Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навовариҳои Шукурҷон Зуҳуров дар порлумон


Нахустин ҷаласаи кории порлумони нави Тоҷикистон зери раёсати Шукурҷон Зуҳуров аз ҷаласаҳои порлумони қаблӣ чанд тафовут дошт. Аввалин фарқият он буд, ки ҷаласа тамоми соати корӣ дар рӯз идома кард, дар ҳоле ки чунин тарзи кор дар собиқа кам мушоҳида мешуд.

Фарқияти дигар он буд, ки раиси Маҷлис талош мекард вакилон дар баррасии мавзӯъҳо сокит ва бетараф набошанд ва низ яке дигар аз фарқиятҳо додани дастур ва супориш ба вазироне буд, ки дар ҷаласа суханронӣ доштанд.

Дар хатми суханронии Қосим Қосимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон, раиси нави порлумон бо ӯ дар чанд маврид вориди суолу ҷавоб шуд ва дар ба ӯ дастур дод, ки дар иҷрои санади таъйидшуда аз сӯи парлумон ба таври ҷиддӣ машғул шавад.

Парлумони пешина ва нав


Дастури раиси Маҷлис ба вазир дар ҳоле дар толори парлумон садо медиҳад, ки чунин маворид дар ҷаласаҳои парлумони қаблӣ мушоҳида намешуд. Ва дар собиқа раиси Маҷлиси Намояндагон аслан ба вазирон низ дастур намедод.

Парлумони пешина, ки ба унвони ниҳоди олии қонунгузор иҷрои қонунҳо ва фаъолияти ҳокимияти иҷроияро мебоист назорат мекард, нақши хеле ночиз ва заиф дошт.

Ҳамин буд, ки он парлумон тӯли панҷ соли фаъолияташ аз соли 2005 то 2010 натавонист дар низоми ҳокимият мақом пайдо кунад ва ба унвони парлумони хомӯшу сокит шинохта шуда буд.

Вале ҳоло мушоҳида мешавад, ки раиси нав талош дорад истиқлоли амалро барои худ ва парлумон ба унвони як шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ ба даст оварад.

Таассуроти вакилон


Ҷумъабой Сангинов, раиси ҷиноҳи ҲХДТ дар парлумон, низ таъйид кард, ки раиси Маҷлис нафари хеле огоҳ аст ва аксарияти масоил ва мавзӯъҳоро метавонад дуруст баррасӣ кунад ва ба баҳс бикашад. Бар изофа, афзуд оқои Сангинов, талаби президенти кишвар низ ин аст, ки парлумон бо иттифоқи дигар мақомот ва сохтори давлатӣ фаъолият пеш барад.

Ҷаноби Сангинов гуфт, «нуқтаи дигари мавриди таваҷҷӯҳ аз нигоҳи мо ин аст, ки даъвати президенти кишвар дар ҷаласаи аввалини Маҷлиси Намояндагон аз вакилони мардумӣ оиди ҳамкории самаранок ва судманд бо дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла бо ҳукумати Тоҷикистон, аллакай ба мушоҳида расид».

"Услубҳои авторитарӣ ва демократӣ"

Яке дигар аз мушоҳидаҳо дар кори ҷаласаи нахустини парлумон ин буд, ки раиси Маҷлиси Намояндагон мехост вакилон дар доираи дастури кори Маҷлис суханронӣ дошта бошанд ва касе ҳам дар ин замина имтиёз надошта бошад. Барои мисол дар як мавриди баҳс вакили Маҷлиси намояндагон Муҳиддин Кабирӣ хост, ки такроран сӯҳбат кунад, аммо раис иҷоза надод.

Вале Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар парлумон, дар кори ҷаласа ва раҳбарияти он тағйироти назаррасеро мушоҳида накардааст.

Вай мегӯяд, «аз нигоҳи мо, ҳеҷ тағйироти ҷиддие дар рафти ҷаласаи аввали парлумон аз солҳои гузашта набуд ва фақат як фарқият ин буд, ки ин ҷаласа як каме тӯлонитар шуд. Чунин ба назар мерасид , ки дар инҷо услубҳои авторитарӣ ва демократиро мехоҳанд ба ҳам омезиш диҳанд, ки намедонам то чӣ ҳад он муваффақ хоҳад буд».

Ҷалби масъулони ҳукумат ба нишастҳои парлумон

Аммо Исмоил Талбаков, вакил аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, мӯътақид аст, ки дар талошҳои раҳбарияти нави парлумон дигаргуниҳо ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумлаи ин дигаргуниҳо, афзуд оқои Талбаков, ширкати ҳатмии масъулони ҳокимияти иҷроия дар кори ҷаласаҳост, ки минбаъд идома хоҳад кард.

Вай афзуд, «масъалагузорӣ карда шуд, ки дар ҳама ҷаласаҳои Маҷлиси Намояндагон, аз ҷумла дар маҷлисҳои васеи саркумита, вазирону роҳбарони кумитаҳо иштирок намоянд, то ин ки сифати қонунҳо ва таъмини иҷрои онҳо беҳтар шавад».

Вале бо ин вуҷуд, ки раиси парлумон худро нафари огоҳу ҳушёр нишон медиҳад ва талош мекунад ташаббус ва истиқлоли амал дар кори парлумон эҳсос бишавад, бештари соҳибназарон бар ин назаранд, ки ин шохаи ҳокимият ҳанӯз ҳам вобастаи ҳокимияти иҷроия аст. Зеро салоҳият ва ваколатҳои як парлумонеро, ки кишварҳои пешрафтаи демократӣ доранд, надорад.
XS
SM
MD
LG