Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Мардуми самимӣ дар интихобот шикаст хӯрд”


Стен Бран, профессори донишгоҳи Кентакии ИМА
Стен Бран, профессори донишгоҳи Кентакии ИМА

Стен Бран, профессори ҷуғрофиё дар Донишгоҳи Кентакии Амрико, ки нозири интихоботи порлумонии рӯзи 28 феврал дар Тоҷикистон будааст, мегӯяд, аз вусъати тақаллуб дар он интихобот ҳайратзада аст.

Ба гуфтаи ӯ дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон онҳое пирӯз омадаанд, ки тақаллуб карданд ва мағлуб дар ин корзори муҳими сиёсӣ танҳо афроди самимӣ будаанд.

Рӯзномаи маҳаллие аз иёлати Кентакӣ менависад, профессор Стен Бран, як ҳафтаи худро дар Тоҷикистон сипарӣ карда ва дар ин кишвари шӯравии собиқ, шоҳиди фақру ҷомеаи падаршоҳӣ шуд, ки интихоботи он бо тақаллуби густурдае олуда будааст, аз ҷумла раъйдиҳиҳои такрорӣ ва пур кардани қуттиҳои оро.

Стен Бран гуфтааст, “тақаллуб дар интихобот фаровон” буд ва омори эъломшуда доир ба 87 дар сади ширкати мардум дар мавриди интихобот ҳам боварнокарданист. Стен Бран дар ҳайъати 13 нозири амрикоӣ будааст, ки ҳамроҳ бо нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои назорати интихоботи Тоҷикистон омада буданд.

Стен Брайан мегӯяд, дар ҳар қитъаи интихоботии рафтааш мардонеро дидааст, ки бо санадҳои ҳамсар ва аъзои хонаводааш омада ва ба ҷойи онҳо раъй медоданд. Профессори ҷуғрофиё мегӯяд, тақрибан дар тамоми он ҳавзаҳо дар қуттиҳои шафоф дида мешуд, ки баргаҳои раъй болои ҳам ва дуруст мехобиданд, гӯё, ки касе онҳоро ба тартиб чида бошад.

Стен Брен мегӯяд, аз сӯрохии танги қуттӣ андохтани чунин бастаи баргаҳои раъй номумкин аст ва чунин бастаро бидуни рафъи мӯҳр ва боз намудани қуттӣ андохта намешавад. Нозири интихоботи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар маҳалли раъйдиҳӣ кормандони пулис ҳам буданд, аммо монеъи қонуншиканӣ дар интихобот намешуданд.

Мушоҳидаҳои Стен Бран дар хулосаҳои нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо инъикос шудааст, ки гуфтанд, интихоботи Тоҷикистон бо қонуншиканиҳои ҷиддӣ ҳамроҳ будааст. Дар мақолаи рӯзномаи маҳаллии иёлати Кентакии Амрико мехонем, ки қонуншиканиҳо дар интихобот дар тамоми дунё мушоҳида мешавад ва ҳатто дар иёлати Кентаккӣ ҳафт мақоми расмиро барои фасод дар интихобот муҳокима мекунанд.

Ба гуфтаи Стен Бран тафовут “вусъати қонуншиканиҳо” дар интихобот аст. Профессори ҷуғрофиё мегӯяд, аз сафари ғайримуқарариаш ба Тоҷикистон “нигоҳи тозае ба умқи фарҳанг ва сиёсат дар Осиёи Марказӣ” доштааст.

Ба ҷойи иқомат дар меҳмонхонаи бошукӯҳ дар пойтахт шаҳри Душанбе, Стен Бран ба рустоҳои кишвар сафар карда ва меҳмонхонае дар шаҳри Кӯлоб истодааст, ки фақат то нисфирӯзӣ нерӯи барқ дошт.

Онҳо рӯзи интихобот ҳамроҳ бо як хонуми олмонӣ, ки улуми сиёсӣ хонда ва дар Тоҷикистон ҳам будааст, ба 10 қитъаи раъйдиҳӣ рафтаанд. Роҳи саёҳат ҳам чандон осон набудааст. Муаллиф тасвир мекунад, ки роҳҳои хароби рустоҳо, сӯрохиҳое дошт, ки мошини Тойота Приуси онҳоро фӯру мебурд.

Ба гуфтаи муаллиф, то расидан, ба рустоҳои дурдасти ҷануби Тоҷикистон, аз роҳи онҳо назар ба мошин харҳои ҳезумкаш зиёдтар гузаштаанд. Дар ин рустоҳо ҳам хонаҳои гилин ва мактаби якутоқаи таҳсилоти ҳамагонӣ будааст.

Стен Бран мегӯяд, дар ин мактаб наврасонеро дидааст, ки орзуи хабарнигор ва ё табиб буданро дар сар мепарваридаанд. Ба гуфтаи муаллифи мақолаи рӯзномаи маҳаллии Кентакӣ, ин орзуи бисёр бузург дар кишваре аст, ки нисфи нерӯи кориаш дар Русия ва Қазоқистон кор мекунанд.

Стен Бран мегӯяд, ба суолаш доир ба сиёсатмадор шуданд мехоҳанд ё не, ҳеҷ яке аз наврасон ҷавоби мусбат надодаанд. Профессори Бритониё аз ин суол ҳайратзада нашудааст, зеро ба гуфтаи вай дар кишваре, ки бисёриҳо ба низоми интихоботӣ эътино надоранд, ин посухи ғайримуқаррарӣ нест.

Стен Бран мегӯяд, дар интихоботи Тоҷикистон “пирӯзи воқеъӣ мардуме буданд, ки фиребкорӣ карданд ва ҳам мардуме, ки шароити қонуншиканиро дар интихобот фароҳам карданд. Ба гуфтаи вай дар интихобот “ мардуми самимӣ шикаст хӯрданд”.


XS
SM
MD
LG