Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи мусобиқоти наврӯзӣ дар «Ҷаҳони варзиш»


Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи натоиҷи мусобиқоти ҷумҳуриявии гуштии миллӣ, бузкашӣ ва аспдавонӣ дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Душанбе бахшида ба Иди Наврӯз гузориш медиҳем.

Дар Иди Наврӯз баргузории сабқати гуштии миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва маъракаҳои идона ҳамеша бо қувваозмоии паҳлавонон сурат мегирад. Дар ин бора сӯҳбате дорем бо паҳлавони маъруфи тоҷик Муҳаммадшариф Сулаймонов, устодони варзидаи гуштии миллӣ Амрисултон Наботов ва Ғиёсиддин Қаюмов.

Инчунин дар ин барнома мусоҳибаи хабарнигори мо бо паҳлавони маъруфи тоҷик Муҳаммад Абдураҳмонов, ғолиби мутлақи мусобиқоти наврӯзӣ дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Душанбе, ва довар Саидаҳмад Баҳриддинов, мудири коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, ба шунавандагони барнома пешкаш мешавад.

Мардуми тоҷик дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз ба бузкашиву асптозӣ низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд. Дар бораи сабқати човандозону асптозон довар Арбобмирзо Шамсиев ва савора Аслам Ҳамроқулов, барандаи мукофоти олии пойгаи аспдавонӣ дар Ипподром ё майдони аспдавонии Душанбе, нақл мекунанд.

Ҳамчунин дар ин барнома хабарҳои тозаи варзишӣ ба шунавандагон пешкаш мешаванд.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG