Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи як созишномаи миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мутахассисони беш аз 200 ҳирфа ва ҳунари тоҷик имкон доранд, ки ба Арабистони Саудӣ барои кор бираванд.

Маоши камтарин 350 доллар будааст ва пизишкони соҳибтаҷриба метавонистаанд то 8.000 доллар маош бигиранд. Сари масъалаи муҳоҷират ба Саудӣ феълан танҳо як ширкат бо номи "Замони Юнус" кор мебарад.

Ин ширкат мегӯяд, то ҳол тақрибан 3,500 хоҳишманди муҳоҷирати корӣ дар Саудӣ номнавис шудаанд ва ба наздикӣ як гурӯҳи 25-нафара, пас аз он гурӯҳи 137-нафара озими сафар хоҳанд шуд. Раҳбари ширкати "Замони Юнус" мегӯяд, коргаронро бар иловаи омӯзиши забон, ҳамчунин, бо фарҳанг, урфу одат ва қонунҳои кишвари муҳоҷират ошно мекунанд ва сипас мефиристанд.

Бекорӣ ва маоши кам ҳам ба ҷони мардум задааст ва як роҳи наҷотро дар кор дар Саудӣ мебинанд. Вале нигароние, ки дар маҳофил вуҷуд дорад, амният ва риояи ҳуқуқи муҳоҷирон мебошад. Тарсе ҳам вуҷуд дорад, ки ҳоли тоҷикони Русия дар Саудӣ низ такрор наёбад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG