Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Ҳилларӣ Клинтон аз Маскав оғоз шуд


Боздиди дурӯзаи Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико аз Маскав оғоз шуд. Барномаи ҳастаии Эрон ва коҳиши зарродхонаҳои Амрикову Русия мавзӯҳои ин боздид мебошанд.

Хонум Клинтон дар ҷараёни боздиди худ аз Маскав, бо мақомоти расмии Русия дар бораи аҳдномаи нави коҳиши силоҳҳои ҳастаии Амрикову Русия ва барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфтугӯ хоҳад кард.

Инитизор меравад, ки дар ин боздид хонум Клинтон ҳамчунин бо мақомоти аршади чаҳоргонаи музокироти байналмиллалии сулҳи Ховари Миёна низ мулоқот кунад.

Ба ин чаҳоргона Амрикову Русия, СММ ва Иттиҳодияи Аврупо дохил мешаванд. Мулоқоти Клинтон бо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷӣ ва Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия дар назар аст.

Тафсилоти ин хабар дертар нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG