Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ҷаҳони варзиш»: аз майдони футбол ба ҷаҳонгардӣ бо дучарха


Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» мусоҳибаи хабарнигори радиои Озодӣ бо Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ба шунавандагон пешкаш мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо ширкати 9 даста ҷараён дорад. Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки дар ҳамаи 3 бозӣ ғолиб омадааст, бо 9 имтиёз пешсаф мебошад. Муддаъиёни дигари унвони қаҳрамонӣ - дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа 6-имтиёзӣ ба даст овардаанд. «Вахш» се бозӣ, вале «Истиқлол» як бозӣ камтар анҷом додааст. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Истиқлол» дар ҷои дуюм ва «Вахш» дар ҷои сеюм қарор доранд. Дар барномаҳои пешин мо бо мураббиёни дастаҳои «Вахш»-у «Регар» ТадАЗ сӯҳбатҳо ороста будем. Ин дафъа меҳмони барномаи мо Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе.

Инчунин дар ин барнома гузориши ҳамкори мо Шаҳлои Гулхоҷа дар бораи ду ҷаҳонгарди ҷавони тоҷик, ки 20-уми апрел бо дучарха ё велосипед аз майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ба сафари 100-рӯза баромаданд, пешкаши шунавандагон мешавад.

То имрӯз мо борҳо шоҳиди он шудем, ки сайёҳҳони зиёди хориҷӣ бо дучархаву мотосикл ба Тоҷикистон меомаданд, аммо шояд ба гӯшаи хаёламон намерасид, ки замоне ҷавонони тоҷик ҳам барои анҷоми сафарҳо ба кишварҳои дигар, аз ҳамин усул кор хоҳанд гирифт. Аниқтараш, 20-уми апрел ду ҷавони тоҷик, Алишер Хушвахтови 25- сола ва Саидалӣ Азизов, ки бисту ҳафт сол дорад, бо дучарха ба сафари 100-рӯза баромаданд, ва тасмим гирифтаанд дар ин муддат 14 ҳазор километрро тай намоянд.

Алишер мегӯяд, идеяи ин сафар дар зеҳнаш ду соли пеш пайдо шуда буд ва соли гузашта ӯву дӯсташ иқдом доштанд бо велосипед то Истамбул сафар кунанд. Аммо чун аз ҷониби Кумитаҳои олимпии Узбакистон ва Туркманистон иҷозаро дер гирифтанд, ин сафар лағв шуд. Алишер гуфт, «аслан мо мехоҳем ба ҷаҳониён исбот кунем, ки ҷавонони тоҷик низ иродаи қавӣ доранд, варзишро дӯст медоранд ва метавонанд чунин сафарҳоро анҷом бидиҳанд».

Ба гуфтаи Алишер сафари дарозмуддати онҳо таҳти шиори «Варзиш-алайҳи нашъамандӣ» анҷом хоҳад шуд.Ин саёҳҳони тоҷик ният доранд, ки бо велосипед Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Беларус, Укроин, Чеченистон, Доғистон, Озарбойҷон, Эрону Туркманистонро убур намоянд.

Алишер мегӯяд, «нахуст мо нақша доштем, ки 21 кишварро бо тӯли 19 ҳазор километр тай карда, то ба Лондон биравем, аммо чун сарпараст пайдо накардем, қарор додем тӯли сафарамонро коҳиш бидиҳем. Умуман мо бояд ҳар рӯз 200 километрро тай кунем».

Саидалӣ Азизов, сайёҳи дигар мегӯяд, барои ин ҷаҳонгардӣ онҳо зиёд омодагӣ ва машқ кардаанд. Вай гуфт, «аз он ки хатти сайри мо тариқи бархе аз нуқтаҳои доғ мегузарад, мо ҳарос надорем. Зеро медонем,ки бархе ҷаҳонгардон ҳатто бо роҳи Афғонистон, кишвари ҷангзада сафар кардаанд. Сафари мо миёни мардум аст ва аз мардуми оддӣ ҳазар набояд кард».

Гуфта мешавад, ба ин ҷаҳонгардони ҷавон ду сармоягузори инфиродӣ қисмати асосии дучархаи истеҳсоли Итолиёро харидорӣ кардаанд ва қисматҳои дигарро худи онҳо дар Тоҷикистон пайдо ва дуруст намудаанд.

Алишер Хушвахтов ва Саидалӣ Азизов хуб медонанд, ки ин сафари дарозмуддат пур аз мушкилот аст, вале онҳо мегӯянд чун азм карданд, ҳатман ин роҳро тай хоҳанд кард.

Ва агар шумо мехоҳед аз ҷараёни сафари ин ду ҷаҳонгарди ҷавони тоҷик огаҳ бошад, метавонед ба саҳифаи www.ts.tj ворид шавед ва бевосита сафари онҳоро дар кишварҳои мухталиф назорат кунед.

Ҳамчунин дар ин барнома шунавандагонро бо хабарҳои варзишӣ ошно мекунем:

Президенти фахрии Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Хуан Антонио Самаранч дар синнии 90-солагӣ аз олам даргузашт. Бино ба хабари Reuters Самаранч дар бемористони Барселонаи Испониё бар асари сактаи қалбӣ вафот кард. Хуан Антонио Самаранч 17-уми июли соли 1920 дар Барселона ба дунё омада буд. Самаранч соли 1980 президенти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ интихоб шуда, дар ин вазифа то соли 2001 кор кардааст. Вақте ки ӯро Жакк Роге иваз намуд, Самаранч президенти фахрии Кумитаи байнулмилалии олимпӣ буд.

Барак Обама, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, мухлиси ашадии варзиш аст. Вай мекӯшад, то ки дар бозиҳои сабқати баскетбол ҳузур дошта бошад, бозии бейсболро мепарастад, вале бозии дӯстдоштааш голф мебошад. Обама дар муддати қариб ду сол дар Қасри Сафед дар майдони сабзи қароргоҳи худ 32 бозӣ кардааст. Вале рпрезиденти пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш дар муддати 8 соли раҳбарии худ ҳамагӣ 24 бозии голф анҷом додааст, хабар медиҳад ВВС Sport. Нашрияи амрикоии Golf Digest Обамаро дар рейтинг ё феҳристи раисони ҷумҳуре, ки голфбозӣ мекунанд, дар мақоми 8-ум гузоштааст. Вай аз Билл Клинтон як зина поин ҷойгир шудааст, вале аз Роналд Рейган пеш гузаштааст. Беҳтарин бозигари голф Ҷон Кеннеди эътироф гаштааст.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG