Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консерти гурӯҳи "Шамс" пас аз 13 соли танаффус


Нобовар, ҳунарманди гурӯҳи "Шамс"
Нобовар, ҳунарманди гурӯҳи "Шамс"

Барномаи навбати «Ояндасоз- мюзик» ба мавзӯъҳои консерти гурӯҳи Шамс баъд аз 13 соли танаффус дар Душанбе, сафари овозхони ҷавони операи тоҷик ба Маскав ва нашри як маҷмуаи нави оҳангҳои наврӯзӣ бахшида шудааст.

Гурӯҳи «Шамс» ахиран дар Кохи Борбад барномаи васеи ҳунарӣ баргузор кард, ки ҳаводорони ин гурӯҳ чунин консертро 13 сол мунтазир буданд.

Ҳарчанд гурӯҳи «Шамс» пайваста дар кишварҳои хориҷ барномаи ҳунарӣ анҷом медиҳад, аммо аз соли 1997 ба инҷониб дар Душанбе консерт баргузор накарда буд.

Нобовар, саронядаи гурӯҳи «Шамс» мегӯяд, барномаи консертӣ комилан ба таври зинда, яъне бидуни истифода аз фонограмма иҷро шуд ва дар он асосан таронаҳои тозаи ин гурӯҳ садо доданд.

Роҳхати сарояндаи тоҷик ба сабқати байналмилалӣ

Шӯҳрат Сафаров, операхони ҷавони тоҷик, барои ширкат дар сабқати байналмилалии мусиқӣ дар Маскав роҳхат гирифтааст. Дар ин озмун, ки аз ҷониби ширкати телевизионӣ ва радиои «Мир» бахшида ба 65-ум солгарди Ғалаба ташкил шудааст, овозхонон аз 9 кишвари Муштаракулманофеъ иштирок мекунанд.

Масъулини озмун мегӯянд, аз муддаиён дар баробари сурудхонӣ ҳамчунин малакаи хуби актёрӣ талаб мешавад, зеро ғолиби озмун ҳаққи нақшофарӣ дар яке аз филмҳои нав дар Русияро пайдо мекунад.

Шӯҳрат дар ин озмун як оҳанги русии маъруфи замони Ҷанги дуввуми ҷаҳониро иҷро мекунад. Дар баробари хондани опера Шӯҳрат оҳангҳои попро низ иҷро мекунад. Вай чанд соли қабл албоми худро бо ҳамин оҳангҳо мунташир карда буд.

Маҷмуаи нави оҳангҳои наврӯзӣ

Маҷмӯи таронаҳои наврӯзии овозхонони тоҷик ба фурӯш баромадааст, ки оҳангҳои зиёди шуниданӣ дорад. Дар ин DVD, ки беш аз 30 оҳангро дар бар мегирад, таронаҳои овозхонони шинохта, аз ҷумла Шабнами Сураё, Садриддини Наҷмиддин, Сӯҳроби Сафарзод, Нигора Холова ва дигарон ҷой дода шудаанд.

Бархе аз мунақиддони мусиқӣ ояндаи Сарвиноз Юсуфӣ хонандаи ҷавонро, ки низ таронааш дар ин маҷмӯа сабт шудааст, тобанда арзёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG