Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари мухолифин: Аз режими Боқиев чизе намонд


Рамазон Дирилдаев, яке аз раҳбарони мухолифини қирғиз

Рамазон Дирилдаев, яке аз раҳбарони мухолифини қирғиз

Рамазон Дирилдаев, яке аз раҳбарони мухолифини қирғиз, мегӯяд, сабаби шӯриши мардуми Қирғизистон алайҳи Боқиев ҳокимияти хонаводаӣ ва ришватхорӣ буд.

Ҷаноби Дирилдаев, ки раисии созмони мавсум ба Кумитаи ҳуқуқи башари Қирғизистонро бар ӯҳда дорад ва дар хориҷ ба сар мебарад, дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, "мардум натавонист ҳокимияти хонаводаи ришватхори Боқиевро таҳаммул кунад ва ҳукуматро ба истеъфо фиристод".

Суол: -Аз гуфтаҳои шумо чунин бармеояд, ки президент кишварро тарк кардааст ва ҳукумат ба истеъфо рафтааст. Ҳоло раҳбарии Қирғизистон дар дасти кист?

Рамазон Дирилдаев: -Раҳбарии Қирғизистон ҳоло дар дасти Кумитаи тоинқилобист. Ҳамин гуна созмоне ҳаст ва дар он даҳҳо нафар шахсиятҳои маъруфи мухолифон дохиланд. Онҳо Кумитаи иҷроӣ ташкил карданд ва раҳбарии онро Роза Отунбоева, вазири корҳои хориҷаи пешини Қирғизистон, раҳбарӣ мекунад. Вай дар гузашта сафири Қирғизистон дар Амрико ва Бритониё буд. Ба ин кумита 13 нафар дохил шудаанд, аз ҷумла, Ҳизби сотсиалистии «Ата Мекен» бо раҳбарии Умурбек Тикебаев ва муовинаш Чотонов, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ Атамбаев ва узви ин ҳизб Роза Отунбаева ва ҳамин гуна чанд ҳизби дигар дохил мешаванд. Ба он ҳамчунин Азимбек Бекназаров, яке аз шахсиятҳои муҳими мухолифин, ки дар инқилоби 5 соли пеш саҳми муҳим дошт ва чанд нафари дигар аз шахсиятҳои сиёсии мухолифин ҳастанд".

Суол: -Агар президент Боқиев даст ба тадбирҳои низомӣ занад, имкон дорад, ки вазъ бадтар шавад ва ё чунин тадбирҳо истисно дониста мешавад? Шмо чӣ фикр мекунед?

Рамазон Дирилдаев: -Ҳар гуна талош ва иқдоми Боқиев бенатиҷа аст, чунки мардум аз вай ҷонибдорӣ намекунад. Дирӯз вазорати корҳои дохила ба тарафи мухолифин гузашт. Додситонии кулл, Хадамоти амнияти миллӣ ва сохторҳои дигар ҳам ба дасти мухолифин даромадаанд. Дар минтақаҳо низ намояндагони интихобкардаи мардум раҳбариро ба даст гирифтаанд. Ба ҳамин тартиб аз режими Боқиев чизе намонд.

Суол: -То ҳамин лаҳзаҳое, ки мову шумо сӯҳбат мекунем, ҳамаи мухолифоне, ки рӯзҳои ахир ва то замони ин нооромиҳо зиндонӣ шуда буданд, аз зиндонҳо раҳо шудаанд?

Рамазон Дирилдаев: -Бале ҳамаи онҳое, ки дирӯз ва як рӯзи пеш зиндонӣ шуда буданд. Гузашта аз ин Исҳоқов, вазири пешини дифо, ки режими Боқиев ӯро зиндонӣ карда буд, дирӯз озод шуд. Ҳоло барои раҳоии зиндониёни дигар тадбирҳо андешида мешавад.

Суол: -Тазоҳуркунандагон проканда шудаанд ё ҳанӯз нооромӣ идома дорад?

Рамазон Дирилдаев: -Соати 23-и вақти Бишкек бинои ҳукуматро мардум гирифтанд. Ҳоло онҳо пароканда нашудаанд. Онҳо бояд вазъро назорат кунанд, то ки ягон ҳодиса рух надиҳад ва боқимондаҳои режими қаблӣ талоше анҷом надиҳанд.

Суол: -Вале рафтори онҳо сулҳҷӯёна аст?

Рамазон Дирилдаев: -Бале, сулҳҷуёна рафтор мекунанд. Ҳоло Кумитаи нави иҷроия вазъи фавқулодда эълон кардааст. Коменданти нави Бишкек сарҳанги пулис Мадубеков таъин шудааст. Онҳо бо сохторҳои кӯҳна кор мекунанд, то ки баъзе шахсоне, ки дар сохторҳои кӯҳна буданду то ҳол ба мухолифин нагузаштаанд ба ҷониби ҳукумати нав гузаранду хидматро шурӯъ кунанд.

Суол: -Баъзе намояндагони мухолифин дар давраи ҳукумати Боқиев кишварро тарк карданд ва ҳоло дар кишвкарҳои хориҷӣ ба сар мебаранд. Сарнавишта онҳо чӣ тавр хоҳад шуд. Онҳо ба Қирғизистон бармегарданд?

Рамазон Дирилдаев: "-Алакай хабарҳое дар даст ҳаст, ки пагоҳ баъзеи онҳо бармегарданд. Ҳамаи онҳо омадаанд ба ватан баргарданд ва ба ватани худ хидмат кунанд. Масалан Эдил Байсалов аз Шветсия дар ин бора изҳорот дод. Байболов, Бекимов, Ҷиенбеков аз Вошингтон ва ба ҳамин тартиб рӯшан шудааст, ки бисёриҳо бармегарданд.

Суол: -Оё задухӯрдҳо хотима ёфтааст ва метавонем бигӯем, ки ба ҳар ҳол чанд нафар дар ин ҳодисаҳо кушта шудаанд?

Рамазон Дирилдаев: -Задухӯрдҳо хотима ёфтааст. Мегӯянд, ки ба морг 47 ҷасад овардаанд ва бештар аз 400 нафар дар бемористонҳои шаҳри Бишкек қарор доранд.

Суол: -Қадамҳои баъдии раҳбарияти нав чист?

Рамазон Дирилдаев: -Кумитаи инқилобӣ ба эҳтимоли зиёд тадбирҳои инқилобӣ меандешад. Касоне, ки ҷиноят карданд ва дороиро моли худ кардаанд, онро ба мардум бармегардонанд. Шояд Сарқонуни нав низ қабул кунанд. То он вақт раҳбарияти кишварро кумитаи иҷроӣ бар ӯҳда мегирад, ки дирӯз ҳокимиятро ба даст гирифт.

Суол: -Оё раисиҷумҳури пешин Аскар Акаев ба ҳукумат ҷалб хоҳад шуд ё вай истисност?

Рамазон Дирилдаев: -Истисност, зеро Боқиев дастпарвари Аскар Акаев аст. Акаевро мардуми мо дар вақташ барои раҳбарияти хонаводаӣ ва ришватхорӣ ронда буд. Вақте, ки вай талош кард, духтарону писарони худро ба парлумон барад, то ки умри ҳукумати худро дароз кунад, мардум бархост ва ӯро ронд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG