Пайвандҳои дастрасӣ

Давраи бозомӯзии хабарнигорони варзиш дар Душанбе


24-уми апрел, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон давраи бозомӯзии хабарнигорони соҳаи варзиши Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин давра, ки бо ибтикори Ассотсиатсияи хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон, Федеросиюни гуштии дзюдои кишвар ва Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон таҳти шиори «Варзиш – зидди нашъамандӣ» баргузор шуд, намояндагони расонаҳои хабарӣ аз манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ ширкат карданд.

Ба иттилои Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, ин давраи бозомӯзӣ, бешак, барои баланд бардоштани савия ва малакаи касбии шореҳон ва хабарнигорони соҳа мусоидат хоҳад кард.

Бар асоси барномаи давраи бозомӯзӣ хабарнигорон, инчунин, бо муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Алимаҳмад Мирзоев, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар Ширинҷон Мамадсафоев ва раиси Федеросиюни гуштии дзюдои ҷумҳурӣ Нурулло Лоиқов ва намояндаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон Бахтиёр Сафаров мулоқот карда, ба суолҳои худ посухҳои дақиқ гирифтанд.

Ба гуфтаи раҳбарони кумитаҳои варзиш ва олимпии Тоҷикистон, дастаҳои мунтахаби кишвар барои ширкат дар Бозиҳои осиёӣ дар Чин (моҳи ноябр) ва нахустин Бозиҳои олимпии наврасон дар Сингапур (моҳи август) омодагӣ мебинанд.

Раиси Федеросиюни дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки аз 30-юми апрел то 2-юми май дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба дзюдо таҳти шиори "Варзиш-зидди нашъамандӣ" баргузор мешавад, ки дар он беҳтарин паҳлавонон аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG