанд.

Бино бар омори Вазорати молияи Тоҷикистон, қарзи давлатии берунаи Тоҷикистон то имрӯз бештар аз як миллиарду 700 миллион долларро ташкил додааст, ки ин рақам аз ММД-и ҷумҳурӣ 34,9 дарсад бештар будааст.

Тафсилоти бештар аз конфронси матбуотии вазири молия каме дертар ба нашр хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG