Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Интер», «Барселона», «Лион» ва «Бавария» - дар нимфинал


Бозиҳои ҷавобии чаҳорякниҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо, ки рӯзҳои 6-ум ва 7-уми апрел баргузор шуданд, ширкаткунандагони даври ниманиҳоиро муайян карданд.

«Интер»-и Итолиё дар меҳмонӣ бар ССКА-и Маскави Русия бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд. Бозии аввал низ бо ғалабаи «Интер» бо ҳамин ҳисоб хотима ёфта буд. Бинобар ин «Интер» ба даври ниаманиҳоӣ роҳ ёфт.

«Барселона»-и Испониё дар майдони худ «Арсенал»-и Инглистонро бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст дод. Бозии аввали ин дастаҳо бо ҳисоби мусовии 2:2 ба анҷом расида буд. «Барселона» ба нимфинал баромад.

«Бордо»-и Фаронса бар «Лион»-и Фаронса бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Дар бозии аввал «Лион» бо ҳисоби 3-1 пирӯз шуда буд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Лион» ғолиби ин ҷуфт гардид.

«Манчестер Юнайтед»-и Инглистон «Бавария»-и Олмонро бо ҳисоби 3-2 мағлуб кард. Бозии аввал бо ҳисоби 2:1 ба нафъи «Бавария» ба анҷом расида буд. Футболбозони Олмон, ки дар меҳмонӣ голи бештар заданд, ба даври баъди роҳхат гиририфтанд.

Ба ин тартиб дар бозиҳои аввали ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо 20-уми апрел «Интер» бо «Барселона» ва 21-уми апрел «Бавария» бо «Лион» қувваозмоӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG