Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонони самбои варзишии Осиёи Марказӣ


Гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд дар навъи самбои варзишӣ байни мардону занон 17 медал – 5 нишони тилло, 5 нуқра ва 7 биринҷӣ ба даст оварданд.

Сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, раиси Федеросиюни гуштии самбои Осиёи Марказӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сабқати минтақавӣ, ки барои бори дуввум дар Тоҷикистон баргузор шуд, беш аз 100 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ширкат карданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ паҳлавонони тоҷик - Акмолиддин Каримов дар вазни 52 кг, Ризвониддин Бурҳонов (62 кг), Абубакр Зоиров (90 кг), Набимуҳаммад Хоркашев (100 кг) ва Зиёратшоҳ Баротов (+100 кг) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Дар чаҳор вазни дигар меҳмонон – паҳлавонони Узбакистон Равшан Турақулов (57 кг), Ҷонибек Муқимов (62 кг) ,Шӯҳрат Бобоев (74 кг) ва Суннатуллоҳ Азимов (82 кг) - пирӯз шуданд.

Паҳлавонони тоҷик Ҳабибулоҳи Наҷибуллоҳ (57 кг), Хушбахт Назаров (62 кг) , Собир Сулаймонов (82 кг) бо медалҳои нуқра ва Фарид Ҷумъаев (74 кг) бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар сабқати самбои варзишӣ байни занон дар 6 вазн намояндагони Узбакистон - Дилафрӯз Абдураҳмонова (48 кг), Дилдора Убайдуллоева (52 кг), Шаҳло Юлдошева (56 кг), Наргис Ҳамидова (64 кг), Гулмира Исматова (68 кг) ва Обида Августова (+80 кг) ва дар 3 вазн намояндагони Қазоқистон - Раиса Валиева (60 кг), Паризод Жакибекова (72 кг) ва Оқмарал Чингизхонова (80 кг) - ҷойҳои аввалро касб карданд.

Бонувони гуштигири тоҷик Муҳаббат Нодирматова (64 кг) ва Мадина Шамсиева (72 кг) медалҳои нуқра, Фирӯза Ашӯрова (48 кг), Насиба Алиматова (52 кг), Саида Додоҷонова (56 кг), Дилбар Камолова (60 кг), Дилбар Султонова (68 кг) ва Шаҳноза Пӯлодова (80 кг) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Мусобиқа дар навъи самбои ҷангӣ ё муҳорибаи тан ба тан шоми 29-уми март ба анҷом мерасад.
XS
SM
MD
LG