Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Узбакистон дар Душанберо ҳозир намуда ва дар робита ба боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон, ба ӯ нота супоридааст.

Дар ин нота ё ёддошт аз Узбакистон дархост шудааст, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуди тавқифи вагонҳои Тоҷикистон мусоидат кунад. Тибқи иттилои мақомоти ширкати «Роҳи оҳан» - и Тоҷикистон аз авоили моҳи феврал то кунун дар қаламрави Узбакистон ҳудуди ҳазор вагон манъ шуда ва рӯз аз рӯз теъдоди ин вагонҳо дар ҳоли афзоиш аст.

Ҳарчанд ҷониби Узбакистон мушкили фаннӣ ва корҳои сохтмонӣ дар қисмате аз роҳи оҳани Туркманистонро сабаби ин амр хондаааст, аммо мақомоти ширкати “Роҳи Оҳан”-и Тоҷикистон мӯътақиданд, ки ин «муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Узбакистон» аст.

Масъулони ширкати «Роҳи Оҳан»-и Тоҷикистон мегӯянд, мушкили марбут ба боздошти вагонҳои ин кишвар дар қаламрави Узбакистон аз аввалҳои моҳи феврал шурӯъ шудааст.

Аммо ба гуфтаи ин масъулон бо вуҷуди дархостҳои мукаррари ин ширкат то ҳол ин мушкил ҳалли мусбати хешро пайдо накардааст. Ин аст, ки вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Узбакистон дар Душанберо эҳзор кард ва ба ӯ нота супорид.

"Вагонҳоямонро ҳарчи зудтар раҳо кунед"

Давлат Назриев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, «масъалаи дар ҳудуди Ҷумҳурии Узбакистон боздошт намудани борҳои ҷониби Тоҷикистонро вазорати хориҷа таҳти назорат борад ва ба ин мақсад сафири Узбакистон ба
Давлат Назриев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
вазорат даъват ва ба ӯ нота супорида шуд. Ва аз сафири Узбакистон дархост шуд, ки дар ҳаллу фасли ин масъала мусоидат намояд ва ҳар чӣ зудтар борҳо ба Тоҷикистон фиристода шавад».


Тибқи иттилои мақомоти ширкати «Роҳи оҳан» ҳамакнун дар қаламрави Узбакистон, ба хусус дар истгоҳҳои Хавос, Қаршӣ, Сариосиё, Ҷайрон ва Кудуклӣ ҳудуди 1000 вагон манъ шудаанд ва рӯз аз рӯз теъдоди ин вагонҳо меафзояд.

Усмон Қаландаров, муовини сардори ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҷониби Узбакистон мушкили манъ шудани ин вагонҳоро ба мушкилоти фаннӣ ва тармиму банд будани қисмати роҳ дар яке аз минтақаҳои роҳи қатори Туркманистон рабт медиҳад.

Аммо ба қавли Қаландаров ин иддаои ҷониби Узбакистон баҳонае беш нест, балки "муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Узбакистон" мебошад. Ӯ мегӯяд: «сабабҳо чи шуда метавонад? Сабаб як то аст ва он ҳам муҳосираи иқтисодӣ аст. Моро мехоҳанд дар блокада нигаҳ доранд. Ду моҳ боз ин давом дорад. Аввал сабабҳоро техникӣ гуфтанд ва ба Туркманистон рабт доданд. Аввал борҳои Хатлона тамоман намедоданд, ҳоло аз Душанберо низ намедиҳанд. Як бор сабабашро гуфтанд, ки роҳи оҳани Амузанг, аз Термиз то Амузанг, тарафи Шаҳритус аст, об бурдааст, ҳол он ки дар онҷо тамоман борон намешавад. Онҳо мегӯянд сел бурдааст. Ин гапҳои бекор ҳамааш».

Ҷаноби Қаландаров мегӯяд, бар иловаи борҳои Тоҷикистон, ки ҳомили маводи сӯхтӣ ва глиназём ё гилхок барои корхонаи алюминийи Тоҷикистон ё ТАЛКО, ҳамчунин, бархе аз вагонҳо ҳомили маводи лозима барои нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон низ мебошанд.

Панҷ миллион доллар зарар

Аз сӯи дигар масъулони ширкати «Роҳи оҳан» вуҷуди таҷҳизоти фаннӣ, аз ҷумла, булдозерҳо барои нерӯгоҳи Роғунро низ таъид мекунанд. Бад ин тартиб масъулони ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" зарари моддӣ аз тавқифи вагонҳоро ҳудуди панҷ миллион доллар арзёбӣ кардаанд.

Таҳлилгарон чунин амалкард ё ба истилоҳ «муҳосираи иқтисодии эълоннашуда» тавассути Узбакистонро навъе эътироз алайҳи иқдомоти Тоҷикиситон барои сохтмони неругоҳи «Роғун» медонанд.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, «Ин як намуди фишори сиёсӣ аст, албатта ба воситаи фишори иқтисодӣ, ки мазмуни сиёсӣ дорад. Ва сабаби асосӣ низ сохтмони неругоҳи «Роғун» аст. Чун суханрониҳои ахири намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд нисбатан ба нафъи Тоҷикистон буд ва ин боиси норозигии Узбакистон гардид. Бинобар ин ҷониби Узбакистон ин чораҳоро тақвият бахшиданд».

Ҳамакнун, ки ҷониби Узбакистон дар муқобили мавзеъгирии сарсахтонаи Тоҷикистон барои бунёди нерӯгоҳи «Роғун» аз ба истилоҳ «муҳосираи иқтисодӣ» кор мегирад, дар ин сурат оё Тоҷикистон роҳе барои бурунрафт аз ин мушкилро дорад?

Роҳи дигари наҷот кадом аст?


Усмон Қаландаров, муовини раиси ширкати «Роҳи Оҳан» бар ин назар аст, ки дар шароити феълӣ Тоҷикистон ин имконро надорад. Ӯ мегӯяд: «Дар айни ҳол тамоми борҳои мо аз тариқи Узбакистон мегузарад, чӣ кор кунем? Бояд мувофиқи меъёрҳои байналмилаӣ борҳои Тоҷикистон интиқол ёбад. Оянда роҳ сохтан даркор. Аммо маблағҳои зиёд лозим аст. Ин корҳо дар назар аст, лекин пагоҳ ё пагоҳи дигар сохта намешавад. Барои он ки ба Русия бароем, бояд аз тариқи Афғонистон ва Туркманистон роҳ созем. Роҳи дароз мешавад. Хайр маҷбур, ки шудӣ бад як кор мекунӣ барои аз бунбасти коммуникатсионӣ берун шудан».

Давлати Усмон, вазири собиқи иқтисоди Тоҷикистон низ роҳи бурунрафт аз мушкили мавҷударо дар сохтани роҳҳои қатор тавассути қаламрави кишварҳои ҳамсоя, ба хусус Қирғизистон ва Афғонистон медонад.

Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки танҳо фишоре, ки Тоҷикистон метавонад алайҳи ин иқдомоти Узбакистон ба кор барад, бастани пеши роҳи об ба ин кишвари ҳамсоя аст.

Ба бовари Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолеоти стратегии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба ин гуна иқдом даст намезанад. Ӯ мегӯяд: «Мо обро бастанӣ нестем ва ин бисёр масъалаи ҷиддӣ аст, барои мардуми Узбакистон. Ҳатто имкони бастан низ дошта бошем, ба фикрам Тоҷикистон ин корро намекунад. Чун дар фарҳанги мо нест ва аз лиҳози фарҳанги сиёсӣ низ ин кор барои мо номумкин аст. Лекин роҳҳо дигар аст, ки бояд ҳуқуқшиносон ин масоилро омӯзанд ва роҳи ҳалро пайдо кунанд. Ва бояд ҷониби Узбакистон бар асоси паймонҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон низ онҳоро имзо кардааст, ба интиқоли бор иҷозат бидиҳад. То ба кай ин корро мекунад».

Баҳси "муҳосираи эълоннашуда" дар СММ?

Пас дар шароити феълӣ танҳо умеди Тоҷикистон ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ба хусус СММ аст, ки битавонад дар мушкили миёни Тоҷикистон ва Узбакистон, ду кишвари ҳамсоя мусоидат кунад.

Ин дар ҳолест, ки Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон дар Ню Йорк қарор дорад ва мулоқотҳоеро бо раҳбарони СММ анҷом медиҳад.

Манобеъи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, интизор меравад, Оқил Оқилов, дар ин нишастҳо мавзӯъи «муҳосираи иқтисодии эълоннашуда тавассути Узбакистон» алайҳи Тоҷикистонро низ матраҳ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG