Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи сеюми «Регар» ТадАЗ дар мусобиқаи Лигаи олӣ


Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода пас аз ғалабаи сеюми пасиҳам дар мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали бозиҳо боз ҳам устувор намуд.

Футболбозони шаҳри Турсунзода дар даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар майдони худ дастаи «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст доданд. Давронҷон Тухтасунов (дар дақиқаҳои 28-уму 44-ум) ва Ҷомихон Муҳиддинов (54-уму 60-ум) дуголӣ ва Комил Саидов (68-ум) як гол ба самар расонданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин бозӣ панҷ бародар аз оилаи Рустамовҳо бозӣ карданд: Маъруф ва Ҳасан дар ҳайати «Регар» ТадАЗ ва Зарифу Наврӯзу Фаридун дар ҳайати «Равшан».

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Ҳисобро дар ин бозӣ Сӯҳроб Эгамбердиев, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 19-ум кушод. Вале пас аз 8 дақиқа Умед Ҳабибуллоев ҳисобро баробар намуд. Голи ҳалкунандаи меҳмононро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 63-юм ба самар расонд.

Тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки ба дарвозаи дастаи меҳмон – ССКА «Помир»-и Душанбе ду голи беҷавоб зад, дар мусобиқаи имсола нахустин пирӯзӣ ба даст овард. Голҳоро Шӯҳрат Умаров (дақиқаи 16-ум) ва Аскар Равшанов (24-ум) дар нимаи аввали дидор ба ҳадаф расонданд.

Ёдовар мешавем, ки даври сеюми мусобиқа бо бозии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Хайр»-и Ваҳдат оғоз ёфта, бо ғалабаи қаҳрамони Тоҷикистон - «Вахш» бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расида буд. Голро ҳамлагари мизбонон Аҳтам Ҳамроқулов дар дақиқаи 54-ум ба самар расонд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 9 имтиёз аз 3 бозӣ дар ҷои аввал мебошад. «Истиқлол»-и Душанбе, ки 2 бозӣ анҷом додааст, бо 6 имтиёз ба ҷои дуюм баромад. «Хуҷанд» бо 5 имтиёз аз 3 бозӣ дар ҷои сеюм қарор дорад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 20-уми апрел

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Регар»ТадАЗ

3

3

0

0

11-0

9

2.

«Истиқлол» (Душанбе)

2

2

0

0

4-2

6

3.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

3

1

2

0

4-2

5

4.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

3

1

1

1

4-2

4

5.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

2

1

0

1

1-2

3

6.

ССКА«Помир» (Душанбе)

3

0

2

1

1-3

2

7.

«Энергетик» (Душанбе)

2

0

1

1

2-3

1

8.

«Равшан» (Кӯлоб)

3

0

1

2

1-9

1

9.

«Хайр» (Ваҳдат)

3

0

1

2

1-6

1


Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Давронҷон Тухтасунов («Регар» ТадАЗ) бо 4 гол дар ҷои аввал аст. Жаилтон Оливейра («Регар» ТадАЗ), Ҷомихон Муҳиддинов («Регар» ТадАЗ) ва Сӯҳроб Эгамбердиев («Парвоз») дуголӣ задаанд.
Бозии даври 7-ум байни дастаҳои «Вахш» ва «Энергетик» пешакӣ, рӯзи сешанбеи 20-уми апрел, баргузор мешавад.

Даври 4-ум
24-уми апрел (шанбе)
«Истиқлол» - «Хуҷанд»
ССКА «Помир» - «Регар» ТадАЗ
25-уми апрел (якшанбе)
«Равшан» - «Вахш»
«Энергетик» - «Парвоз»

Бинобар ширкати дастаи «Вахш» дар бозиҳои интихобии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дар Мянмар ва дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё дар Тошканд, Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар тақвими бозиҳои сабқати Лигаи олӣ тағйирот ворид кард. Бозиҳои «Истиқлол» – «Вахш» – аз 4-уми май ба 3-юми май, «Энергетик» – «Хайр» – аз 22-юми май ба 20-уми май, «Хуҷанд» – «Регар» ТадАЗ – аз 22-юми май ба 20-уми май, «Истиқлол» – «Равшан» – аз 22-юми май ба 20-уми май ва
«Парвоз» – «Вахш» – аз 22-юми май ба 21-уми май гузаронида шуданд.
XS
SM
MD
LG