Пайвандҳои дастрасӣ

Парвози Душанбе - Маскав аз сар гирифта шуд


Tajikistan - Tens of passengers waiting to fly to Russia in Dushanbe airport at 29Mar2010

Tajikistan - Tens of passengers waiting to fly to Russia in Dushanbe airport at 29Mar2010

Парвозҳои миёни Душанбе - Маскав баъд аз зуҳри душанбеи 29 март аз сар гирифта шудааст. Тайи ду рӯзи ахир парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбе ва Хуҷанд ба шаҳрҳои бузурги Русия ва баръакс қатъ шуда буд.

Масъулони ниҳоди ҳавопаймоии Русия мушкил бар сари тағйири вақт ва зарурати имзои созишномаи нави хати сайрҳоро аз иллати аслии ин мушкил гуфтанд. Аммо мақомоти вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон мегӯяд, ҷониби Русия талош кардааст, то ба ширкатҳои ҳавопаймоии худаш бартарӣ бидиҳад ва ҳатто хоҳони кушоиши хати сайри наве аз тариқи фурудгоҳи Нижний Новгород шудааст.

Рӯзи душанбеи 29 март соати 13 ва 55 дақиқаи вақти маҳаллӣ фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо пахши эълоне аз тариқи баландгӯяк, аз мусофирон даъват ба амал овард, ки ба хотири аз қайд гузашта ва ба парвоз омода шудан ба даромадгоҳи якуми фурудгоҳ ҳозир шаванд.

Ин хабар ҳазорон нафар мусофиронро шод гардонид ва онҳо ба якборагӣ доду фарёди хурсандона баланд карданд. Дар ҳоле, ки чанд лаҳза пеш мусофирони дар фурудгоҳ ҷамъомада аз интизориҳои зиёд дар фурудгоҳ нигаронии худро чунин баён мекарданд.

Як мусофир аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ гуфт, «маблағи 1 600 сомонӣ билет харидем, ина ду рӯз аст, ки сарсону саргардон дар ҳамин фурудгоҳ мунтазирем. Дар мошин хоб ҳастем. Намедонем чӣ кор кунем».

Ҷавони дигар мегӯяд: «Ростӣ шабро дар хараки фурудгоҳ рӯз кардам, ҳамроҳи ман низ одамони зиёд буданд. Касе аз фурудгоҳ ба пеши мо намеояд ва намегӯяд, ки чи гап аст. Куҷо рафтану чи кор карданро намедонем, лекин ба умед нишастаем».

Ҳарчанд ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон, назири «Тоҷикэйр» ва «Сомонэйр» бо қатъи парвози ҳавопаймоҳо аз мусофирон даъват ба амал оварда буданд, ки онҳо метавонанд билетҳои худро супоранд ва дар ивазаш маблағи онро пас бигиранд ва ё ҳамчунон мунтазири парвози ҳавопаймоҳо бошанд.

Парвоз аз сар гирифта шуд, вале ҷуброни зарарро кӣ медиҳад?

Вале нигаронии мусофирон, он буд, ки дар ин ду рӯз, пуле, ки барои роҳ ва «рӯзи мабод» бо худ доштанд, дар ин муддат барои хобу хӯрок сарф карданд, «не хӯрок не ҷои хоб аст. Фурудгоҳ низ хӯрок намедиҳад. Баъзеҳоямон гостниса рафтем, баъзеҳо дар ҳамин фурудгоҳ хоб будем. Пуле, ки бо худ доштем, барои раҳу рӯ нобуд шуд. Ростӣ ҳайронем».
Бад ин тартиб, оё фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ё ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон омодаанд, ки дурӯза буду бош ва хароҷотеро, ки онҳо кардаанд, пардохт кунанд?

Азиз Набиев, раиси Идораи ҳавонавардиии Тоҷикистон дар посухи ин суол гуфт: «Рӯзи гузашта фурудгоҳ эълон карда буд, ки дар парвози ҳавопаймоҳо таъхир мешавад ва мусофирон метавонанд ба хонаҳояшон ё хонаи хешу таборашон раванд. Аммо дар масъалаи пардохт фурудгоҳ ин имконро надорад ва ман низ чизе гуфта наметавонам».

Дар ҳамин ҳол Олимҷон Бобоев, вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар мушкили пешомада ҷониби Русия айбдор аст ва ҷуброни зарар низ бояд бар дӯши он тараф бошад.

Ин дар ҳолест, ки ҷониби Русия иддаъо карда буд, ки гӯё сабаби тавқиф дар он будааст, ки ҷониби Тоҷикистон ба тағйири вақти парвозҳо мухолифат карда бошад ва дар ин замина зарурат ба имзои созишномаи нави хати сайрҳо будааст.

Ангезаи қазия - рақобати ширкатҳои тоҷикӣ ва русӣ

Аммо Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон далели дигареро пеш меорад. Ӯ мегӯяд: «Аслан мушкил аз тарафи Русия буд. Як ширкат аз Нижний Новгород мехост ба бозори мо дарояд, вале мо розӣ нашудем. Чун ин ба манфиати мо нест. Вайҳо хостанд бо баҳонаи ин масъаларо ҳал кунанд. Хулоса онҳо аз пешниҳодашон гаштанд ва ҳама парвозҳо, ҳам аз тарафи Русия ва ҳам аз тарафи Тоҷикистон тибқи реҷаи муқараршуда анҷом меёбад».

Олимҷон Бобоев, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон таъкид кард, ки музокирот бо вазири нақлиёти Русия дар ҳалли мушкили ахир мусоидат карда ва ҷонибҳо ба ин натиҷа расиданд, ки парвозҳои мустақим миёни ду кишваар бидуни маҳдудият то охири ҷадвали тобистона анҷом шаванд.

Аммо парвозҳои ғайримустақим ё ба истилоҳ «секунҷа», ки аз тариқи дигар кишварҳо анҷом мешавад, танҳо то аввали моҳи май сурат хоҳанд гирифт. Дар ҳамин ҳол, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, ки ин масъала низ то 20 апрел ҳалли ниҳоии хешро пайдо хоҳад кард.

Зимнан, ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикэйр» ҳафтае 40 парвозро миёни Тоҷикистон ва Русия анҷом медиҳад. Дар чанд соли ахир бархе аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия, аз ҷумла Домодедовские авиалиния ба иллати муфлисӣ ва хадамоти пойин фаъолияти худро дар парвози ҳавопаймоҳо бо Тоҷикистон қатъ карданд.

Вале ширкатҳои бузурги ҳавопаймоӣ, аз қабили “Уралэйр”, “Сибирэйр”, “Атлант” ва ғайра ҳамчунон хадамотеро дар парвози ҳавопаймоҳо миёни Русия ва Тоҷикистон анҷом медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG