Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ дар Ванкувери Канада то рӯзи 28-уми феврал идома хоҳанд кард. Баъди натиҷагирии чордаҳ рӯзи бозиҳо намояндагони 26 кишвар медалҳои олимпӣ ба даст овардаанд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 32 медал - 8 нишони тилло, 12 нуқра ва 12 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ боз ба ҷои аввал баромад. Олмон бо касби 26 медал – 8 тилло, 11 нуқра ва 7 биринҷӣ ба ҷои дуввум фуромад. Канада, ки ҳамагӣ 16 медал - 8 тилло, 6 нуқра ва 2 нишони биринҷӣ дорад, мисли пешин дар ҷои сеюм мебошад.

Дар маҷмӯъ, то ҳоло варзишгарони 17 кишвари олам ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Ванкувер даст ёфтаанд. Ба ғайр аз 3 дастаи пешсаф, ҳамчунин, намояндагони Норвегия, Швейтсария, Кореяи Ҷанубӣ, Австрия, Чин, Шветсия, Русия, Нидерланд, Фаронса, Австралия, Ҷумҳурии Чех, Беларус, Словакия ва Бритониёи Кабир бо медалҳои тилло сарфароз шудаанд.

Аз собиқ кишварҳои шӯравӣ Русия 13 медал – 3 тилло, 4 нуқра, 6 биринҷӣ (ҷои 10-ум), Беларус 3 медал – 1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ (ҷои 15-ум), Латвия 2 медали нуқра (ҷои 20-ум), Қазоқистон (ҷои 25-ум) ва Эстония (ҷои 25-ум) ҳар кадом 1 медали нуқра ба даст овардаанд.

Мавқеи кишварҳо аз рӯи медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ


Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG