Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, дар ҷараёни дидор бо ҳамтои узбакаш Ислом Каримов дар Маскав гуфт, Узбакистон шарики стратегии Русия аст ва мо мехоҳем бо ин кишвари дӯст ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро тақвият бахшем.

Аммо ҷаноби Медведев бо таассуф ёдовар шуд, ки дар ин авохир додугирифт миёни Русия ва Узбакистон то 24 дарсад коҳиш ёфтааст. Дмитрий Медведев гуфт, агар ҳарду кишвар барои иҷрои барномаҳои ҳамкорӣ талош кунанд, имкони афзун кардани табодули коло миёни ду кишвар вуҷуд дорад.

Мушкилоти равобити Маскав ва Тошканд

Бино ба навиштаи расонаҳои хабарии Русия, Дмитрий Медведев дар ин мулоқот ҳамчунин таъкид кардааст, ки дар равобит миёни Русия ва Узбакистон мушкилиҳои зиёд вуҷуд дорад ва бархе тавофуқу қарордодҳо аз сӯи Узбакистон иҷро намешавад. Бар илова Узбакистон дар сиёсати минтақаӣ дар тавсеаи ҳамгироӣ миёни кишварҳои минтақа монеа эҷод мекунад.

Худойбердӣ Холиқазаров, таҳлилгари маркази мутолеоти сиёсии раёсатҷумҳури Тоҷикистон, дар ин маврид гуфт, «робитаи сиёсии Русия ва Узбакистон он қадар хуб нест. Бахусус иқдоми Узбакистон дар бораи даст кашидан дар саҳмгирӣ дар нерӯҳои зудамали Созмони паймони амнияти ҷамъии кишварҳои ҳамсуд Русияро мутаассир кард. Русия аз Узбакистон сахт ранҷид».

Ширкатҳои Русия ва бозори сиёҳи Узбакистон

Дар ҳоли ҳозир б еш аз 800 ширкати хусусиву давлатии Русия дар Узбакистон фаъолият доранд. Вале масъалаи табдили суми узбакӣ ба дигар асъор ва вуҷуди бозори сиёҳи асъор дар Узбакистон дар фаъолияти ширкатҳои Русия монеа эҷод кардааст.

Вай афзуд, барои мисол, ширкати «Аэрофлот» то ба ҳол наметавонад 15 миллион доллари худро аз бонкҳои Узбакистон дарёфт кунад. Бар илова фаъолияти бузургтарин корхонаи «Вимбилдан»-и Русия дар Тошканд мутаваққиф шудааст.

Соли гузашта Узбакистон пешниҳоди Русия дар бораи ба Иттиҳоди ширкатҳои ҳавопаймосозии Руси пайвастани корхонаи ҳавопаймосозии Тошкандро пазируфт ва дар ин бора меморандум имзо шуд. Вале Узбакистон дар ин бора иқдоме накард. Ва Русия низ аз сармоягузорӣ дар тавлиди ҳавопаймоҳои Илюшин-114, Илюшин-76 ва Ан-124 худдорӣ кард.

Қарзи 700-миллиондолларӣ

Ба гуфтаи бархе аз коршиносони Русия, масъалаи дигаре, ки ба Ислом Каримов имкон намедиҳад, дар ин гуфтугӯҳо хости худро тақозо кунад, қарзи 700 миллиондолларии Узбакистон аз Русия аст. Парлумони Русия ин қарзро бепоя хондааст. Ислом Каримов борҳо хостори лағви ин қарз аз сӯи Русия шуда буд, вале Русия инро напазируфт. Ба ин далел бархе аз коршиносон мутмаинанд, ки Русия ба Ислом Каримов ва сиёсати хориҷаи вай эътимод надорад.

Худойбердӣ Ҳақназаров дар ин робита мегӯяд, «Ислом Каримов дар мулоқотҳо Узбакистонро кишвари дӯсти Русия мехонад ва тавофуқҳо имзо мекунад. Вале дар иҷрои ин қарордодҳо иқдом намекунад. Тӯли даҳсолаҳои ахир мо шоҳиди он будем, ки Ислом Каримов борҳо сиёсати худро дар қиболи Русия тағйир дод ва ба Ғарбу Амрико рӯ овард. Сиёсатмадорони Русия инро хуб медонанд ва ба ин далел ба мақомоти олии Узбакистон эътимод надоранд».

Шикояти Каримов аз Роғун ва Қамбарота

Ба эътиқоди таҳлилгар Худойбердӣ Ҳақназаров, агар дар гуфтугӯҳои Маскав Ислом Каримов масъалаи пуштибонии Русия аз мавқеи Узбакистон дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон ва Қамбаротаи Қирғизистонро низ матраҳ кунад, Дмитрий Медведев ба нафъи Узбакистон ҷуз экспертизаи байнулмилалӣ, ки як амри маъмулист, зиёдравӣ нахоҳад кард.

Вай афзуд, «аз эҳтимол дур аст, ки Русия назари расмии худро нисбати сохтмони нерӯгоҳҳои Роғун ва Қамбарота тағйир дода, аз мавқеи Узбакистон дар ин бора пуштибонии бештареро раво бинад».

Ахиран Узбакистон ба далели мухолифаташ ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар транзити колоҳо ба Тоҷикистон монеа эҷод кардааст. Ва Тоҷикистон тасмим дорад, аз ин иқдоми Узбакистон ба созмонҳои байнулмилалӣ шикоят бубарад.

Дар ҳоле, ки ин раванди Узбакистон ба раванди ҳамгироӣ миёни кишварҳои минтақа дар чорчӯби ҳамкориҳои Шонгҳой, ОДКБ ва ЕврАзЭС халал ворид кардааст, коршиносон баид медонанд, ки дар чунин шароит Русия аз мавқеи Узбакистон пуштибонии бештар кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG