Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон интихоботи аъзои Маҷлиси Миллӣ ё палатаи болоии порлумон баргузор шуд. Аз 27 номзаде, ки Камисиюни марказии интихобот ва райъпурсӣ сабт карда буд, 25 нафари онҳо интихоб шуданд.

Дар ҳавзаҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ба интихоботи Маҷлиси Миллӣ 5 нафарӣ, аммо дар ҳавзаҳои Бадахшон ва навоҳии тобеъи марказ 6 нафарӣ номзад шуда буданд.

Интихоботи аъзои Маҷлиси Миллӣ зимни иҷлосияҳои муштараки вакилони маҷлисҳои шаҳру навоҳии саросари Тоҷикистон, дар панҷ ҳавза, сурат гирифт.

Бино ба маълумоти Камисюни марказии интихоботи Тоҷикистон, яке аз номзадҳо дар остонаи интихобот номзадиашро бозпас гирифта ва номзадии як нафари дигар рад шудааст.

Ҳама аъзои як ҳизб

Ин 25 узви Маҷлиси Миллиро вакилони тозаинтихобшудаи маҷлисҳои маҳаллӣ, ки бахши аъзами онҳоро намояндагони Ҳизби халқӣ демократӣ, ҳизби президент, Эмомалӣ Раҳмон ташкил медиҳанд, интихоб карданд. Ва аксарияти аъзои мунтахаби Маҷлиси Миллӣ раисони шаҳру навоҳии Тоҷикистон мебошанд.

Аз ҳавзаи пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, Мамадшо Илолов, президенти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Маҳмадсаид Зувайдов, раиси ширкати «Тоҷиксемент», Нуриддин Саидов, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Гулчеҳра Ғаниева, раҳбари мактаби миёнаи шаҳри Душанбе, ба узвияти Маҷлиси Миллӣ ихтихоб шуданд.

Мирзоалӣ Болтуев, раиси Камисюни маркази интихоботи Тоҷикистон гуфт, интихоботи Маҷлиси Миллӣ шаффоф ва тибқи талаботи қонун баргузор гашт.

Ӯ мегӯяд: «Чуноне ки мушоҳида мекунед, ин интихобот дар дираи талаботи қонун баргузор гашт. Дар ҳавзаи интихоботии ноҳияиҳои тобеъи марказ, ки дар Кохи Ваҳдат ташкил шудааст, кабинаҳо ва қуттиҳои махсус гузошта шудаанд ва тариқи овоздиқии пинҳонӣ ин 5 номзад ба узвияти Маҷлиси миллӣ пазуруфта шуданд».

Убайдуллоев боз ҳам раиси Маҷлиси Миллӣ хоҳад шуд?

Аммо коршиносон ва мухолифин ин интихоботро бидуни рақобат ном мегӯянд ва ваъдаи раиси ҷумҳур дар бораи он ки шаффофиятро дар интихоботи порлумонӣ таъмин месозад, зери суол мебаранд. Онҳо мегӯянд, то замоне, ки тарҳи қонуни ҷадиде дар бораи интихобот тасвиб нашавад ва замина барои ширкати баробари нерӯҳои сиёсиро дар интихобот фароҳам нагардонад, баргузории интихоботи шаффоф дар Тоҷикистон ғайри имкон аст.

Аксари аъзои интихобшуди Маҷлиси Миллӣ, намояндагони Ҳизби халқӣ - демократии ҳоким ҳастанд, монанди Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, Расул Қоҳирзода, Ғайбулло Афзал ва Қодири Қосим, раисони вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон, шомили ҳайъати нави ин Маҷлис шудааанд.

Ба хусус, Маҳмадсаъид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дар ду давраи Маҷлис раисии ин онро бар ӯҳда дошт. Ҳамакнун бештари соҳибназарон мӯътақиданд, ки вай боз ҳам курсии раиси Маҷлиси Миллиро соҳиб хоҳад шуд.

Соҳибназарон мегӯянд, қудрати сиёсӣ дар Тоҷикистон ба гунае шакл гирифтааст, ки натанҳо мухолифини давлат, балки ҳеҷ як аз афроди ба истилоҳ бегона наметавонад ба майдони он роҳ ёбад.

Парвиз Муллоҷонов коршиноси масоили сиёсӣ дар ин замина гуфт: «Ба назари ман ягон намояндаи мухолифини ҳукумат ба ҳайати Маҷлиси Миллӣ роҳ намеёбад. Чунки намондагони ҳизби ҳоким ба ин роҳ намедиҳанд. Шояд дар миёни вакилони тозаинтихобшуда чеҳраҳои саршинос бештар бошанд, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ онҳо бо мухолифин ва ё бигирем намояндагони ҳизбҳои дигарназар, ягон иртиботе нахоҳанд дошт».

Шаш узви дигари Маҷлис киҳо хоҳанд буд?


Президенти Тоҷикистон ҳашт узви дигари Маҷлиси Миллиро таъин мекунад, ки дар маҷмӯъ шумори онҳо ба 33 нафар мерасад.

Тибқи қонун Қаҳҳор Маҳкамов, ки собиқ президенти Тоҷикистон аст, узви доимии Маҷлиси Миллӣ мешбошад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нахустин иҷлоси парлумони нав эълом кард, ки бо таваҷҷӯҳ ба хидматҳои шоёни Сайдулло Хайруллоев, раиси собиқи Маҷлиси Намояндагон, ӯро ба узвияти Маҷлиси Миллӣ пешниҳод кардааст.

Интизор меравад, ки дар зудтарин фурсат номи намояндагони дигари интисобии Маҷлиси Миллӣ низ аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур эълон шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG