Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд номуайянии хати марз миёни Тоҷикистон бо Қирғизистону Узбакистон ва боздошти қаторҳои Тоҷикистонро мушкили умдаи сокинони вилоят унвон кард, ки бар асари он ҳуқуқи онҳо поймол шуда ва зиёни иқтисодӣ мебинанд.

Ӯ зимни нишасти хабарии рӯзи душанбеи 19 -уми апрел бо ишора ба амалкарди ахири сарҳадбонони қирғиз дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара гуфт, аз ҳама беш ҳуқуқи сокинони наздимарзӣ дар шимоли Тоҷикистон барои равуои озодона ва истифода аз обу замин зери по мегардад: «Ин гуна мушкилот асосан дар минтақаҳои баҳснок пайдо шуда истодааст. Ин мушкил хеле ҷиддӣ аст ва то ҳал шудани масъалаи муайн ва нишонгузорӣ шудани марз боқӣ мемонад. Дар он заминҳои басҳнок мардуми мо ё ки қирғизҳо хона месозанд ё замин мекоранд ва сари он баҳсҳо пеш меояд».

Қ. Расулзода афзуд, аммо ба хотири гирифтани пеши роҳи муноқиша ин мушкил ҳамеша таҳти назари мақомоти ҳукумати Суғд қарор дошта, баҳсу масъалаҳо бо роҳи гуфтугӯ ва баррасӣ «дар сатҳи мақомоти ду кишвар» ва «бе дахолати сокинони одӣ» мавриди ҳаллу фасл қарор мегирад. Аз ҷумла, ба муноқишаи ахир дар деҳкадаи Ворухи ноҳияи Исфара, ки чанд марзбони қирғиз хонаҳои сокинони ин маҳалро хароб карданд, таъҷилан поён дода шудааст.

Раиси вилояти Суғд дар мавриди боздошти қатораҳои Тоҷикистон дар Тошканд афзуд, ҳарчанд қатораҳои боркашони вилояти Суғд дар пойтахти Узбакистон аз ҷониби мақомоти ин кишвар боздошта нашудаанд, аммо ин мушкил ба минтақаи шимоли Тоҷикистон низ таъсири манфии ҷиддӣ расонидааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар 3 моҳи аввали соли равон воридоти мол ба вилояти Суғд назар ба ҳамин давраи соли гузашта 40 дар сад коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG