Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Сафедорак то Ванкувер чӣ қадар роҳ аст?


Бо дидани лижаронии варзишгарони ҳирфаӣ дар бозиҳои олимпии Ванкувер мо ҳам хостем рӯйи барфи баландкӯҳҳо, бо истифода аз фурсати муносиб лижаронӣ кунем.

Ҳарчанд ба мо гуфтанд, ки сафар ба деҳаи Сафедорак, ки машқгоҳи аслии лижаронӣ дар он ҷо ҷойгир аст, дар ин мавсим осон нест, чун роҳҳо пур аз барфу ҳатто бастаанд. Аммо ҳеҷ намехостем тасмимамонро дигар кунем ва рафтем сӯйи истгоҳи таксиҳои ноҳияи Варзоб.

Ба ин деҳ танҳо мошинҳои кӯҳбарои Ҷипу Уазик мерафтааст ва ғайриинтизори мо қиммати роҳкиро ба Сафедорак ҳатто ба фарқ аз роҳкирои Кӯлоб чанд баробар гаронтар будааст, ҳарчанд он ба шаҳр наздик аст. Аммо чун роҳҳо пурбарфу мушкилгард аст, сӯзишворӣ дар роҳ ба ин минтақа хеле зиёд сарф мешавад ва аз ин рӯ ронандаҳо аз мо барои рафту омад 300 сомонӣ талаб карданд.

Вале хушбахтона як ронандае, ки сокини деҳаи Такоб будааст, розӣ шуд, бо нархи арзон моро дар ин сафар ҳамроҳӣ кунад.

Дар роҳ ба сӯи Сафедорак маълум шуд, ки ронандаи мо, Файзулло, худ ҳам чун аксар дигар ҷавонони деҳаашон лижарони хуб будааст. Аз сабабе, ки ин минтақа чанд моҳи зимистон барфпӯш аст, лижаронӣ ба як шуғли аслии бачаҳои деҳоти атрофи Сафедорак табдил ёфтааст.

Роҳ то деҳаи Такоб нисбатан хуб буд ва мо бе мушкил ба он ҷо расидем, аммо баъд дар миёни кӯҳҳои пурбарф банд шудани мошин моро талхакаф кард.......

Сафари мо хеле ҷолибу хотирмон буд, агар хоҳед оид ба вазъи ягона мактаби лижаронии кишвар, шароити таълими варзишгарони наврас, орзуву ормон ва дигар ҳодисаҳои ҷолибе, ки шоҳидаш шудем, бидонед, пас бе истиҳола Ояндасозро аз ҳамин саҳифа бишнавед.
XS
SM
MD
LG