Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори кабкбозон


Ҳар ҳафта дар шаҳри Қӯрғонтеппа шикорчиён ва дӯстдорони кабкҳо аз тамоми гӯшаву канори вилояти Хатлон барои тамошои кабкҷанг бо гарави пул ё хариду фурӯши он гирд меоянд.

Кабкҳои тамриндида, ки арзишашон ба садҳо доллар баробар аст, дар ин ҷо ба ҷанг андохта шуда, соҳибони кабкҳои пирӯзшуда садҳо сомонӣ ба даст меоранд.

Қимати кабк дар ин бозор аз 10 доллар то 400 доллар дакка мехӯрад. Ба гуфтаи кабкбозон, қимати кабку бедона вобаста ба хонишу садои хуши онҳо арзёбӣ мешавад.

Аммо мақомоти идораи ҳифзи ҷангалзорҳои Хатлон мегӯянд, новобаста ба он ки мавсими шикор расман анҷом ёфта, домгирии парандаҳо ва шикори ҳайвонот мамнӯъ эълом шудааст, ҳамоно мавориди шикори ғайриқонунӣ идома дорад.

«Беморӣ»-и кабкбозӣ

Марди 70-солаи бохтарӣ Қурбоналӣ Шоев, соҳиби яке аз кабкҳои ҷангист. Вай мегӯяд, кабкбозӣ барояш ба гунае «беморӯ»-ст. Бинобар меҳри афзун ба ин паранда, бобои Қурбоналӣ дар 30 сол қабл маҳалли зисташро тағйир дода, ба ноҳияи Тоҷикобод, дар шарқи Тоҷикистон, ба маҳалли кабкҳои фаровон ҳиҷрат кардааст.

Вай мегӯяд, «ман аз 11-солагиам ба ҳамин «касал»-и кабкбозӣ гирифторам. Фоидаи калон надидам, лекин зиёд дӯст медорам кабкҳоро. Барои ҳамин рафтам ба Тоҷикобод, ки он ҷо кабк бисёр аст. Зимстон, ки сард шуд, кабкҳо ҳатто ба даруни хонаҳо меоянд. Ба Қӯрғонтеппа ҳоло 5 адад кабки хушовоз барои фурӯш овардам…»

Зиндагӣ аз кабкфурӯшӣ

Бобои Қурбоналӣ дар Тоҷикобод ба шикори кабкҳои даштӣ машғул буда, ҳоло аз ин парандаи хушовоз 33 адад дар ихтиёр доштааст. Вай мегӯяд, даромади аслии хонаводаи ӯ аз тиҷорати кабк ҳосил мешудааст, бо ин мақсад вай ҳар сол аз Тоҷикобод ба Қӯрғонтеппа чанд дона кабкро барои фурӯш меовардааст. Қимати кабкҳо, ба гуфтаи ӯ, вобаста ба садо ва хонандагии онҳо муайян мешудааст:

«Ҳар қадар кабку бедона хушовозу хонанда бошад, қиматаш ҳамон қадар боло меравад. Кабкҳое ҳаст, ки аз 30 сомонӣ то 300-400 доллари амрикоӣ нарх доранд. Баъзе кабкҳои омӯзишдидае ҳастанд, ки вақти шикор ё домгирии кабкҳо, онҳоро бо овозашон ба назди худ мехонанд ва зуд ба дом гирифтан осон. Нархи ин хел кабкҳо гаронтар аст…»

Бо ин вуҷуд, бобои Қурбоналӣ мегӯяд, садои хуши кабкҳо барои муолиҷаи фишори хун ва бемориҳои вобаста ба асаб судманд буда, як иллати бардамии ӯву аҳли хонаводааш ҳам ин будааст.

Садои кабк - давои дардҳо

Заробиддин Шаҳобиддинов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ва дӯстдорандаи кабк, мегӯяд, дар воқеъ овози ин навъи паранда ба сиҳҳати инсонҳо таъсиррасон будааст:

«Ин садои хуши кабкҳо ҳатто барои касали қанд ҳам фоида дорад. Худи ман аз ҳамин шифо ёфтам. Рӯҳу равони одамро осуда ва мӯътадил мекунанд ин кабкҳо…»

Абдулҳамид Шамсиев, сокини ноҳияи Бохтар, ба шикори кабку бедона ва фурӯши ин навъи паранда дар бозор машғул аст. Вай мегӯяд, кабки хушовоз ҳамеша дар бозор харидор дорад, аммо шикор ва ба дом афканданаш на ҳамеша осон даст медиҳад. Шикори кабку парандаҳои хушсадо касбест, ки аз падараш ба мерос мондааст.

«Мо дар доманакӯҳҳои Хуросон, Данғара шикор мекунем кабку бедонаро. Гоҳ-гоҳе шикорамон муваффақ анҷом мегирад, то 5-15 адад кабк медорем, гоҳе ҳеҷ чиз дошта наметавонем. Барои шикор бошад, аз идораи ҷангал иҷозатнома мегирем., бе он намешавад, ҷарима мекунанд…»

Нархи шикори кабк – 5 сомонӣ

Ва аммо, бар асоси муқаррарот, шикорчиён бояд барои ҳар кабку бедонаи домгирифта 5 сомонӣ молиёт супоранд. Бо ин вуҷуд Суннатулло Мирзоев, корманди масъули идораи ҳифзи ҷангалзорҳои Хатлон, мегӯяд, мавориди шикори ғайриқонунии кабку бедонаҳо низ зиёд ба мушоҳада мерасад:

«Танҳо дар соли 2009 мо 12 чунин мавриди қонуншиканиро ошкор ва муттаҳаминро ҷарима кардем. Бо расидани баҳор, мо дигар иҷозатнома барои шикор намедиҳем, чунки мавсими наслмонии парандаҳо ва ҳайвонот аст дар табиат. Бояд шумориши онҳоро афзун кунем…»

Ҷарима барои шикори ғайриқонунии кабкҳо 240 сомонӣ, муодили 55 доллари амрикоӣ муқаррар шудааст.

Аммо ҳамоно сарфи назар аз ин ки бо расидани баҳор шикор ва домафкании кабкҳо расман мамнӯъ эълом шудааст, ҳар ҳафта дар Қӯрғонтеппа фурӯши ин навъи паранда ба роҳ монда шуда, ғизоҳое бо номи кабкшӯрбо ё бедонабирён ҳамеша дар таомномаи тарабхонаҳои маҳаллӣ дида мешаванд.
XS
SM
MD
LG