Пайвандҳои дастрасӣ

Анӯшервон, хонандаи синфи 8-ум, мегӯяд, ҳамеша ба риёзиёт шавқи зиёд дошт. Аммо бинобар камии соатҳои дарсӣ маҷбур буд, то дарсҳои иловагӣ бигирад. Ҳоло як моҳ аст, ки вай дар листейи рақами 1-и пойтахт, ки барои хонандагони болаёқат пешбинӣ шудааст, таҳсил мекунад. Зоҳиран аз ҷараёни таълим дар ин муассиса розист.

Ҳоло Анӯшервон барои супоридани аввалин имтиҳон, ки таҳсили якмоҳаи ӯро натиҷагирӣ мекунад, омодагӣ мегирад. Дар сурати гузаштан аз санҷиш ба ӯ иҷозаи идомаи таҳсил дар ин литсейро хоҳанд дод.

Литсейи 1-уми пойтахт яке аз мактабҳоест, ки бо қарори шаҳрдорӣ тоза боз шудааст ва беш аз 300 хонандаи беҳтаринро фаро гирифтааст. Бо тасмими шаҳрдорӣ, имсол якунимҳазор муҳассили беҳтарин аз макотиби миёнаи кишвар дар ду литсей ва гимназия ҷамъ оварда мешаванд.

Шамсулло Исломов, сардори раёсати маорифи Душанбе, мегӯяд, барои аввалин бор хонандагон тибқи қобилият аз рӯи чаҳор самт - улуми дақиқ, гуманитарӣ, ҷамъиятӣ ва лингвистӣ ба ин мактабҳо фаро гирифта хоҳанд шуд. Ҳамчунин, ба таъкиди Шамсулло Исломов, дар баробари фароҳам овардани кулли шароит барои таълим, феълан, таҳсил дар ин муассисаҳо ройгон аст.

Тадрис дар ин муассисаҳо 8 соат будааст ва аз рӯи нақшаи таълимии Русия анҷом мешудааст. Надя Ғайратова, раҳбари литсейи 1-ум, мегӯяд, ин муассиса дар баробари мактаб-интернати русӣ-тоҷикии Ҳотам-ПВ ва литсейҳои муштараки тоҷикиву- уркӣ алтернативӣ хоҳад буд. Ба гуфтаи ӯ, барои таҳсил дар ин мактаб аз миёни беш аз 3000 довталаб ҳамагӣ 348 нафар интихоб шудааст ва ба онҳо 32 муаллим, ки нисфашон номзадҳои илманд, дарс мегӯянд.

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ҳадафаш аз таъсиси ҳамин гуна муассисаҳо омода кардани хонандагон барои ширкат дар олимпиадаҳои байналмилалист. Ин ҳам дар ҳолест, ки то имрӯз дар пойтахт 88 гимназия ва 56 литсей амал мекунад, ки беш аз 4 фисади хонандагони мактабҳои кишварро фаро мегирад. Арзиши таҳсил дар ин гуна мактабҳо гарон буда, аз 200 то 700 долларро ташкил медиҳад. То имрӯз ҳам Тоҷикистонро дар сабқатҳои байналмилалии фаннӣ, аксаран хонандагони мактаб-интернати Ҳотам-ПВ ва литсейҳои муштараки тоҷикиву-туркӣ муаррифӣ намудаву, соҳиби медаллҳои мухталиф шудаанд.

Аммо Шамсулло Исломов, сардори раёсати маорифи Душанбе, мегӯяд, муваффақияти муассисаи таълимиро аз рӯи иштирок дар олимпиадаҳо ва гирифтани медал муайян намекунанд. Ба гуфтаи Шамсулло Исломов, ҳадафи ниҳоии таъсиси литсей ва гимназия нав омода кардани мутахассисони илмҳои дақиқ, фанновариҳои муосир ва забондонист. Вай мегӯяд, литсейи тоҷикиву-туркӣ 40 медал дорад, аммо аз ҷумлаи ин медалистон дар кишвар як олим омода нашуд.

Дар ин замина Ҷалолиддин Амиров, масъули Вазорати маорифи кишвар, волидайнро айбдор медонад ва мегӯяд, онҳо маблағи зиёдро барои таҳсили фарзандон масраф мекунанд, аммо донишомӯзии кӯдаконашонро назорат намебаранд.

Бо ин ҳама, гуфта мешавад, имрӯз хатмкардаҳои муассисаҳои таълимии кишвар дар бозори меҳнат бинобар рақобатпазир набудан яке аз қишрҳои осебпазир дониста мешаванд. Дар Тоҷикистон дар хусуси он ки баъд аз хатми муассисаҳои таълимӣ чанд фисади мутахассисони ҷавон бо ҷойи кор таъмин мешаванд, омори воқеъӣ вуҷуд надорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG