Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёриҳои интихоботии IFES ба Тоҷикистон


Дар дидори сафири Тоҷикистон дар Амрико бо раиси IFES Билл Свинӣ тарҳи ёриҳои интихоботии ин бунёд ба Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Ин қуттии раъйдиҳӣ, ки аз ҷониби IFES ё Бунёди байналмиллалии низомҳои интихоботӣ тақдим шудааст, 28-уми феврал дар рӯзи интихоботи порлумонӣ дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон гузошта мешавад.

Абдуҷаббор Ширинов, сафири Тоҷикистон дар ИМА, ба радиои Озодӣ гуфт, дар умум аз ҷониби Бунёди байналмиллалии низомҳои интихоботӣ 6 нозир рафти интихоботи парлумониро дар ҳавзаи интихоботии Вашингтон назорат хоҳанд кард. Вай афзуд, IFES дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ ба Тоҷикистон кӯмак карда буд. Бунёди мазкур дар Тоҷикистон барои интихобкунандагон барномаҳои омӯзишӣ ҷорӣ намудааст, аз ҷумла аз тариқи матбуот, радио ва ТВ эълонҳо пахш мешуданд ва дар саросари кишвар ярмаркаҳои интихоботӣ ташкил шуда буд. Бо кумаки IFES вохуриҳои 8 ҳизбе, ки дар интихобот ширкат мекунанд, бо интихобкунандагон барпо шуд.

Абдуҷаббор Ширинов ба радиои Озодӣ гуфт, раъйдиҳӣ дар бинои сафорати Тоҷикистон аз соати 6-и субҳ оғоз шуда, то соати 8-и бегоҳирӯзӣ давом хоҳад кард. Вай иттилоъ дод, ки баъд аз ба поён расидани интихобот комиссияҳои интихоботии ҳавзаҳои Вашингтону Ню-Йорк раъйҳои интихобкунандагонро шумурда, омори дақиқро ба комиссияи марказии интихоботӣ дар Душанбе мерасонанд. Комиссияҳои интихоботии мазкур аз кормандони сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон ва намояндагии Тоҷикистон дар СММ ташкил шудааст.
XS
SM
MD
LG