Пайвандҳои дастрасӣ

Юсуф Аҳмадов, номзад ба вакили Маҷлиси вилоятӣ аз ноҳияи Конибодом, аз идомаи мубориза барои дарёфти мандати вакилӣ даст кашидааст.

Дар ҳавзаи ноҳияи Конибодом дар вилояти Суғд, ки яке аз ҳавзаҳои доғи интихоботии кишвар дониста мешавад, интихобот ҳам барои Маҷлиси вилоятӣ, ҳам барои маҷлиси шаҳрӣ ва ниҳоят ҳам барои Маҷлиси намояндагон ба даври дуввум кашонида шудааст.

Дар интихоботи Маҷлиси намояндагон дар ин ҳавза рақобат миёни Насрулло Маҳмудов, додситони шаҳри Кӯлоб ва номзад аз Ҳизби халқӣ-демократӣ ва Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ ва номзади ин ҳизб, дар маҷлиси вилоятӣ рақобат миёни раиси ноҳия Ҳилолиддин Шамсиддинов, номзад аз ҲХДТ ва Юсуф Аҳмадов, вакили пешини Маҷлиси намояндагон ва номзади мустақил сурат гирифта буд.

Аммо Юсуф Аҳмадов, аз вакилони фаъоли порлумони пешини Тоҷикистон мубориза барои курсии намояндаи мардумӣ дар Маҷлиси вилоятиро дар нимароҳ раҳо кардааст. Ин иқдоми ҷаноби Аҳмадов, ки ба эҳтимоли коршиносон, дар ин сабқат имкони пирӯзӣ низ дошт, боиси сару садоҳои мухталиф шудааст. Худи Юсуф Аҳмадов дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳама овозаҳоро бепоя ва беасос хонд ва гуфт, ба ӯ фишор наовардаанд ва бо ӯ ҳеҷ гуна муомила низ сурат нагирифтааст. Ӯ пас аз таҳлилҳои шахсӣ бар ин натиҷа расидааст, ки ба хотири муташанниҷ нашудани авзоъ дар ноҳия аз идомаи мубориза даст кашад.

Ҳавзаи интихоботии Конибодом аз ҳавзаҳои доғ ва тафсони интихоботи имсолаи Тоҷикистон ба шумор меравад. Барои дарёфти курсии вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон мубориза миёни номзадҳо аз ҲХДТ ва ҲСДТ ҳамакнун дар ҳоле сурат мегирад, ки ба бовари коршиносон, номзади ҲСДТ то андозае аз пуштибонии ҷонибдорони Юсуф Аҳмадов, ки дар ин ҳавза аз шахсиятҳои бонуфуз ба шумор меравад, маҳрум мешавад.

Аммо ба бовари Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари мустақили тоҷик, баръакс ҷонибдорон ва пуштибонони Аҳмадов дар ин ҳавза бештар ба суроғи номзади ҲСДТ хоҳанд рафт. Зеро, дар ҳоле ки рақиби ӯ намояндаи ҳизби ҳоким аст, ҳама ҳадсу тахминҳо барои довталабона даст кашидани Аҳмадов аз идомаи сабқат раъйдиҳандаро итминон нахоҳад дод.

Юсуф Аҳмадов аз вакилони фаъоли Маҷлиси намояндагони пешини Тоҷикистон собиқаи 20 солаи фаъолият дар парлумонро дорад. Ӯ аз вакилони соҳибсухан ва обрӯманди чандин навбати порлумони Тоҷикистон буд. Дар интихоботи соли 2005 низ ӯ бо шикаст додани номзад аз ҲХДТ ва тақрибан се рӯзи гирдиҳамоии ҷонибдоронаш дар маркази ноҳия тавониста буд, ки вориди порлумон бишавад. Аммо дар панҷ соли ахир фаъолият дар порлумон ӯ он ҷойгоҳ ва мақомеро, ки дар собиқа дошт, аз даст дода буд.

Вале Юсуф Аҳмадов ба ин суол, ки чаро идомаи муборизаи ӯ боиси муташанниҷ шудани вазъ дар Конибодом хоҳад шуд, ҷавоби ошкор надод. Вале таъкид кард, ки интихобот як маъракаи сиёсие аст, ки мардумро ба тарафдорон ва мухолифон тақсим мекунад ва ӯ намехоҳад, ки дар як чунин марҳала нафаре бошад, ки боиси ҷудоии мардум шавад.
XS
SM
MD
LG