Пайвандҳои дастрасӣ

Як муҳоҷири афғони муқими Амрико ба тарҳрезии ҳамлаи худкушонаи террористӣ дар метрои Ню Йорк ҳамчун посух ба ҷанги таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон айбдор шудааст.

Наҷибуллоҳ Ҷаҷӣ рӯзи душанбе ҳамчунин дар Додгоҳи федероли Амрико иқрор кардааст, ки нақша дошт, худро дар Манҳеттен шаҳид кунад, то таваҷҷӯҳи оламиёнро ба ҳалокати аҳолии осоишта аз дасти низомиёни Амрико дар Афғонистон ҷалб намояд.

Додситони кулли Иёлоти Муттаҳида, Эрик Ҳолдер, гуфт, Ҷаҷии 25-сола ба се ҷурм муттаҳам мешавад. Инҳо: "тавтеачинии истифода аз силоҳи қатли ом бар зидди мардум ё моликияти Иёлоти Муттаҳида, нақши куштор дар кишвари хориҷӣ ва таъмини пуштибонии модӣ ба Ал-Қоида."

Ҳолдер гуфт, агар нақшаи Ҷаҷӣ ба иҷро мерасид, ин ҷиддитарин ҳамлаи зидди Амрико мебуд дар давраи пас аз ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001.

Вай афзуд, мақомоти интизомии Амрико замоне аз тавтеа огоҳ шуданд, ки нақшаи Ҷаҷӣ дар ҳоли иҷро буд, аммо вай аллакай
зери назар ва пайгард қарор дошт: "Шубҳае нест, ки ҷони амрикоиҳо ҳифз карда шуд. Ин пажӯҳиш идома дорад ва мо шабонарӯзӣ кор мекунем, то ҳам дигар ширкаткунандагони тавтеаро боздошт кунем ва ҳам бо дарёфти маълумоти иктишофӣ аз тавтеаҳои дигар ҷилавгирӣ намоем."

Имоми масҷиди шаҳри Ню Йорк, Аҳмад Афзалӣ, ва ду ҳамсинфи давраи мактаби миёнаи Ҷаҷӣ низ дар робита бо қазия айбдор шудаанд.

Ҷаҷӣ дар хурдсолӣ сокини минтақаи Куинси Ню Йорк шуд ва мактабро дар ҳамин ҷо хатм кардааст. Вай аз намозгузорони масҷиди Афзалӣ буд, ки худро имоми Амрикогаро меномад ва дар пажӯҳишҳои гузашта бо полис ҳамкорӣ кардааст. Дар ин парванда Афзалӣ ба он айбдор мешавад, ки Ҷҷаиро аз зери назари полис будан огоҳ сохтааст.

Ҷаҷӣ ба муфаттишон гуфтааст, ки дар соли 2008 вай бо чанде аз дӯстонаш ба Покистон сафар кард, то аз он ҷо вориди Афғонистон шуда, "дар як саф бо Толибон зидди Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои он биҷангад." Бино ба иқрори Ҷаҷӣ, нафарони Ал-Қоида дар Покистон аз ӯ хостанд, ба Иёлоти Муттаҳида баргардад ва дар ин ҷо амалиёт анҷом бидиҳад.

Муфаттишон мегӯянд, Ҷаҷӣ дар тамрингоҳи Ал-Қоида дар Покистон тарзи сохтани бомбаро омӯхт ва дар компютери лептопаш навиштаҳое дар ин бора кашф шудааст. Ҳамчунин вай маводеро харидорӣ кардааст, ки ба маводи мавриди истифодаи ҳамларавон дар Лондон дар соли 2005 шабеҳ будааст.

Дар моҳи январ, мақомоти Иёлоти Муттаҳида ду ҳамсинфи Ҷаҷӣ -- Адис Медунҷанин, аслаш аз Буснӣ ва Заррин Аҳмадзай, аслаш аз Афғонистонро барои мошинронӣ бо суръати баланд боздошт карданд. Онҳо низ дар ҳамкории эҳтимолӣ бо Ал-Қоида гумонбар шуданд, вале ин иттиҳомот исбот нашуд.

Аз он ҷо ки додгоҳ мегӯяд, исботи айбномаи Ҷаҷӣ зимни ризоияти додситонҳо ва ҳимоятгарон имконпазир шудааст, бармеояд, ки вай бо пажӯҳишгарон ҳамкорӣ кардааст. Дар ҳоли маҳкум шуданаш, Ҷаҷӣ бо ҳабси абад рӯбарӯ хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG