Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи ахири порлумониро дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон “маъракаи умедҳои барбодрафта” унвон кардаанд.

Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки дар ибтидо интихобот ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ бидуни фишор сурат гирифт ва аҳзоби сиёсиву шаҳрвандони оддӣ имкон доштанд, ки бо ироаи асноди зарурӣ иҷозаи ширкат дар сабқатро дарёфт кунанд. Ин гуна бархурди мақомот ва ваъдаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои кафолати интихоботи шаффофу озодд аҳзоби сиёсиро барои баргузории интихоботи воқеъан ҳам демократӣ дилгарму умедвор сохт. Ягона монеъаи ҷиддӣ – пардохти 7 ҳазор сомонӣ гаравпулӣ боқӣ монд ва бар асари надоштани маблағ як бахши довталабон аз сабқат рӯ тофтанд ва аҳзоби заифу нодор феҳрастҳои ҳизбии худро бознигарӣ карданд.

Мухтор Боқизода, коршинос ва хабарнигори тоҷик, мегӯяд, дар қиёс бо интихоботи парлумонии панҷ соли пеш онҳое, ки вориди корзори интихоботӣ шуданд, имкони беҳтари тарғибу ташвиқро доштанд. Ӯ меафзояд, имсол “чун солҳои пеш амале, ки мақомот мехостанд барои тарғибот ба ҳизбҳо халал ворид кунанд, дида намешуд. Як нуктаи фарқкунанда он чиз буд, ки ҳизбҳо ҳарҷое, ки мерафтанд, дастаҷамъона мерафтанд, яъне ҳама номзадҳо ҳизбҳо дар ҳавзаи интихоботӣ ҳамроҳ сӯҳбатҳо меоростанд”.

Шикасти орзуву ормонҳо

Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик низ интихоботи ахири парлумониро шикасти орзуву ормонҳо мехонад ва мегӯяд, “ин маъракаи сиёсӣ метавонист ба мардум паёме диҳад, ки дар Тоҷикистон роҳҳои қонунии расидан ба аҳдофи сиёсӣ мавҷуд аст”. Аз нигоҳи ӯ, “баъд аз эълони натоиҷи интихобот аз сӯи Комиссиюни марказии интихобот ва раъпурсӣ бештари сиёсатмадорон нигоҳи худ дар мавриди роҳҳои вориди саҳнаи сиёсӣ шуданро бознигарӣ хоҳанд кард. Ва ин, ба гуфтаи ӯ, “шиддати иҷтимоӣ ва сиёсиро дар Тоҷикистон дар ин марҳилаи бениҳоят ҳассос меафзояд”.

Ва аммо натоиҷи эълоншудаи интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ то куҷо барои аҳзоби сиёсӣ ва коршиносон ғайриинтизор буд? Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки дар ин маърака маҳофили сиёсии кишвар шоҳиди сенсатсия шуданд, “қабл аз ҳама дарсадии бисёр пойини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва зери як дар сад раъй овардани Ҳизби сотсиал-демократ дар муқобили ду ҳизбе мебошад, ки онҳо тоза вориди саҳнаи сиёсӣ шудаанд ва дар қиёс бо Ҳизби ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократ шахсиятҳо ва чеҳраҳое надоранд, ки бигӯем Ҳизби кишоварзӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ тавонистанд ба парлумон раҳ ёбанд”.

Интихобот аз рӯи сенарияи ҳукумат?

Бештари таҳлилгарон бар ин назаранд, ки интихобот аз рӯи сенария ё тарҳи дар долонҳои ҳукумат таҳияшуда сурат гирифт ва мақомоти маҳаллӣ барои иҷрои он камар бастанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳанӯз то шурӯъи маъракаи интихоботӣ овозаҳое паҳн шуданд, ки феҳристи вакилони парлумон омода ва тасдиқ шудааст ва аммо аҳзоби сиёсӣ ин овозаҳоро нодида гирифтанд. Аз сӯи дигар, аз нигоҳи таҳилгари тоҷик Мухтор Боқизода, вуруди як нафарӣ аз ду ҳизби нав – кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодиро наметавон сенсатсия номид, зеро вуруди номзадҳои ин ҳизб низ пешакӣ тарҳрезӣ шуда буд. Ӯ мегӯяд, “мутаассифона, он сару садоҳое, ки қабл аз интихобот буданд ва мегуфтанд, ки мушаххасан як нафар аз ҳизби кишоварзӣ ва як нафар аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар интихоботи навин ҷой мегиранд, дуруст баромад. Ман гумон мекунам, ки ду ҳизб ҳам, агар амиқтар назар кунем, аз қанотҳои ҳизби халқӣ-демократиянд ва аз хатти кашидаи он берун нахоҳанд рафт”.

Камрангӣ - сабаби шикаст?


Ва аммо, агар, фаразан, тақаллуб дар баршумурдани раъйҳоро сарфи назар кунем, кадом омилҳо боиси шикасти аҳзоби сиёсии мухолифи ҳукумат шуданд? Таҳлилгарон қабл аз ҳама ба он нукта ишора мекунанд, ки фаъолияти ин аҳзоб то давраи пешазинтихоботӣ камранг буд. Тайи панҷ соли ахир ин ҳизбҳо умдатан аз мухолифат бо ҳукумат ва ироаи барномаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии худ парҳез мекарданд, Истисно шояд фақат ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд, ки, аз ҷумла, барои дар Маҷлиси намояндагон қабул нашудани Қонуни дин талош кард, тарҳи алтернативии худро пешниҳод намуд ва аммо ноком шуд. Аз сӯи дигар, ҳизби халқӣ-демократӣ ба маъракаи интихобӣ назар ба дигар аҳзоб беҳтар омода шуд ва чанд моҳ аз ин маърака тактикаи худро дигар кард. Аз ҷумла, дар аксари ҳавзаҳое, ки раҳбарон ваё афроди шинохтаи мухолифин довталаби курсии Маҷлиси намояндагон шуданд, ҳизби ҳоким афроди маъруфро вориди корзори интихоботӣ кард. Ва аммо, аз нигоҳи Саймуддин Дӯстов, ки худ як тан аз довталабони курсии вакили парлумон ҳам буд, пирӯзии бештари номзадҳои ҳизби халқӣ-демократӣ бидуни пуштибонии мақомоти волои кишвар ғайримумкин буд: “Дар ин интихобот ба ном “пуштибонакҳои” алоҳидаи дафтари раисиҷумҳурӣ дар хело ҳавзаҳое, ки он ҷо рақобат воқеъан ҳам шадид буд, тавонистанд аз номзадҳое, ки ба онҳо наздик буданд, пуштибонии пинҳонӣ кунанд аз аз дастгоҳи маъмурии ҳукумат пушидаву ошкор истифода карданд”.

Шонси аздастрафта

Коршиносон мегӯянд, ки маъракаи интихоботи парлумонии ахир ва ҳарчӣ баландтар шудани садои эътирози аҳзоби сиёсӣ ва талоши онҳо барои ба додгоҳ кашидани мақомоти интихоботӣ нуфузи Тоҷикистонро чун кишвари рӯ ба демократия дар арсаи ҷаҳонӣ боло нахоҳад бурд. Ба вижа, ки нозирони САҲА низ ин маъракаи сиёсиро дур аз меъёрҳои байнулмилалӣ хонданд ва ба тақаллубу қонуншиканиҳои зиёд дар он ишора карданд. Ба гуфтаи коршиносон, ба назар мерасад, ки ҳукумати Тоҷикистон имкони хубе барои болои бурдани имиҷи сиёсии худ ва ба ин васила, ҷалби таваҷҷуҳи дигар кишварҳо ба тарҳҳои бузурги энерҷӣ, аз ҷумла, ба бунёди нерӯгоҳи Роғунро аз даст додааст.

Дар ҳамин ҳол таҳлилгари тоҷик Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, имрӯз мавзӯъи матраҳ ин аст, ки мардум то куҷо метавонанд аз раъйи ба ин ё он ҳизб додаи худ дифоъ кунанд ва оё аз ин раъй дифоъ ҳам хоҳанд кард. Паёмадҳои норозигии аҳзоби сиёсӣ ва мардум аз натоиҷи интихоботи парлумонӣ чӣ хоҳад шуд, вақт нишон хоҳад дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG