Пайвандҳои дастрасӣ

Шояд роҷеъ ба Нурӣ Холмамедов дар Тоҷикистон иттилои зиёд надошта бошанд, вале сарнавишти ин оҳангсози маъруфи туркман, шабеҳи сарнавишти бисёре аз эҷодкорони тоҷик мебошад.

Имсол ин оҳангсози зиндаёд 70-сола шуд, вале аз чӣ бошад, ки дар дохили Туркманистон дар бораи ин санаи муҳими фарҳангиву таърихӣ фаромӯш кардаанд. Ҳама мусиқишиносон дар Туркманистон бо як овоз эътироф мекунанд, ки мақоми ин оҳангсоз дар ҳунари имрӯзаи Туркманистон бесобиқаву хосса будааст.

Нурӣ Холмамедов дар сағирхона тарбия ёфта, ҳамсинфи Сафармурод Ниёзов, раиси ҷумҳурии вақти Туркманистон буд, ки 20 сол ин кишварро раҳбарӣ кардааст. Ҳарчанд аз даргузашти оҳангсоз 27 сол мегузараду имсол ҳаводорони ӯ 70-солагии мавлудашро таҷлил мегиранд, дар сатҳи расмӣ дар бораи шахсияту корномаи ин оҳангсози маъруф фаромӯш кардаанд.

Мусиқишиносон мегӯянд, ки муҳимтарин дастоварди Холмамедов дар фарҳанги Туркманистон ин будааст, ки ӯ тавонист аз доираи маҳдуди эҷоди оҳангу навоҳо ба шеваи мардумӣ берун шуда мусиқии миллиро бо оҳангҳои симфонӣ омехта кунад ва як мусиқии комилан навро дар беруни кишвараш ба маъраз гузорад. Оғулҷамол Язлиева, раиси бахши туркмании радиои Озодӣ дар бораи мероси ҳунарии оҳангсоз Нурӣ Холмамедов мегӯяд: “Нурӣ Холмамедов як шахсияти барҷаста аст. Ба вай даст дод, ки зебоиҳои сарзамини туркманҳоро тавассути мусиқиии хуб муаррифӣ кунад. Ӯ дигар қайди ҳаёт нест, аммо мусиқии вай ҳамоно зиндаву ҷовид аст. Вай дар садри мусиқии имрӯзаи Туркманистон қарор дорад”.

Қабл аз он ки Холмамедов бо дидгоҳи тозааш ба ҳунари оҳангсозии миллӣ ворид шуд, ҳама осори мусиқӣ дар Туркманистон асосан бо асбоби миллии дутор эҷод мегардид. Ва саҳми муҳими ӯ дар ин буд, ки барои нахустин бор торҳои мусиқии миллиро барои иҷрои оркестри симфонӣ мутобиқ гардонда ҳосили ин ҳунари худро дар беруни кишвар муаррифӣ кард. Дар синни 22-солагӣ маъруфияти беандозаро ба ӯ филми “Шукур-бахшӣ” ато кард, ки бар пояи оҳангҳои ӯ эҷод шуда буд.

Ҳам намоишнома ва ҳам оҳангҳои ин филм то имрӯз аз шоҳкориҳои фарҳанги миллии Туркманистон маҳсуб мешаванд. Баъди ин ӯро ба ҳамкорӣ дар филмҳои дигари бадеӣ, ба мисли “Тасмими қотеъ”, “Кечпелек” ва “Махтумқулӣ” даъват мекунанд. Ин филмҳо имрӯз ҳам чун классикаи осори замонавӣ ҳисоб мешаванд. Дар эҷодиёти ӯ инчунин чандин оҳанги муваффақи дигар ба матнҳои шоирони русу ҷопониву олмонӣ ҳам маҳфуз аст.

Оҳангсозони замони имрӯзи Туркманистон мегӯянд, ҳунару истеъдоди Холмамедов бесобиқа будааст. Рим Ҳасанов яке аз онҳост: “Нурӣ Холмамедов ҳамеша таваҷҷӯҳи оҳангсозонро бо замири пурнирӯву рӯшанаш ба худ ҷалб мекард. Ӯ як шахсияти хеле пурнур буд. Зербинои оҳангҳои ӯ ҳарчанд миллӣ буданду туркман будани ӯро нишон медоданд, аммо худи оҳангаш арзиши ҷаҳонӣ дошт”.

Дар Туркманистон, ки аз замони Туркманбошӣ одат аст ҳама идҳои хурду бузург – аз рӯзи истиқлолият сар карда то рӯзи харбузаро бошукӯҳ ва ба таври расмӣ таҷлил кунанд, аммо дар бораи зодрӯзи як шахсияти муҳими фарҳангии кишвар фаромӯш кардаанд. Вале муҳимтар аз ин, мегӯянд мунаққидон, ин аст, ки мусиқиву мероси ҳунарии ин шахсияти заҳматкаш ва ҷавонмарг фаромӯш нашавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG