Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулияти инфиҷорҳои пурқурбонӣ дар истгоҳҳои метрои шаҳри Маскавро раҳбари ҷудоихоҳони чечен Доку Умаров бар дӯш гирифт. Дар як паёми видеоӣ тавассути Интернет, Умаров, ки худро “амири Аморати Қафқоз” мехонад, инфиҷорҳоро бо амалиёти нерӯҳои қудратии Русия дар Қафқози шимолӣ марбут кард.

Ин навори видеоиро Кавказсентр.ком, торнамои ғайрирасмии ҷудоихоҳони чечен, дар Ютюб нашр кардааст. Дар он марде, ки худро Доку Умаров мехонад, ҳушдор медиҳад, ки Русияро ҳамлаҳои нав интизоранд.

Субҳи рӯзи 29-уми март бар асари ду таркиш дар истгоҳҳои метрои “Лубянка” ва “Парк культуры” 39 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 80 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Миёни қурбониён се шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд. Қарор аст, ҷасади ин ҷавонони тоҷик имрӯз, якуми апрел, ба Душанбе оварда шавад.

Доку Умаров гуфтааст, «таркишҳои Маскав бо амри шахсии ӯ тарҳрезӣ шуда ва посух ба амалиёти нерӯҳои вижаи Русия ба муқобили чеченҳои мулкӣ дар деҳаи Арштӣ дар таърихи якуми феврал мебошад.»

Ҷудоихоҳои чечен хабари мақомоти расмии Русия дар мавриди он ки ҳамаи кушташудагони он амалиёти Арштӣ дар моҳи феврал ё низомӣ будаанд ва ё тасодуфан қурбон шудаанд, рад кардааст. Баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар низ гуфтаанд, шуморе аз кушташудаҳои мулкӣ дар амалиётҳои моҳи феврал амдан қурбон шудаанд, на ин ки тасодуфан миёни тирборон афтидаанд.

Доку Умаров дар паёми видеоӣ гуфтааст, ҳамлаҳо ба Русия идома дода хоҳад шуд. Ӯ иқдомоти худ ва гурӯҳашро «посух ба ҷиноятҳои русҳо бар зидди мардуми фақир ва беёрии чечен» номидааст. Ӯ гуфтааст, «ҷанг ба шаҳрҳои Русия интиқол хоҳад ёфт, то русҳо аз ҷиноятҳо ва хушунатҳои нерӯҳои рус дар Қафқоз сарфи назар накунанд.»

Доку Умаров дар моҳи феврал низ бо як чунин ҳушдор паёме нашр карда буд.

Вале каме пештар аз нашри паёми тозаи раҳбари ҷудоихоҳони чечен хабаргузории Рейтер навишта буд, як намояндаи гурӯҳи Умаров масъулияти ҳамлаҳо ба метрои Маскавро рад кардаааст.

Дирӯз, 31-уми март, дар Маскав ва бархе аз вилоятҳои Русия маросими видоъ бо қурбониёни ин ҳамлаҳои террористӣ баргузор шуд.

Ҳамон дирӯз дар натиҷаи ду таркиши дигар дар ҷумҳурии Доғистони Русия дастикам 12 нафар, бо шумули як афсари аршади милисаи маҳаллӣ кушта шуданд. Бино ба хабарҳо, инфиҷори дугона дар шаҳри Қизлар ҳамин тавр, беш аз 20 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт.

Таркишҳои ахир дар метрои Маскав ва дар шаҳри Қизлари Доғистон дар маҷмӯъ беш аз 50 нафарро кушта ва зиёда аз 100 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Нӯҳ тан аз қурбониёни ҳамлаи Қизлар афсарони милиса, аз ҷумла якеаш раҳбари шӯъбаи умури дохилаи ин шаҳр будааст.


ДОКУ УМАРОВ

Доку Умаров яке аз камтарин фармондеҳони ҷудоихоҳи чечен аст, ки аз замони оғози аввалин ҷанг дар Чеченистони пасошӯравӣ дар тирамоҳи соли 1994 дар датс силоҳ дорад.

Аз он замон бад ин сӯ Доку Умаров дар миёни нерӯҳои зиддирусӣ обрӯи бештар ва бештарро касб карда, то ба мақоми феълияш расидааст. Ӯ амалҳои террористии худро дар паёмҳои охиринаш бо «ҳаққи қонунии мубориза бо Русия» рабт додааст.

Доку Умаров дар моҳи апрели соли 1964 дар шимоли Чеченистон дар оилае, ки худаш онро оилаи зиёӣ меномад, таваллуд шудааст. Дар Донишгоҳи нафти Грозний факулати бинокориро хатм кардааст.

Дар сӯҳбате, ки бо бахши Радио Свобода дар соли 2005 дошт, гуфта буд, ки ҳангоми оғозшавии ҷанги аввали русӣ-чеченӣ дар соли 194 дар Маскав буд ва «ҳамчун ватандӯст худро муваззаф донист, ки ба Чеченистон баргардад.»

Ӯ дар ҳар ду ҷанги 1994-1996 ва 1999-2000 ширкати фаъол дошт ва ба ҳайси фармондеҳи моҳир ном баровард. Чанд бор ҷароҳат ҳам бардошта, ва як бор дар чеҳрааш ҷарроҳии плостикиро гузаронидааст.

Пас аз ҷанги аввал ва интихоботе, ки дар соли 1997 Аслан Масхадовро раисҷумҳур кард, ӯ раиси Шӯрои амният гардид. Пас аз марги Масхадов дар марти 2005 ва президент шудани Абдулҳаким Саъдуллоев, Доку Умаров муовини президент гардид. Пас аз куштори Саъдуллов дар июни 2006 худро амири Қафқоз эълон намуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG