Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки нерӯҳои худро дар ҷануби кишвар тақвият бахшад. Мақомоти қирғиз муътақиданд, ки таъсиси як воҳиди низомӣ дар вилояти Ботканд аз таҳдидҳои беруна ҷилавгирӣ хоҳад кард.

Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, ки интизор меравад, як сафари хидматӣ ба минтақаи ҷануби кишварашро анҷом диҳад, гуфтааст, таъсиси воҳиди низомӣ имкон медиҳад, ки мардуми вилояти Ботканд дар фазои амну субот ба сар баранд ва аз ҳама гуна таҳдидҳои беруна эмин бошанд.

Барои ҳимоят аз ҳамлаи эҳтимолии Ӯзбакистон?

Бунёди маркази тамрини зиддитеррор дар Ботканд ва таҳкими нерӯҳои мусаллаҳи қирғиз дар ин минтақа боиси сару садои маҳофили мухталиф шудааст. Иддае аз коршиносон бар ин ақидаанд, ки равобити миёни Қирғизистон бо Ӯзбекистон рӯ ба ташаннуҷ овардааст ва Қирғизистон мехоҳад, аз ҳуҷуми эҳтимолии Ӯзбекистон мардуми худро дифоъ кунад.

Аммо Александр Князев, як коршиноси масоили минтақаӣ, ин сару садоҳоро бепояву асос арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, шояд ягон мақоми раҳбарии Қирғизистон таъсиси воҳиди низомӣ дар вилояти Боткандро алайҳи ҳамлаҳои эҳтимолии Ӯзбекистон маънидод карда бошад. Вале ӯ мӯътақид аст, ки ин ҳама аз суханони хушку холӣ иборатанд ва асоси воқеӣ надоранд.

Александр Князев мегӯяд, пиёда кардани амалиёти низомии Ӯзбекистон алайҳи Қирғизистон ё Тоҷикистон хандаовар аст.
Вай афзуд, ба миён омадани низоъҳои хурду реза дар минтақаи мазбур аз эҳтимол холӣ нест ва ин низоҳо ҳатман ба сурати фаврӣ аз байн бардошта хоҳанд шуд. Александр Князев кушта шудани як шаҳрванди Ӯзбекистон дар марзи Қирғизистонро ёдовар шуд ва афзуд, ки ҳатто ин куштор барои пиёда кардани ягон амалиёти низомӣ сабаб шуда наметавонад.

"Сиёсати номутавозин"

Мирослав Ниёзов, собиқ дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон ва яке аз коршиносони масоили минтақаӣ, ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ки Қирғизистон як сиёсати ноустувори берунаро пайгирӣ мекунад. Ба гуфтаи Мирослав Ниёзов, пайгирии чунин сиёсати ноустувор Қирғизистонро дар инзивои байналмилалӣ қарор додааст.

Оқои Ниёзов ҳамзамон тазаккур дод, ки Қирғизистон ба созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ шарик аст ва бунёди маркази тамрини зиддитеррор дар вилояти Боткандро бояд дар мувофиқа бо ҳамсоякишварҳои худ роҳандозӣ мекард.
Ба таъкиди Мирослав Ниёзов вай чунин мешуморад, ки Қирғизистон дар арсаи байналмилалӣ низ эътимодро аз даст додааст.

Ҳамсӯҳбати мо дар робита ба вокунишҳои Ӯзбекистон ҷиҳати таҳкими нерӯҳои Қирғизистон дар вилояти Ботканд ва бунёди маркази зиддитеррор дар ин минтақа гуфт, таъйин ва аломатгузориҳои марзи миёни се кишвари ҳамҷавор -Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳанӯз ба охир нарасидааст. Оқои Ниёзов мегӯяд, ташаннуҷи авзоъ дар минтақаи мазкур маҳз аз ҳамин ҷо маншаъ гирифтааст. Ба гуфтаи Мирослав Ниёзов сохторҳои аз ҳам фарқкунандаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар минтақа як ноҳамоҳангиеро эҷод кардаааст, ки ҳаргиз ба манфиати сокинони ин минтақа нест.

Нишасти изтирории марзбонони тоҷику қирғиз дар Исфара

Чанд рӯз пеш дар шаҳри Исфара коллегияи муштараки хадамоти марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон як нишасти изтирории худро баргузор кард.

Салқин Абдуқориева, сухангӯи хадамоти марзбонии Қирғизистон перонмуни ин нишаст ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ин нишаст тибқи мувофиқаи пешакӣ баргузор шуд.

Вай афзуд, ки дар марзи миёни кишвараш ва Тоҷикистон баъзе минтақаҳои баҳснок мавҷуданд, ки таъйин ва аломатгузории онро ба таъхир андохтаанд. Ин манбаъ мегӯяд, дар ҳамин ҳол мақомоти хадамоти марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд, ки ҳимояи ҳамин минтақаҳои марзро муштаракан анҷом диҳанд.

Аммо Салқин Абдуқориева аз тавзеҳи он ки оё мақомоти марзбонии қирғиз ва тоҷик дар Исфара ғайр аз масъалаҳое, ки дар васоити ахбор расман эълон шудаанд, боз ба масъалаҳои доғи минтақа рӯй оварданд ё на, чизе нагуфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG