Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши мардум ба нахустин роҳи пулакӣ


Нахустин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон вокунишҳо ва оқибатҳои аксаран манфӣ ба бор овардааст. Ронандаҳо аз гаронӣ ва гунаи пардохти роҳпулӣ, мусофирон аз боло рафтани арзиши роҳкиро норозиянд. Нарху навои маҳсулот низ афзоиш ёфтааст. Сокинони деҳоти Варзоб, ки ба Душанбе ҳар гуна маҳсулоти худро меоварданд, дигар ҳаваси камтар ба ин кор доранд. Кормандони истироҳатгоҳҳои Варзоб ҳам аз коҳиши шумори муштариёнашон нигаронанд.

Дар роҳи Душанбе-Чаноқ феълан ду гузаргоҳи махсус барои қабули пардохти роҳпулӣ аз ронандагон омода шудааст ва дар оянда панҷ гузаргоҳи дигар дар манотиқи мухталифи ин шоҳроҳ бунёд хоҳад шуд.

НАВОРИ ВИДЕОӢ АЗ МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ РОҲИ ПУЛАКӢ

Тибқи нархномаи роҳи Душанбе-Чаноқ, ки аз сӯи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон омода шудааст, қимати убури ҳар як километри роҳ барои мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо - 30 дирам, автобусҳо ва мошинҳои боркаши бо вазни то 7 тонна – 60 дирам, мошинҳои боркаши бо вазни то 14 тонна – 1,5 сомонӣ муайян шудааст. Идораи зиддиинҳисории Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар барномаи пулакӣ кардани ин роҳ арзонтарин таруфаҳо тасдиқ шудаанд. Истифода аз ин шоҳроҳ барои васоити нақлиёти мақомоти интизомӣ, ёрии таъҷилӣ, сӯхторхомӯшкунӣ ва ниҳодҳои наҷотдиҳӣ бепул хоҳад хоҳад буд.

ШАКЛИ АУДИОИИ ИН БАРНОМА ДАР КУНҶИ РОСТИ ИН САҲИФА ДАСТРАСТ АСТ

Таъсири роҳи пулакӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:10 0:00
XS
SM
MD
LG