Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуздаҳ соли бебарқии Кафтаргузар


Сокинони деҳаи Кафтаргузари ноҳияи Нуробод мегӯянд, аз замони шӯравӣ то имрӯз аз барқ комилан маҳруманд. Мардуми ин деҳа барои пӯхтани ғизо ва гарм кардани манзилҳояшон аз ҳезум истифода мекунанд.

Агарчи аз Кафтаргузар то деҳоти ҳамсоя, ки бо барқ таъминанд, ҳамагӣ чаҳор километр роҳ аст, вале то кунун масъалаи кашидани хати барқ ба ин деҳа ҳалли худро наёфтааст.

Шарофиддин Сафиев, раиси ин деҳа, мегӯяд, сол аз сол аҳолӣ дар ин русто меафзояд ва мардум аз набуди барқ бештар ранҷ мекашанд. Вай афзуд, «қариб дар кӯҳу пушта ҳезум намондааст ва нобудшавии ҷангалҳо ҳодисаҳои тармахезӣ ва кучиши талу теппаҳоро бештар кардааст».

Набуди барқ аз ҳама беш кори бонувонро мушкил кардааст. Гулизор Мазориева, як сокини ин деҳа, мегӯяд, занони деҳа бештари вақти худро барои ҷамъоварии ҳезум ва пухтани ғизо сарф мекунанд. Пухтупаз дар мавсими сармо барои бонувони Кафтаргузар ба кори тоқатфарсо табдил мешавад.

Сокинони ин деҳа тайи 19 соли бебарқӣ аз дидани телевизион ва шунидани радио низ маҳруманд. Хонум Гулизор Мазориева бо ҳасрат аз замони пеш ёд мекунад ва мегӯяд, охирин бор барномаҳои телевизиониро дар меҳмонии яке аз наздиконаш, ки дар деҳаи дигар ба сар мебарад, тамошо кардааст.

Дар ин деҳа як мактаби ибтидоӣ фаъол аст, ки дар фасли зимистон ба мушкилӣ сардӣ рӯбарӯ мешавад. Умед, як муҳассили мактаби Кафтаргузар, орзу дорад, ки рӯзе деҳаи худро чароғон бубинад. Вай мегӯяд, дарсҳояшро дар хона танҳо рӯзона омода мекунад, зеро бо сабаби камбуди сузишворӣ шабона онҳо чароғи дастиро низ хеле кам истифода мекунанд.

Харчанд рустои Кафтаргузар, ки аз 30 хонавода иборат аст, ба воҳидҳои маъмурии ноҳияи Нуробод шомил мешавад, аммо аксари мардум онро дарвозаи Вахё меноманд. Маҳз аз ҳамин мавзеъ водии Вахё оғоз мешавад, дар масофаи беш аз 200 километр деҳоти канораи рудхонаи Хингобро дар бар мегирад.

Дар поёни ҳамин мавзеъ ҳамагӣ дар чандсадметрӣ бунёди нерӯгоҳи «Нурободи 1» ба нақша гирифта шудааст, вале то кунун корҳои бунёдӣ дар ин нерӯгоҳ шурӯъ нагаштааст.

Ин дар ҳолест, ки масъулини шабакаҳои барқдиҳии минтақаи Рашт мегӯянд, кашидани хати барқ ба ин русто ва чанд рустои дигари бебарқ ба нақша гирифта шуда буд, аммо бӯҳрони молиявӣ шурӯи ин корро ба таъхир андохтаст.

Сайдамир Сияҳмардов, собиқ мудири нерӯгоҳи барқии обии Роғун ва раиси тозаинтихоби ноҳияи Нуробод, тайи як сӯҳбат чанд рӯз пеш бо хабарнигорон гуфт, ба мушкили сокинони Кафтаргузар расидагӣ хоҳад кард.

Вале сокинони деҳаи Кафтаргузар мегӯянд, мақомоти марбута борҳо ба онҳо ваъдаи кумак кардаанд, вале мушкили онҳо боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG