Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситонии Қирғизистон: манъи "Форум" қонунӣ аст


Дафтари матбуоти додситонии кулли Қирғизистон қатъи чопи рӯзномаи иҷтимоиву сиёсии «Форум», чопи Бишкекро мутобиқ ба қонунгузории ин кишвар эълон кард. "Форум" ба иттиҳоми даъват барои сарнагунии низоми қонунӣ баста шудааст.

Бино ба хабари ин манбаъ, нашрияи «Форум» мардумро ба табаддулоти давлатӣ даъват кардааст. Гуфта мешавад, манъи фаъолияти ин нашрия маҳз ба далели риоя накардани Қонун «Дар бораи васоити ахбори умум» сурат гирифтааст. Дар изҳороти дафтари матбуоти додситонии кулли Қирғизистон ҳамчунин тазаккур ёфтааст, ки даъват барои аз роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохти конститутсионии Қирғизистон тибқи қонун муҷозот хоҳад шуд.

Нашрияи «Форум» дар Қирғизистон ҳамчун нашрияи мухолифони ҳукумати Боқиев муаррифӣ шудааст.

Бастани ин нашрия ба замоне рост омад, ки Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, аз Бишкек боздид мекард ва бо мақомоти Қирғизистон он дидору мулоқотҳо анҷом медод.

Вазъи озодии баён ва риояи ҳуқуқи башар аз мавзӯъҳое буданд, ки оқои Бан Кӣ Мун дар ҷараёни ин дидору гуфтушунидҳо дар миён гузошт ва аз мақомот тақозо кард, ки ба озодии баён фишор наоваранд ва ҳуқуқи башарро риоя кунанд.

Ба гуфтаи Бан Кӣ Мун барои СММ муҳим аст, ки Қирғизистон ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва озодии баёнро риоят кунад. Ӯ гуфт, таҳаввулоте, ки ахиран дар Қирғизистон рух додааст, шаҳодат медиҳанд, ки ҳуқуқи инсон ва озодии баён дар ин кишвар зери суол қарор гирифта ва ин масъалаҳо ба таври фаврӣ таҷдиди назар мехоҳанд.

Қубан Абдимен, коршиноси масоили сиёсӣ, мегӯяд, мақомоти Қирғизистон аз сафари дурӯзаи дабири куллии СММ ба Бишкек бояд хулосаҳои амиқ бароранд.

Ба гуфтаи Қубан Абдимен, агар дар Қирғизистон ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандӣ ва озодии баён беҳбуд наёбад, дар он сурат эътибори Қирғизистон дар назди ҷомеаи байналмилалӣ ва ба вижа Созмони Милали Муттаҳид, коҳиш хоҳад ёфт.

Чарнавишти шабакаи мустақили телевизионии «Стан-ТВ» низ номаълум боқӣ мондааст. Таҷҳизоти фаннии ин шабакаи телевизионӣ мавриди мусодираи хадамоти пулиси молӣ қарор гирифта буд.

Ба гуфтаи Кирилл Степанюк, як корманди ин шабакаи телевизионӣ, онҳо мулоқот бо Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ-ро интизор буданд, вале Линн Пэскоу, ноиби ӯ, онҳоро ба ҳузур пазируфт.

Кирилл Степанюк мегӯяд, гурӯҳи нӯҳнафарии журналистон, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва сиёсатмадорон Линн Пэскоуро аз вазъият огаҳ карданд ва ҷаноби Пэскоу ваъда дод, ки мӯҳтавои сӯҳбати онҳоро ҳатман ба ҷаноби Бан Кӣ Мун мерасонад.
Ба гуфтаи Степанюк вазъият тағйир наёфтааст ва пахши намоишҳои телевизионии онҳо ба мушкили сахт мувоҷеҳ мебошад.

Акмат Алоқушев, раҳбари намояндагии матбуот, мақарраш дар Бишкек гуфт, басташавии нашрияи «Форум» ғайриқонунӣ сурат гирифтааст. Бино ба суханони ӯ, дар Қонуни асосии кишвараш қайд шудааст, ки Қирғизистон кишвари ҳуқуқбунёд ва демократӣ аст ва аз ҳуқуқ ва озодиҳои инсон пуштибонӣ мекунад. Вай афзуд, дар саҳифаҳои рӯзномаи «Форум» мардумро ба тазоҳурот даъват кардаанд, ки онро даъват ба сарнагунсозии ҳукумат маънидод кардан хатост.

Тибқи хабарҳои расида шоми рӯзи якшанбе дар ҷануби Қирғизистон, яке аз мухолифони ҳукумати Боқиев ва фаъоли кумитаи иҷроияи Қурултои мардумӣ, Абдуқаим Хонкелдиев мавриди латту куби афроди номаълум қарор гирифтааст.

Ҳамтоёни Хонкелдиев латту куби ин фаъоли оппозисиюнро ба фаъолиятҳои сиёсии ӯ марбут арзёбӣ кардаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, ҳамаи ин ҳодисаҳо замоне ба вуқӯъ мепайванданд, ки Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказиро идома медиҳад ва ин сафари ӯ баъди боздид аз Тоҷикистон ва Қазоқистон поён хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG